Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар расонаҳо: Аз манъи арча то никоҳ аз тариқи Skype


Ҳаводиси Тоҷикистон дар расонаҳои олам имсол назар ба солҳои қабл бозтоби бештар ёфтанд. Миёни онҳо рӯйдодҳои дур аз тасаввур ва барои дигар кишварҳо «экзотикӣ» кам набуданд.

Иди Соли навро дар Тоҷикистон чун солҳои пеш ҷашн нахоҳанд гирифт – бо дастури вазорати маорифи Тоҷикистон оростани дастархони идона, оташбозӣ, тақдими тӯҳфаҳои солинавӣ ва гузоштани арчаҳои табииву сунъӣ дар мактабу донишгоҳҳои кишвар манъ шуд. The Gardian, чопи Лондон, бо нашри ин хабар таъкид кардааст, дар ҳоле, ки дигар пойтахтҳои шӯравии собиқро кайҳо боз арчаҳои боҳашамат оро медиҳанд, дар маркази шаҳри Душанбе фақат чанд рӯз пеш аз Соли нав арча гузоштанд ва қарор аст, ки он билофосила баъд аз ид бардошта шавад.

Таҷлили Соли нав дар Тоҷикистон, кишвари асосан мусалмоннишин ва аммо дунявӣ, чанд сол боз мавриди баҳси ҷонибдорону мухолифони ин ҷашн қарор дорад. Ба навиштаи рӯзнома, дар шаби соли нави 2012 дар шаҳри Душанбе як ҷавон бо либоси Бобои Барфӣ аз сӯи афроди ношинос кушта шуд.

Дигар идҳои барои фарҳанги тоҷикон “бегона” ҳам солҳои ахир зери фишоранд – кормандони милиса чанд сол боз афродеро боздошт мекунанд, ки дар Ҳелоуин либосҳои деву аҷинаву париҳоро мепӯшанд.

Ба ин фишору монеъагузориҳо Sky News ҳам ишора карда навиштааст, ки мушкили таҷлили баъзе идҳо баъд аз суқути шӯравӣ дар соли 1991 пайдо шуд. Аммо манъи ҷашн гирифтани Соли нав дар мактабу донишгоҳҳо – шояд сахттарин "муҷозот"-и иди “бегона” дар ду даҳсолаи ахир аст, гуфта шудааст дар матлаби Sky News.

Ҳаводиси Тоҷикистон дар расонаҳои олам имсол назар ба солҳои қабл бозтоби бештар ёфтанд. Миёни онҳо рӯйдодҳои барои дигарон «экзотикӣ»-ву аҷибулғароиб ва ҳатто "абсурд" кам набуданд..

ВАҚТЕ КИ РИШ ДАРДИ САР АСТ…

…Сесад сол баъд аз он ки Петри як дар Русия барои риш андоз муқаррар карда буд, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тарошидани ришҳо иқдом кард ва ба назар мерасад, ки ин як бахши маъракаи ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз нуфузи ислом дар ҷомеъаи Тоҷикистон аст. Рӯзномаи The Gardian матлаби худро ҳамин гуна шурӯъ карда, аз қазияи блогнавис Рустам Гулов ёдовар шудааст, ки ӯро кормандони милиса боздошт карданду маҷбуран ришашро тарошиданд. Ба таваҷҷуҳ ба мӯйҳое, ки дар он ҷо мушоҳида кардам, то ман риши 200-250 нафарро тарошида буданд, гуфтааст блогнависи тоҷик.

Охирин акси Умар Бобоҷонов дар бемористон
Охирин акси Умар Бобоҷонов дар бемористон

The Gardian аз марги шаҳрванди 23-сола Умар Бобоҷонов ҳам ёд овардааст, ки баъд аз латукӯби кормандони милиса аз олам даргузашт. Хонаводаи Умар мегӯянд, ӯро барои ришаш латукӯб кардаанд. Вазорати умури дохилаи Тоҷкиистон эълом дошт, ки дастури расмие дар бораи тарошидани риши мардум содир накардааст ва ду афсари милиса барои худсарӣ ҷазо ҳам гирифтанд. Аммо вазорат иқрор кардааст, ки кормандони милиса метавонанд мардони ришдорро нигаҳ доранд ва мутмаин шаванд, ки риши онҳо мутобиқ ба қоидаҳои гигиена аст, навиштааст рӯзнома.

Ҳамзамон The Gardian ишора мекунад, ки “риштарошон” дар пойтахт зиёд ба чашм намерасад. Диҷей Ҷавод Раҷабов гуфтааст, ки ҳарчанд ришу мӯйсари дароз ва дар гӯш ҳалқа дорад, ӯро кормандони милиса хело кам дар хиёбонҳо нигаҳ медоранд.

