Парвози мунтазами ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба Душанбе рӯзи 19 ва ба Хуҷанд 21-уми июни имсол сурат мегирад. Вебсайти расмии ширкати “Ямал” эълон кард, ки фурӯши билет оғоз шудааст.
Баҳси қариб нимсолаи миёни Тоҷикистон ва Русия бар сари парвозҳо аз назари нозирон яке аз тӯлонитарин дар таърихи равобити ду кишвари дӯст гуфта мешавад.
Қаблан Андрей Дубров, намояндаи расмии “Ямал”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ин ширкат дар як ҳафта себорӣ ба Душанбеву Хуҷанд парвоз анҷом хоҳад дод. Тавофуқ дар ин замина охири моҳи апрел дар нишасти мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистону Русия дар Маскав ҳосил шуд. Ҷониби Тоҷикистон низ ин тавофуқро тасдиқ кард, вале то кунун ҷузъиёташро ошкор накардааст.
Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёт, фақат гуфта буд, ки “ҳамаи моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия ҳал шуданд”. Вазорати нақлиёти Русия низ рӯзи 28-уми апрел аз хотимаи музокирот хабар дод ва гуфт, ба баҳси ҳавоии ду тараф нуқта гузошта шудааст.
Ба дунболи ин тавофуқ ширкати “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон ҳаққи парвоз ба минтақаҳои Русияро ба даст овард. Дар пайи моҷарои ҳавоӣ Русия парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатро маҳдуд карда буд.
Тоҷикистону Русия тақрибан ним сол бар сари иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд баҳс доштанд. Тарафи Русия талаб дошт, ки ҳавопаймоҳои “Ямал” дар ҳафтае 7 бор ба пойтахту шимоли кишвар парвоз анҷом диҳад. Аммо ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, бояд шумори парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар ҳафтае ду бор бошад.
Дар пайи забон наёфтанҳо, Русия парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистонро ба минтақаҳои он кишвар манъ кард. Тоҷикистон ҳам қаблан ҳушдор дода буд, ҷавоби ҳамсони Русияро хоҳад дод. Аммо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар парвози ҳавопаймои ширкатҳои Русия ба Душанбе тағйироте рух надода ва парвозҳо тибқи ҷадвали расмӣ анҷом мешаванд.
Солона на камтар аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд ва солҳои охир ҳавопаймо аз умдатарин василаи расидани муҳоҷирони тоҷик ба Русия шудааст. Ин вазъ тиҷорати ширкатҳои ҳавоиро гарм нигоҳ медорад ва онҳо дар амри ҷалби муштарии бештар аз рӯи қонуни бозор амал карда, қимати билети парвозро ҳам муносиб ба кисаи муҳоҷирон мекунанд.
Тафовути қимати парвозҳо гоҳо аз се то чор баробарро ташкил дода, ногузир ширкатҳоро дар шароити рақобати шадид қарор медиҳад.
Баҳси қариб нимсолаи миёни Тоҷикистон ва Русия бар сари парвозҳо аз назари нозирон яке аз тӯлонитарин дар таърихи равобити ду кишвари дӯст гуфта мешавад.