Падари Давлати Худоназар - Худоназар Мамадназаров дар замони Шӯравӣ шаҳрдори Душанбе буд, ҳамоне, ки дарахтҳои ба истилоҳ русиро дар Душанбе бо чанорҳо иваз кард. Аммо ӯ дар хонаводаи падарандараш Меҳрубон Назаров, вазири вақти фарҳанги Тоҷикистон ва падари Далер Назаров, ба воя расид ва мегӯяд, ин қадар алоқааш ба фарҳанг аз ҳаминҷост.
Давлат аз хурдӣ ба синамо дил баст ва ҳанӯз 14 сол дошт, ки ба ҳайси ёвари наворбардор Николай Олеоновский дар таҳияи «Қисмати шоир» дар «Тоҷикфилм» дастбакор шуд. Ӯ соли 1965 риштаи наворбардори синамои ВГИК – Донишкадаи синамои Маскавро хатм кард, вале филми нахустини дипломиаш «Алла»-ро мошини бераҳми сонсури Шӯравӣ нафақат ба экран роҳ надод, балки тамоми нусхаҳояшро сӯзонд.
Сафарбеки Солеҳ, коргардони синамо ва аз шогирдони Давлати худоназар мегӯяд: «Нахустин кори эҷодиаш «Алла» буд. Вақте баргашт аз Маскав, рафт, ин филмро дар Бадахшон бардошт. Вақте филм тамом шуд, онро бастанд. Чунки ба сиёсати вақт дуруст намеомад. Ҳокимони коммунисти Тоҷикистон ҳатто гуфтанд, ки ин чӣ хел аст, ки дар СССР заминро бо трактор неву бо говҳо шудгор мекунанд?»
Худи Давлати Худоназар қазияи манъи "Алла"-ро дар сӯҳбаташ бо Озодӣ чунин қисса кард : «Он вақт расм буд, ки дар филмҳо пешрафтҳои замони Шӯравиро тасвир кунанд. Аммо ман ҳақиқати ҳолро рӯи навор овардам. Инро ба боло воҳима карда, расонданд. Раҳбарони ҳизби коммунист, аз ҷумла котиби якуми СеКа Ҷаббор Расулов омаданд, филмро диданд ва манъ карданд. Баъдан фаҳмидам, ки тамоми нусхаҳояшро сӯзондааанд.»
Фарзияи видеоии ин гузоришро дар саҳифаи Озодивидео дар Ютюб дар ин нишонӣ тамошо кунед:
https://www.youtube.com/watch?v=yLRsOd11T_s&list=UUyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A
)
Агар дар тамошои ин навор мушкиле пеш омад, инҷо биравед:
Аз мактаби Кимиёгаров то "Нисо" ва "Марди роҳ"
Давлати Худоназар ибтидо дар «Тоҷикфилм» ҳамчун наворбардори тавоно барои худ ном сохт. «Ҷӯра-саркор» (соли 1969)-и коргардон Марворид Қосимова ва «Асрори оилавии оилаи Ғайюровҳо»(1975)-и Валерий Аҳадов, яке дигар аз шоҳкорҳои «Тоҷикфилм»-ро маҳз Давлати Худоназар рӯи навор овардааст. Вале бештар аз ҳама оператории ӯ дар «Достони Рустам», «Достони Рустам ва Сӯҳроб»(соли 1971) ва «Достони Сиёвуш»(1976) - 3 шоҳасари коргардони шӯҳратёр Борис Кимиёгаров бар пояи достонҳои безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсист, ки номи Давлати Худоназарро ҳамчун оператор дар таърихи синамои тоҷик сабт мекунанд.
Баъди гузаштан аз мактаби Кимиёгаров Давлати Худоназар соли 1979 нахустин филми худаш «Нахустин субҳи ҷавонӣ (соли 1979)-ро , ки бо номи «Нисо» маъруфтар аст, ва соли 1982 филми «Марди роҳ» (номи русиаш – «В талом снеге звон ручья»)-ро берун овард. Ин ду филм Давлати Худоназарро, ки дар соли таҳияи «Нисо» ҳамагӣ 35 сол дошт, ба ҳайси як коргардони навҷӯ ва навпардоз муаррифӣ карданд. Сафарбеки Солеҳ, коргардони синамо мегӯяд: «Филми «Нисо»-ро то ҳол дар тамоми ҷаҳон тамошо мекунанд. Хеле олӣ таҳия шудааст. Як филми дар воқеъ ноб аст.»
Давлати Худоназар дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар асл ӯ дар синамо дунболи равияе мегашт, ки аз равияи Кимиёгаров хеле фарқ дошт: «Вақте бо Кимиёгаров кор мекардам, хеле баҳс мекардем. Ва вақте навбати таҳияи филмҳо ба худам расид, кӯшиш кардам, ки ба фарҳанги миллӣ наздик бошад. Аз ҳамон романи Павел Лукнитский ҳам, ки як асари сирф пропагандистӣ буд, хеле заҳмат кашидам, ки як чизи диданӣ ба даст биояд.»
Се соли пуршӯр дар сиёсат
Оғози солҳои 80 давроне буд, ки дар байни халқҳои Шӯравӣ, бахусус дар зеҳни қишри равшанфикраш таҳаввулоти фикрии азиме дар заминаи ҳимоят аз арзишҳои миллӣ ба вуҷуд меомад. Давлати Худоназар ҳам худро ба ин дарё зад ва бо чанд филми мустанад, аз ҷумла «Тавлид» (соли 1984) , филме бахшида ба 60-солагии таъсиси Тоҷикистон, «Сарчашмаҳо» (1985) ва «Устод» (соли 1987), бахшида ба 100-солагии Абулқосим Лоҳутӣ, худшиносии миллиро ба як мавзӯъи асосии синамои тоҷики солҳои 80 ва Иттиҳодияи синамогаронро, ки соли 1986, баъди оғози бозсозии Михаил Горбачёв раисаш интихоб шуд, ба яке аз марказҳои умдаи озодандешии Тоҷикистони он даврон табдил дод.
Ва дар ҳамон солҳо ӯ ба сиёсат пайваст. Давлати Худоназар мегӯяд: «Ман худам ба сиёсат нарафтам, балки муҳит маро маҷбур кард. Нафақат филми аввали ман – «Алла»-ро манъ карданд. Филми охири ман «Устод» ҳам бояд дар ҷашни 100-солагии Лоҳутӣ намоиш дода мешуд, вале онро низ иҷозат надоданд. Барои ҳар як филмам чунин мушкил эҷод мешуд. Ва ман беихтиёр ба сиёсат рафтам.»
Соли 1989 ӯ дар нахустин интихоботи алтернативӣ ва нисбатан озод дар Шӯравии пешин аз ҳавзаи Бадахшон вакили мардум интихоб шуд ва дар парлумони СССР ба гурӯҳи байниминтақавие пайваст, ки вакилони мухолиф, бо шумули раҳбари баъдии Русия Борис Елтсин ва академики дигарандеш Андрей Сахаровро дар муқобили аксарияти муҳофизакор коммунист муттаҳид мекард. Шӯҳрат ва нуфузи Давлати Худоназар дар сатҳи Шӯравӣ ба ҳадде баланд рафта буд, ки соли 1990 раиси Иттиҳодияи синамогарони СССР интихоб шуд.
Агар Давлати Худоназар пирӯз мешуд...
Мавқеъи фаъоли Давлати Худоназар ҳам аз минбари парлумон дар Маскав ва ҳам ба ҳайси миёнарав дар ҳалли бӯҳронҳои сиёсии феврали соли 1990 ва тирамоҳи соли 1991 дар Душанбе Давлати Худоназарро ба унвони як раҳбари ислоҳталаб ва мардумхоҳ муаррифӣ карданд ва дар тирамоҳи соли 1991, вақте Шӯравӣ барҳам хӯрд ва раҳбари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафт, эътилофи нирӯҳои демокративу исломӣ ҳама умеди худро ба ӯ баставу дар нахустин интихоботи мустақими раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ҳамроҳ бо Аслиддини Соҳибназар, яке дигар аз чеҳраҳои саршиноси он даврон ба унвони ноиб номзад карданд.