“Тоҷикистон. На ҳаҷ, на ҳиҷоб ва ...риши шуморо метарошанд” – нашрияи The Diplomat, чопи Ҷопон, дар матлабе бо ин сарлавҳа навиштааст, ки масоили мазҳабӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ аз сӯи давлат идора мешаванд - донишҷӯдухтарон ҳаққи пӯшидани ҳиҷобро надоранд, ҷавонони то 18-сола ба маросимҳои динӣ, ба ҷуз ҷаноза, роҳ дода намешаванд, баргузории ҷашнҳо, аз ҷумла, маросимҳои мазҳабие чун Мавлуди Паёмбар, танзим шудааст. Зиёда аз ин, назорати давлатӣ аз болои сару либоси мардум шадид шуда, чанд ҳодисаи маҷбуран тарошидани риши шаҳрвандон ҳам сабт гардид, навиштааст ин нашрия.

Рӯзномаи ҷопонӣ ба манъи зиёрати Каъба барои афроди то 35-сола ҳам ишора кардааст. Ин тасмим, аз як сӯ, бо коҳиши квотаи Арабистони Саъудӣ барои зиёрати Ҳаҷ рабт дорад ва, аз сӯи дигар, баёнгари тарси ҳукумат аз ҳарчӣ бештар ифротгаро шудани ҷавонони тоҷик аст, навиштааст хабарнигори The Diplomat.

ОНҲОРО SKYPE БА ВАСЛИ ҲАМ РАСОНД

Дар акси тӯёна Шоҳноза Идрисоваи 27-сола пироҳани сафед дар тан дорад ва хушдоманаш ба ӯ косаи обро дароз мекунад, маросиме, ки таври маъмул баъд аз ақди никоҳ сурат мегирад. Аммо дар акс домод нест, зеро ӯ ин лаҳзаҳо дар дигар гӯшаи олам - дар Тунис буд. The Gardian як матлаби бахши тоҷикии Радиои Озодиро дар он бора бознашр намуд, ки чӣ гуна сокини Душанбе Шаҳноза Идрисова маросими никоҳашро бо дилдодааш Парвиз, ки дар Тунис ба ҳайси тарҷумон кор мекунад, тариқи Skype анҷом дод.Шавҳари Идрисова яке аз садҳо ҳазор тоҷиконест, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд ва ин издивоҷ Skype-ро барои ҷуфтҳои ҷавони дур аз ҳамдигар маъруф мекунад, навиштааст The Gardian.

Яке аз аксҳои тӯёнаи Шаҳноза
Яке аз аксҳои тӯёнаи Шаҳноза

Шаҳноза ва Парвиз даҳ сол пеш бо ҳам аҳди дӯстӣ баста буданд. "Дар аввал гуфтем никоҳро телефонӣ анҷом медиҳем. Домулло розӣ нашуд. Бинобар ин ба хулосае расидем, ки никоҳро бо Skype анҷом диҳем. Парвиз аз он тарафи компютор нигоҳ мекарду ман аз ин тараф. Ҳарду бо садои баланд розигии худро додем," -- гуфтааст Шаҳноза.

The Gardian мегӯяд, айни ҳол дар бораи он ки чӣ теъдод аз ҷавонон тавассути Skype бо ҳам хонадор шудаанд, аммо ҳадди аққал панҷ оилаи ҷавон иқрор кардаанд, ки онҳо тавассути ин василаи мухобирот бо ҳам никоҳ кардаанд...

“THE TELEGRAPH”: ЗОДРӮЗИ "ХОТИРМОН"-И АМИРБЕК

Ҳадди аққал барои як шаҳрванди Тоҷикистон зодрӯзаш воқеъан хотирмон гардид. Амирбек Исоев на барои бедор кардани ҳамсояҳо аз ҳаёҳуи маҳфили зодрӯз, балки барои дар ҷои ҷамъиятӣ ҷашн гирифтани он дар додгоҳ муҳокима шуд, навиштааст нашрияи The Telegraph, чопи Лондон. Сокини 25-солаи пойтахт барои нақзи қонуни танзими расму ойинҳо дар ин кишвари шӯравии собиқ ба 400 фунт-стерлинг (4 ҳазор сомонӣ) ҷарима шуд.

Ба таъкиди The Telegraph”, Амирбек банди 8-и Қонун дар бораи танзими расму ойинҳои мардумиро халалдор кардааст, ки баргузории ҷашни зодрӯз берун аз хонаро манъ мекунад. Моҷаро баъди он сар зад, ки Амирбеку дӯстонаш дар “Irish Pub” ҷамъ омада бо худ торт оварданд. Аксҳои ин сӯҳбати дӯстонаро онҳо дар Фейсбук гузоштанд ва маҳз ин аксҳо боиси ифтитоҳи парванда алайҳи Амирбек шуданд. Ҳарчанд пешхизматҳо таъйид карданд, ки ягон хел шамъу нӯшбодгӯии хоси зодрӯз набуд, додгоҳ дар бораи ҷаримаи Амирбек тасмим гирифт.

Амирбек Исоев
Амирбек Исоев

Нашрияи “Global Post” ҳам дар матлабе бораи ин ҳукми бесобиқаи додгоҳ бо истеҳзо навишт, агар шумо зодрӯзатонро дар Тоҷикистон ҷашн гирифтанед, беҳтар аст, ки аз ҳоло онро лағв кунед. Исоев барои таҷлили зодрӯз берун аз манзил ба тақрибан 600 доллар ҷарима шуд, ки аз маоши миёна дар ин кишвари фақиру дур аз баҳр тақрибан чаҳор маротиба бештар аст, навиштааст ин нашрия.

Муаллиф порае аз гуфтаҳои Амирбек Исоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодиро овардааст, ки "пештар фикр мекардам қонуни танзими расму ойинҳо алайҳи онҳоест, ки дар баргузории маъракаҳо ба исроф роҳ медиҳанд, яъне пулчошӣ мекунанд". Мардуми сарватманд ба ҳамон гунае, ки буд, маърака меороянд, вале мардуми бесоҳибро рӯз намедиҳанд, афзудааст Амирбек.

“БАЪДИ РИШУ ҲИҶОБ НАВБАТИ НОМҲОИ АРАБӢ РАСИД”

World Bulletin, чопи Истамбул, баъди қарори парлумони Тоҷикистон дар бораи манъи номҳои арабӣ матлаберо бо ин сарлавҳа нашр шуд. Ба иддаои нашрия, ин як бахши маъракаи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки мардҳои мусалмонро барои риштарошӣ маҷбур месозад, ба кӯдакон иҷозаи вуруд ба масоҷидро намедиҳад, масҷидҳоро мебандад ва ҳазорон толибилмонро аз мактабҳои исломии кишварҳои хориҷӣ ба кишвар бармегардонад.

Акнун қонунбарорҳо рӯи манъи номҳои арабӣ тамаркӯз кардаанд, навишааст World Bulletin. Муаллиф бо такя ба як матлаби The Guardian ва бо ишора ба сӯҳбати як мансабдори вазорати адлия бо Интерфакс навиштааст, ки парлумон қарори манъи номҳои арабиро баъд аз дастури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ кард. Аз ин баъд номҳои барои фарҳанги маҳаллӣ бегона, номи ҳайвоноту наботот ва номҳои арабӣ ҳангоми сабти ном қабул намешаванд, гуфтааст корманди вазорати адлия Ҷалолиддин Раҳимов.

Рӯзномаи покистонии The Express Tribune дар матлабе оид ба манъи номҳои арабӣ дар Тоҷикистон аз баста шудани масҷидҳои мустақил ва ҳимояти давлат аз масҷидҳое, ки имом-хатибҳояшон ҳангоми амри маъруф ба президент ҳамду сано мехонанд, ёдовар шуда гуфтааст, аҷиб он аст, ки номи худи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ ё Имом Алӣ арабӣ ва номи домоди Паёмбар Муҳаммад (с) ва халифаи чаҳоруми сунниҳову халифаи якуми пайравони мазҳаби шиа аст...

Расонаҳои хориҷӣ навиштаанд, кор то ҷое расидааст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳатто шиштухези мусалмонҳо дар намозро ҳам назорат мекунанд. Онҳо суханронии як масъули вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар масҷидро намуна овардаанд - ӯ гуфтаст, онҳое, ки аз байни намоз хеста баромада мераванд, аъзои гурӯҳу созмонҳои ифротӣ шинохта ва ҳатман муҷозот мешаванд.

Зоҳиран ишораи афсари милиса ба пайравони ҷараёнҳое буд, ки маъмулан ду ракъат фарзи намози ҷумъаро хонда, то он ки чор ракъати суннат хонда шавад, аз масҷид берун мешаванд. Баъзеҳо мегӯянд, шояд мақомот дар тарки барвақти намоз падидае аз эътирозро диданд, зеро, таври маъмул, дар поёни намоз имом-хатибҳо дар ҳаққи раҳбари аввали кишвар дуо мекунанд. Бо ишора ба ин як корбари Фейсбук бо таассуф навиштааст, ба назар мерасад, ки Тоҷикистон ҳарчӣ бештар ба Абсурдистон табдил мешавад...

XS
SM
MD
LG