Дар барномаи солинавие, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ, дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон, Русия, Ҷумҳурии Чех омода карданд, меҳмононе ҳузур доранд, ки дар расонаҳои дигар садояшонро бисёр кам мешунавед ва ё бисёр кам мебинед.
Меҳмононе ҳузур доранд, ки барои хидмат ба садҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷик дар Русия камар бастаанд, меҳмононе ҳастанд, ки мехоҳанд, соли оянда «дунёро дигар кунанд» ва ё ҳадди аққал зиндагии як нафарро дигар созанд. Меҳмононе ҳастанд, ки амалкардашон ҷанҷоли зиёде барангехтааст, муддатҳои тулонӣ сари забонҳо будаанд. Барномаи яксоатаи солинавии Радиои Озодӣ аз ду бахш иборат аст ва ин барномаи хубро аз даст надиҳед.
Бахши дуввуми барномаи солинавии Радиои Озодиро инҷо бубинед: