Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Тоҷикистон ба ҳар ҷойи дунё – як соат бо таъхир


Ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон расман эълон кард, ки аз ин ба баъд тӯли парвози ҳамаи ҳавопаймоҳояш аз Душанбеву Хуҷанд ба хориҷа як соат дарозтар хоҳад шуд. Барои мисол, агар дар гузашта парвози ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз фурудгоҳи Душанбе то Истанбул тақрибан панҷ соат тӯл дошт, ҳоло шаш соатро дар бар мегирад.

Чунин вазъият танҳо баъд аз расидани маводи сӯхт ба ихтиёри ширкати таъминкунандаи сӯзишвории фурудгоҳи Душанбе аз байн хоҳад рафт.
Шералӣ Ганҷалзода

Масъулони ширкат бо нашри як эълони расмӣ ин вазъро "ба камбуди сӯзишворӣ ё керосин дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд" рабт доданд. Онҳо гуфтанд, ба ин хотир маҷбур ҳастанд, ки барои пур кардани сӯзишворӣ дар шаҳри дигар, аз ҷумла Тарази Қазоқистон фуруд оянд. Навбатдори "Сомон Эйр" рӯзи 6-уми сентябр гуфт, ки вазъ тағйир наёфтааст.

Шикоятҳо як сол боз вуҷуд дошт

Тақрибан як сол боз даҳҳо мусофири ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, аз ҷумла “Сомон Эйр”, аз тӯлонӣ шудани замони парвоз аз Душанбеву Хуҷанд ба шаҳрҳои дигар шикоят доштанд. Онҳо мегуфтанд, ки ҳавопаймоҳо бидуни хабардор кардан барои гирифтани сӯзишворӣ дар шаҳрҳои дигар фуруд омада, нақшаи кори онҳоро дар бисёр ҳолат ба ҳам заданд.

Аммо бори аввал аст, ки як ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ин мушкилро расман эътироф карда, мусофиронро дар бораи он огаҳ намуд.

Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Мавҷуда Каримова, донишҷӯи бахши молияи Донишгоҳи давлатии Рига, соле ду бор барои таҳсил ба Латвия сафар мекунад. Ӯ гуфт, қаблан аз Душанбе то Маскав ва сипас ба Рига мерафт. Ҳоло маҷбур аст, замони сафараш аз Маскав то ба пойтахти Латвияро бозбинӣ кунад. “Бароям ҳамеша мувофиқ буд, ки бо хатсайри субҳ аз Душанбе ба Маскав рафта, то се соат аз истгоҳи Рижскийи пойтахти Русия бо қатор озими Латвия шавам. Бо чунин таъхири парвоз водор мешавам, ки як шаб дар Маскав бимонам”, - афзуд ӯ.

Муовини вазир: То сӯзишворӣ наояд...

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, низ вуҷуди ин мушкилро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, чунин вазъият чанд рӯз боз идома дорад ва ҳавопаймоҳое, ки ба масирҳои дуртар парвоз анҷом медиҳанд, водор мешаванд дар шаҳрҳои дигар маводи сӯхт гиранд.

“Чунин вазъият танҳо баъд аз расидани маводи сӯхт ба ихтиёри ширкати таъминкунандаи сӯзишвории фурудгоҳи Душанбе аз байн хоҳад рафт. Ҳоло ба ҳавопаймоҳо аз маводи сӯхти дар ихтиёр буда танҳо миқдоре дода мешавад, ки барои расидан то ба шаҳри Тарази Қазоқистон ё шаҳри дигаре кифоят кунад", - афзуд муовини вазири нақлиёт.

Ҳайрати мақоми собиқи ширкати "Сомон Эйр"

Алишер Рустамов
Алишер Рустамов

Алишер Рустамов, собиқ муовини мудири кулли ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гирифтани сӯзишворӣ дар шаҳрҳои дигари минтақа ба харҷи изофии ширкатҳо ва мушкили вақти мусофирон сабаб мешавад. Ӯ гуфт, “аслан намефаҳмам, ки чӣ гуна ширкати таъминкунандаи сӯзишворӣ дар фурудгоҳ бидуни керосин мондааст. Нишасти ҳавопаймо дар шаҳрҳои дигар боис ба харҷи қобили мулоҳизаи ширкатҳои ҳавоӣ ва мушкилоти мусофирон мешавад."

Мавзӯи фаъолияти ширкати таъминкунандаи сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон солҳо боз мояи нигаронии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар кишвар шудааст. Аз як сӯ ин ширкат иддао дорад, ки "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" барои маводи сӯхт қарздоранд. Аммо ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар даъво мекунанд, ки ин ширкат бо истифода аз яккатозу бидуни рақибе буданаш дар ин бозор, нархи маводи сӯхтро боло бурдааст ва боис ба гаронии нархи билети ҳавопаймо шудааст.

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе
Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба раҳбарияти ширкати таъминкунандаи маводи сӯхт дар фурудгоҳи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар ихётир маводи зарурӣ доранд, аммо ба далели қарздории ширкатҳои “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” ҳавопаймоҳои онҳо ба қадри кофӣ бо керосин пур карда намешаванд. "Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунанд бо чунин маҳдудиятҳо рӯбарӯ нестанд, зеро ин ширкатҳо аз тариқи пешпардохт арзиши маводи сӯхти мавриди ниёзи худро ба суратҳисоби ширкат мегузаронанд", - хулоса кард ҳамсӯҳбати мо.

Ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” – ду ширкати бузургтарини ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳастанд. Ширкати "Сомон Эйр" феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG