Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шумо кумак кунед, мо имтиёз медиҳем". Тарҳи созиши нави Тоҷикистону Узбакистон


Ҳавопаймои "Узбекистон ҳаво йулларӣ" дар фурудгоҳи Душанбе. Рӯзи 11-уми апрели соли 2017
Ҳавопаймои "Узбекистон ҳаво йулларӣ" дар фурудгоҳи Душанбе. Рӯзи 11-уми апрели соли 2017

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи Созишномаи иртиботи ҳавоӣ бо Узбакистонро омода ва барои имзо ба Вазорати нақлиёт пешниҳод кардааст. Дар сурати тасвибаш, ин созишнома ба ширкатҳои ду тараф имкон хоҳад дод, ки аз фурудгоҳҳои Тошканду Душанбе ба ҳайси маконҳои транзитӣ истифода карда, нафақат ба мусофирбарӣ, балки боркашонӣ ҳам бипардозанд. Масъалаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи парвозҳо моҳи апрели имсол дар пойтахти Узбакистон баррасӣ шуда буд.

"Фурсати муносибро интизорем"

Узбакистон барои мо кишвари аз ҳама наздиктарин аст, ки шаҳрвандон ва бахусус соҳибкорон метавонанд аз он ҳамчун кишвари транзитӣ барои парвоз истифода баранд.

Дар як қарори ҳукумат дар оғози моҳи июн ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иҷоза шудааст, ки ин созишномаро бо ҷониби Узбакистон мувофиқа, имзо ва дар сурати зарурат ба баъзе бандҳои он тағйирот дарорад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки замони имзои созишномаро таъин кунад.

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки созишнома ниҳоӣ шуда, вале то ҳол ба имзо нарасидааст. Онҳо гуфтанд, ки барои сарҷамъии мақомоти ду кишвар барои имзои ин санад фурсати муносибро интизоранд.

Ҳамсояи наздик

Анвар Нуров, муовини сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт, рӯзи 1-уми июл созишномаро «барои рушди иқтисоди ду кишвар, бахусус рушди бахши ҷаҳонгардӣ ё сайёҳӣ» муҳим хонд. Ӯ гуфт, "Узбакистон барои мо кишвари аз ҳама наздиктарин аст, ки шаҳрвандон ва бахусус соҳибкорон метавонанд аз он ҳамчун кишвари транзитӣ барои парвоз истифода баранд. Созишнома, инчунин, барои афзоиши кашондани бор ва мусофирон миёни ду кишвар мусоидат мекунад."

Ин масъули Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, бар асоси созишнома Душанбе пешниҳод дорад, ки барои ҳавопаймоҳои ширкати “Узбекистон ҳаво йуллари” хадамоти хуб расонда, барояшон имтиёз пешбинӣ мекунад. Аммо дар ҷавоб аз тарафи Узбакистон хоҳиш мешавад, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон кумак кунанд.

"Системаи боркашониро ба роҳ мемонем"

Анвар Нуров мегӯяд, бо тасвиби созишнома ва ҳамчунин фаъол шудани терминали боркашонӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, дар назар аст, миёни ду кишвар системаи боркашонии ҳавоии “карго эйрлайн” ба кор шуруъ кунад. Матни пурраи созишнома ба мо дастрас нест. То кунун ҷониби Узбакистон низ дар бораи ин созишнома хабар надодааст ва маълум нест, ки Тошканд дар доираи ин санад аз Душанбе чӣ таваққӯъ дорад.

Дар ҳоли ҳозир дар як ҳафта як бор ҳавопаймоҳои «Узбекистон ҳаво йулларӣ» аз Тошканд ба Душанбе ва бараъкс парвоз анҷом медиҳанд. Ин тасмим дар аввали имсол ва баъди бисту панҷ соли «танаффуси иртиботи ҳавоӣ» миёни Тошканду Душанбе гирифта шуд.

Парвози нахустин ва санҷиширо дар ин масир моҳи феврал ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон анҷом дод ва эълон кард, ки парвози мунтазамро аз охири ҳамон моҳ шурӯъ мекунад. Ҳарчанд ин ширкат фуруӯши билетро ба роҳ монд, аммо натавонист ба парвозаш идома диҳад.

Роҳи заминӣ ва визаи бе дарди сар мехоҳанд

Ҷониби Узбакистон иддао кард, ки ширкати «Сомон Эйр» ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои парвозро дар вақташ нафиристода ва намояндагии худро дар Тошканд боз накардааст ва аз ин рӯ наметавонад парвозро анҷом диҳад. Ин баҳс боиси барканории Алишер Рустамов, яке аз масъулони ширкати «Сомон Эйр» шуд. Аммо ин ширкат ҳанӯз ҳам натавонистааст парвози ҳавопаймоҳояшро дар ин масир ба роҳ монад.

Дар ҳамин ҳол, бештари мусофирон ба баланд будани нархи билети ҳавопаймо дар масири Душанбе – Тошканд таъкид доранд, ки феълан 130 евро аст. Ба гуфтаи онҳо, ин нарх барои соҳибкорон мувофиқ буда, аммо мардуми оддӣ, ки бахши аслии мусофиронро ташкил медиҳанд, гарон аст. Моҳи гузашта як ширкати тоҷикистонӣ ҳам эълон кард, ки дар ҳоли гуфтугӯ барои роҳандозии ҳаракати мусофирбарҳо дар масири Душанбе – Тошканд ва Самарқанду Бухорост.

XS
SM
MD
LG