"Буридани арча ва гузоштани ягон намуди арча, истифодаи ҳама гуна маводи пиротехникӣ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ, сайру гашт ва дар тарабхонаҳо ташкил намудани чорабиниҳои солинавӣ дар муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ аст."
Ин дастур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар иртибот ба фарорасии Соли нави мелодӣ дода шудааст. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз 25 то 31 декабр ва 1 январи соли 2016 аз ҷумлаи шахсони масъул навбатдорӣ бояд ташкил гардида, оид ба масъалаи амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятии зиддисӯхтор дар муассисаҳо чораҷӯӣ карда, дар мавриди таҷлили ин ҷашн аз ҷониби хонандагон ва омӯзгорон тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои солинавӣ табдирҳое, чун таҳияи рӯзномаи деворӣ, баргузории маҳфилҳои адабӣ, фарҳангӣ ва бозиҳои варзиширо тавсия додааст.
Дастури вазорати маориф дар бораи манъи истифодаи арчаи солинавӣ ва зиёфатҳои солинавӣ дар ҳолест, ки бино ба мушоҳидаҳо, таҷлили расмии Соли нав, ки дар замони Шӯравӣ яке аз идҳои муҳим шинохта мешуд, дар солҳои охир дар Тоҷикистон хеле камрангтар шудааст.
Аммо агар дар гузашта камранг шудани таҷлили ин ид дар Тоҷикистонро бештар ба мизони мазҳабишавии ҷомиа ва дар раддабандии идҳои расмӣ ҷойгоҳи болотар пайдо кардани идҳои миллие, чун Наврӯз, бастагӣ медоданд, ҳоло, тавре ба назар мерасад, дар сатҳи расмӣ низ таваҷҷӯҳ ба таҷлили Соли нав дар Тоҷикистон камтар шудааст. Мақомоти ин кишвар ба ин далел ки Соли нав як ҷашни оилавист, дар ҳалқаи хонаводаҳо ҷашн гирифтани онро тавсия медиҳанд ва маблағгузориро ба маъракаҳои солинавӣ, ки дар солҳои қабл хеле бошукӯҳ таҷлил мешуд, солтосол коҳиш медиҳанд.
Айни тамоюл дар кишварҳои дигари пасошӯравии Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла ҳокими вилояти Самарқанди Узбакистон Зоир Мирзоев ахиран амр додааст, то рӯзи 31 декабр тамоми ошхонаҳову тарабхонаҳои ин қаламрав дарҳои худро бубанданд. Ба навиштаи нашрияи шаҳрии “Самаркандский вестник”, Зойир Мирзоев дар як ҷаласа бахшида ба омодагиҳо ба Соли Нав гуфтааст, ки Соли Нав иди оилавист ва аз ин рӯ онро мардум бояд дар ҳалқаи хонаводаи худ ҷашн бигиранд.