Вале дар ин интихобот аз байни 10 номзад собиқ котиби якуми ҳизби коммунист Раҳмон Набиев баранда шуд. Бино ба ҳисоби расмӣ, Давлати Худоназар 30 дарсад раъй гирифт, ҳарчанд ӯ то ҳол мӯътақид аст, ки бояд ӯву Набиев ба даври дувум мерафтанд. Давлати Худоназар мегӯяд: «Баъдан нафарони наздик ба президенти СССР Михаил Горбачёв гуфтанд, ки идораҳои махсуси Тоҷикистон онҳоро тарсондаанд, ки агар Давлати Худоназар президент шавад, исломиҳо ӯро канор зада, худ ба қудрат мерасанд. Дар асл ин дурӯғ буд, албатта.»
То ҳол дар маҳофили Тоҷикистон фикре матраҳ аст, ки агар интихоботи соли 1991 на бо пирӯзии тими кӯҳнагарои Набиев, балки бо ғалабаи Давлати Худоназар ва Аслиддин Соҳибназар анҷом меёфт, шояд аробаи таърихи ин кишвар самти дигаре мегирифт ва он ҳама бадбахтиву ҷангу хуне ки дар солҳои 90 шоҳид шудем, ба сари Тоҷикистон намеомад.
Аз нишасти хабарии номзадҳо ба интихоботи соли 1991:
«Хабарнигор: Агар шумо раисиҷумҳур шавед, тартиботро бо кадом роҳ ҷорӣ мекунед? Бо истифодаи қувва ё бо роҳҳои дигар?
Давлати Худоназар: Бо роҳи демократӣ, аз рӯи қонун.»
Худи ӯ мегӯяд, заррае аз худ дареғ намедошт, ки дар Тоҷикистон ҷанг нашавад. Аммо муаррихи тоҷик Нуралии Давлат мегӯяд, таърих агару магар надорад: «Номзадҳои шабеҳи Давлати Худоназар дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ ба пирӯзӣ расиданд. Барои мисол, Абулфазл Элчибой дар Озарбойҷону Звиад Гамсахурдиа дар Гурҷистон. Вале азбаски нахостанд бо доираи Русия бирақсанд, Маскав онҳоро зуд суқут дод ва ба ҷои онҳо раҳбарони собиқи ҳизби коммунист Ҳайдар Алиев ва Эдуард Шеварднадзеро овард. Фикр мекунам, Маскав Давлати Худоназарро ҳам, агар ғалаба мекард, ҳатман канор мезад.»
Дар тобистони соли 1992, вақте дар ҷануби Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ дар гирифт, Давлати Худоназар ба ҳайси миёнарав барои оштӣ додани тарафҳо хеле ҷадал кард ва дар ҳукумати Акбаршоҳ Искандаров, ки баъди барканории Набиев муваққатан раҳбарии кишварро ба даст гирифта буд, котиби давлатӣ ҳам таъин шуд.
Нуралии Давлат мегӯяд: «Вале ин дигар замоне буд ки кор аз кор гузашта ва ҷонибҳои даргир, ҳатто мухолифин, ба самимияти талошҳои ӯ бовар надоштанд. Раҳо кардани Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим, ду раҳбари тазоҳуроти майдони Озодӣ, ки баъдан дар Кӯлоб муқовимати мусаллаҳона алайҳи ҳукумати муросои миллиро ташкил карданд, иштибоҳе шуд, ки таъсир ва нуфузи Давлати Худоназарро камранг кард ва миссияи ӯ ноком шуд.»
