Интихоботи Шӯрои Олии соли 1990, ки дар замони Шӯравӣ баргузор шуд, дар хотираҳо боқӣ намемонд, агар дар фазои озоди бозсозии горбачёвӣ баргузор намешуд ва ҳам чеҳраҳои баъдии муассир дар сиёсатҳои Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, Абдумаҷид Достиев, Тоҳири Абдуҷаббор, Сафаралӣ Кенҷаев, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Аслиддин Соҳибназаров, Ҳайдаршоҳ Акбаров ва дигаронро муаррифӣ намекард.
Ҳайдаршоҳ Акбаров, ки аз курсии раиси мақомоти иҷроияи ноҳияи Дарвоз ба узвияти Шӯрои Олӣ рафт, мегӯяд, то ва пас аз аз он дар Тоҷикистон интихоботе ба ин шаффофӣ ва демократӣ баргузор нашудааст. Ӯ мегӯяд,мунсифона баргузор шудани интихобот ҳам ба он хотир буд, ки пушти он худи ҳукумати қудратманди Шӯравӣ меистод:
“Интихоботи соли 90 анқариб ба ҳамон шевае гузашт, ки дар замони Шӯравӣ буд. Дар пайи бозсозиҳои горбачевӣ як наҳзат ва бедории миллӣ ба вуҷуд омада буд. Маскав ба мардум озодиҳои демократӣ қоил шуд ва ҳамин интихобот ба миён омад. Он парлумон ҳам як парлумони коммунистӣ буд. Аммо фарқаш дар ин буд, ки як идда равшанфикрон ва намояндагони дин ҳам ба он роҳ ёфтанд. Мо умедвор будем, ки ин низом сол ба сол такмил шуда, як парлумони миллӣ ба вуҷуд меояд. Аммо афсӯс, ки муваффақ нашудем. Ҳама баръакс шуд”.
Интихоботи парлумонии 26 феврали соли 1995, ки пас аз ба қудрат расидани ҳукумати ҷадиди Тоҷикистон таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, низ ба зоҳир демократӣ буд, аз ҷумла шахсиятҳои наздик ба мардумро ба парлумон овард, аз ҷумла дар 20 ҳавза аз 181 интихоботи такрорӣ баргузор шуданд ва барои 181 ҷой 354 нафар вориди сабқат шуда буданд. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо касби 60 ҷой собит кард, ки муҳимтарин ҳизби кишвар аст, аммо 113 ҷойро намояндагони мустақил гирифтанд. Ҳизби имрӯз ҳукмрони халқӣ – демократӣ он замон ҳамагӣ 5 курсии парлумонро соҳибӣ карда тавонист. Аҳзоби ваҳдати мардум (2 ҷой) ва навсозии иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон (1 ҷой) бори аввалу охир дар интихобот ширкат карданд.
Аммо дар таърих ин парлумонро “парлумони ҷангсолорон” ёд меоранд, зеро ба қавли огаҳони ҳол, 70 дарсади онро фармондеҳони Фронти халқӣ ё нафарони таҳти ҳимояи онҳо, назири Ғаффор Мирзоев, Қурбон ва Султон Чоловҳо, Хӯҷа Каримов, Сафаралӣ Кенҷаев, Сайвалӣ Ӯзбеков ва дигарон ташкил медоданд. Солҳои охир бархе ҳатто он парлумонро аз парлумонҳои баъдӣ беҳтар мешуморанд, зеро баррасиҳо дар он хеле озод ва демократӣ сурат мегирифтанд.
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки аз соли 1985 узви парлумони Тоҷикистон аст, он давраҳоро чунин ба хотир меорад:
“Дар парлумон ҳатто бо автомат менишастанд. Хӯҷа Каримов, мисли ҳамон Яндарбиеви чечен, дар сар кулоҳи қаракӯлӣ ва дар даст автомат дошт. Аз тарси ӯ касе суҳбат ҳам намекард. Чор рӯз парлумон меравад, ҳеҷ кас нест. Баъд кам-кам омаданд одамон, аммо ҳамоно касе дам намебаровард. То ин ки худораҳматии Қурбон Чолов боре аз ҷой хеста, ба мо – коммунистҳо муроҷиат кард: “Ҳой коммунистҳо, гап занед, охир! Касе намехӯрад шуморо!” Ҳамин тавр, дар парлумон суҳбатҳо сар шуданд...”
Соли 1999 пас аз имзои Созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва ИНОТ парлумони Тоҷикистон ба низоми нав - дупалатагӣ гузашт, ки то имрӯз фаъолият мекунад ва парлумони касбӣ муаррифӣ мешавад. Он Маҷлиси Олӣ ном дорад ва палати поёниро Маҷлиси намояндагон ва болоиро Маҷлиси Миллӣ мегӯянд. Интихоботи аввалини Маҷлиси намояндагон 27 феврали соли 2000 ва дар 11 ҳавза аз 41 интихобот такрорӣ баргузор шуд.
Ин интихобот “даврони тиллоӣ” – и Ҳизби халқӣ – демократиро асос гузошт, зеро аз 63 курсӣ 36 – тои онро ба даст овард. Аммо аз он замон суқути Ҳизби коммунист шуруъ шуд, ки дар қиёс бо интихоботии гузашта 47 ҷой кам, 13 курсӣ гирифт. Аз намояндагони мустақил дар қиёс бо 103 нафари қаблӣ, ҳамагӣ 10 нафар ба парлумони нав роҳ ёфтанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ аз ҳамон замон ду курсии меросиашро ба даст овард ва дигар натавонист бар ин рақам афзояд.
Дар интихоботи парлумонии соли 2005, ки 27 феврал баргузор шуд, Ҳизби халқӣ – демократии Эмомалӣ Раҳмон 41 курсӣ аз 63 ҷойи Маҷлиси намояндагонро ба даст овард. Номзадҳои мустақил, ки афроди рӯ ба ҳизби ҳукмрон унвон мешуданд, соҳиби 5 ҷой шуданд. Ҳизби коммунист 4 ва ҲНИТ 2 курсӣ гирифтанд. Аҳзоби демократ, адолатхоҳ, сотсиалист ва сотсиал - демократ умуман ба гирифтани ҷой муваффақ нашуданд.
Аммо дар пас аз интихоботи парлумонии 28 феврали соли 2010 Маҷлиси намояндагон бисёрҳизбитар шуд. Дар интихобот 8 ҳизб иштирок карданд. Аз рӯи руйхати ҳизбӣ 22 ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ 41 намоянда интихоб шуданд. Аксарияти курсиҳои Маҷлиси намояндагон 44 ҷойро ҲХДТ гирифт ва ба аҳзоби наҳзати исломӣ, коммунист, ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрӣ дуҷойӣ расид.
Аз нигоҳи бархе коршиносон, интихоботҳои солҳои 2005 ва 2010 бештар ба тағйири ҷой кардани мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтанд. Ба қавли онҳо, рисолати ҳар нафаре, ки пеши ҳукумат ба анҷом мерасид, бо нишони эҳтиром ба парлумон гусел мешуд ва пас аз хатми муҳлат бо ӯ барои ҳамешагӣ худоҳофизӣ мекарданд.
Мирзошариф Исломиддинов, ки аз соли 1999 то 2005 муовини сарвазир ва раиси шаҳри Исфара буд, соли 2005 вакили парлумон интихоб шуд ва соли 2010 умуман аз корҳои давлатӣ канор рафт. Аммо вай мегӯяд:
“Дар парлумон ҳам масъулиятҳои зиёде ҳастанд, ки барои онҳо роҳбарияти Ҳизби халқӣ – демократӣ нафарони масъулро дар интихоботҳо пешниҳод мекунад, зеро пас аз ин онҳо метавонанд ба вазифаҳои дигар сафарбар карда шаванд. Дар умум ҳеҷ ҷои хафагӣ нест, вазифа як чизи ҳамешагӣ нест.”
Аммо Шодӣ Шабдолов мегӯяд, Ҳизби коммунист тайи 25 соли ахир амалан дар парлумону ҳукумати Тоҷикистон шикаст нахӯрдааст, зеро ҳамаи онҳое, ки ҳоло сари коранд, аз мактаби ин ҳизб гузаштаанд.
Бо назардошти ду парлумони қаблӣ, коршиносон парлумонеро, ки моҳи марти соли оянда ташкил меёбад, як ниҳоди навтару беҳтар арзёбӣ намекунанд, зеро он ҳамоно бар пояи ҷойбаҷойгузории кадрҳои ҳукумати кунунӣ ба вуҷуд меояд ва дастурҳо аз болоро бидуни чунучаро иҷро мекунад. Инро аз як нигоҳ дуруст меҳисобанд, зеро дар қиёс бо парлумонҳои солҳои 1990 ва 1995 саркашу ҷанҷолӣ нест ва барои созандагӣ мусоидат мекунад. Аз нигоҳи дигар, ҳамон парлумоне хоҳад буд, ки аз раъйи мардум ҳам ба вуҷуд намеояду онро ҳам намояндагӣ намекунад...