23 соли пеш, дар ҳамин шабу рӯз, Акбаршоҳ Искандаров -- раиси пешини Шӯрои олӣ, ки ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон буд, ба карйераи раҳбарияш дар кишвар хотима гузошт ва роҳро барои ба қудрат расидани президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон боз кард. Аммо баъд аз ин комилан аз сиёсат дур нашуд ва то замони бознишастагӣ карйераи худро дар дипломатия идома дод. Ӯ чандин сол сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва дертар намояндаи Душанбе дар Қазоқистон буд.
Ҳоло Искандарови 64-сола вазифа ва мансаби расмӣ надорад ва ба дунболи берун шудан аз майдони сиёсат дар соли 2010, дигарбора рӯй бар он сӯй нагардонд. Ӯ набардҳои сиёсиро ба афсонахонӣ ба
фарзандони хурдсол ва наберагонаш иваз кард. Зеро пас аз панҷ соли марги ҳамсари аввалаш дубора хонадор шуд ва ҳоло ду писари ноболиғро зери тарбияти худ дорад.
Аммо то расидан ба ин рӯзҳое, ки масъулияти тарбияти ду фарзанди ноболиғ бар ӯҳдааш бошад, 23 соли пеш дар ин рӯзҳо, масъули сарнавишти як миллат ва як кишвар бо номи Тоҷикистон буд. Ин масъулиятҳои Акбаршоҳ Искандаров, соли 1991, замони пирӯзии Раҳмон Набиев дар интихоботи президентӣ бар Давлат Худойназаров шурӯъ шуданд.
Пас аз моҳи майи соли 1992, ки ҳукумати Раҳмон Набиев фалаҷ шуд ва Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ печида ва манотиқи махсусан ҷануби кишвар дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт, Акбаршоҳ Искандаров бо гуруҳи вакилон барои тавзеҳи вазъ ба минтақаи Кӯлоб сафар кард. Он замон бо дахолати Русия ҷаноби Искандаров ва гурӯҳи вакилон ба Душанбе баргардонда шуданд. Дар ин кор саҳми бевоситаи собиқ дивизия ва ҳоло пойгоҳи 201-уми Русия буд. Дивизияе, ки Тоҷикистон онро ба сифати мероси Шӯравӣ маҳз дар он рӯзҳо натавонист ба даст биёрад. Ҳарчанд ба қавли Акбаршоҳ Искандаров, пас аз гуфтугӯҳо бо раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин дар он рӯзҳо санадҳои зарурӣ омода шуда буд.
24 октябри соли 1992, дар он рӯзҳое, ки Акбаршоҳ Искандаров раиси Шӯрои олиии Тоҷикистон ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон буд, нерӯҳои зери раҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе ҳамла карданд. Мақомоти қудратии Тоҷикистон ба ин нерӯҳо ҳеч муқобилият накарданд ва раҳбарияти кишвар, ки ҳеч пуштибон надошт, иҷборан фирор карданд.
Бо мушкилоти зиёд Искандаров ва ҳамроҳаш худро ба Вазорати корҳои дохилӣ расониданд ва пас аз суҳбату дахолати Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ва баъдан муқобилияти нерӯҳои оппозитсионӣ артиши Кенҷаев тарки Душанбе кард. Аммо вазъи сиёсии кишвар дар он рӯзҳо бадтар мешуд ва зарурати даъвати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон пеш омад. Иҷлосияе, ки ба карйераи раҳбарии Акбаршоҳ Искандаров дар Тоҷикистон хотима гузошт ва раисиҷумҳури феълиро сари қудрат овард.
Акбаршоҳ Искандаров ҳоло берун аз сиёсат фурсати бештар барои фаъолияти эҷодӣ дорад. Китобхониву китобнависӣ аз машғулиятҳои аслии ӯ боқӣ мондааст ва бовар дорад, ки таҷрибаи корӣ, махсусан раҳбариаш дар замони мушкилтарин барои Тоҷикистон ибратомӯз аст. Ин таҷрибаи ҷаноби Искандаров ҳарчанд талх буд, шояд метавонад барои насли баъдии раҳбарикунанда муваффақияте тақдим кунад.