Давлати Худоназар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар канори Хуҷандро, ки ба гардишҳои пуршӯри соли 1992 поён дода, Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат овард, бештар ҳамчун як тамошобин тамошо мекард ва баъди ин иҷлосия аз Тоҷикистон рафт.
Баъди соли 1992 ва то имрӯз
Баъди он Давлати Худоназар дигар аз сиёсат даст шуст. Танҳо як дафъа, дар соли 1997 дар музокироти Эмомалӣ Раҳмон бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хусдеҳи Афғонистон зоҳир шуд, вале боз ҳам бештар ба унвони як нозир. Тарафдорони собиқаш то ҳол аз ӯ барои ин озурдаанд, ки баъди соли 1993 дар бораи он ҳама бедодгарие, ки дар Тоҷикистон гузашт, боре садо баланд накард, аз мардуме ки соли 1991 бо ҳазорон умед барои ӯ овоз доданд, дифоъ накард.
Давлати Худоназар баъди ҳиҷрат ду сол ҳамчун муҳаққиқи сулҳ дар Амрико кор кард ва сипас баргашт ба Маскаву то ҳол инҷо ба сар мебарад. Баъди соли 1992 аз Давлати Худоназар танҳо як филми мустанади видеоӣ дар даст аст бо номи «Орзуи истиқлол», ки соли 1995 дар Амрико таҳия шудааст, вале дар Тоҷикистон маълум нест. Ӯ ҳамин тавр, дар соли 2013 китоберо дар бораи экспедитсияи мардумшиноси маъруфи рус граф Алексей Бобринский бо номи «Памирские экспедиции графа А.А.Бобринского 1895 - 1901 годов» ба чоп расонд.
Ҳамсари Давлати Худоназар Гавҳар Ҷӯраева, духтари профессор Қандил Ҷӯраев ва набераи овозхони шӯҳратёр Акашариф Ҷӯраев, аз муассисони созмони «Муҳоҷират ва қонун» аст, ки дар Маскав ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, машғул аст. Давлати Худоназар мегӯяд, ҳоло ба ҳамсараш дар ин кори савоб кумак мекунад. Ӯ ду фарзанд дорад. Духатараш Анаҳит дар Амрико ба сар мебарад, писараш ҳамроҳи онҳо - дар Маскав.
Бо чунин ҳолу чунин собиқае Давлати Худоназар ба синни 70 мерасад. Марде ки бо нияти поктар кардани дунёи ғализи дар поёни солҳои 80 пой ба ин дунё гузошт, вале баъди ҳамагӣ 3 сол, дар поёни соли 1992 сари худро гирифту баргашт ба дунёи танҳоиии худ.
Вале назаре ҳам ҳаст, ки бо рафтан ба сиёсат Давлати Худоназар ҳамчун як коргардон худро ҳайф кард ва агар намерафт, шояд боз чандин шоҳкори дигаре аз ӯ ба ёдгор мемонд. Сафарбеки Солеҳ, коргардони синамо: «Албатта, хуб мебуд, ки Давлат дар синамо мемонд. Бо он қудрату истеъдод ва зарфияти эҷодие ки дошт, дар ҳамаҷо метавонист кор кунад. Бале, бо рафтани Давлат аз синамо, як сутуни асосии синамои тоҷик шикаст.»
Ҳамин тавр, фавҷи мардуми норозиву озурдае монд, ки ӯро ба беамалӣ баъди соли 1992 айбдор мекунанд. Аммо худи Давлати Худоназар мегӯяд, ба сурати умум аз зиндагиаш розист: «Баъзе мақсадҳо амалӣ шуд, баъзеаш нашуд, аз ҷумла тарҳи чандин филм. Вале умуман ман аз зиндагиам розиам.»
Сӯҳбати ихтисосии Радиои Озодӣ бо Давлати Худоназар дар саҳифаи Озодивидео дар Ютюб қобили тамошост:
https://www.youtube.com/watch?v=zblYsuBiZC8&list=UUyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A