Мақомоти Туркия дар як ҳафтаи ахир наздик ба 20 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳи Истанбул пас гардондаанд. Аксари баргаштаҳо мегӯянд, ки бо ҳадафи кор ба Туркия рафта буданд, вале барояшон иҷоза нашуд, ки вориди хоки ин кишвар гарданд.
Имрӯз моро ба фурудгоҳ оварданд ва тариқи ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Тоҷикистон фиристоданд. Сабаби ихроҷамон аз Туркияро шарҳ надоданд ва нагуфтанд, ки чаро моро пас мегардонанд.
Асадулло Шарифов, сокини 31-солаи шаҳри Душанбе, рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки якуми сентябр ба ин кишвар сафар карда буд, аммо ӯ ва ҳашт нафари дигарро ба Тоҷикистон баргардонданд. Ӯ гуфт, дӯстонаш дар Туркия кор мекарданд ва ӯро барои кор даъват карда буданд.
"Вақте мо ба фурудгоҳ расидем, онҷо бо кадом мақсад омадан ва чанд пул доштанамонро пурсиданд, вале чизи дигаре нагуфтанд. Панҷ рӯз дар идораи “Ябанчӣ” (боздоштгоҳи муваққатии хориҷиҳо) дар наздикии фурудгоҳ маҳкам будем. Имрӯз моро ба фурудгоҳ оварданд ва тариқи ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба Тоҷикистон фиристоданд. Сабаби ихроҷамон аз Туркияро шарҳ надоданд ва нагуфтанд, ки чаро моро пас мегардонанд", - гуфт ӯ.
"Ин кор ба манфиати мо нест. Пули билетро касе намедиҳад"
Асадулло, ки тоза ба Тоҷикистон расида буд, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фурудгоҳ як нафари либоси мулкӣ бар тан рақами телефонашронро навишта гирифт ва гуфт, ки баъдан онҳоро барои сӯҳбат даъват мекунад. Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” низ пас гардондани муҳоҷирони тоҷикро тасдиқ кард. Як намояндаи ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳафтае ду дафъа, рӯзҳои ҷумъа ва сешанбе ба Туркия парвоз анҷом медиҳанд ва дар се парвози охир ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон ҳудуди 20 шаҳрванди кишварро аз фурудгоҳ дубора ба ватан оварданд. Намояндаи ширкат гуфт, пас гардонидани муҳоҷирон аз фурудгоҳ ба манфиати онҳо низ нест, чун касе пули билети бозгашти онҳоро пардохт намекунад.
Санҷар Ҷӯрабеков, ки ду сол боз дар Туркия дар сохтмон кор мекунад, гуфт, ҳафтаи гузашта барои пешвози дӯсташ ба фурудгоҳ рафт, вале ӯро аз фурудгоҳ ба Идораи пулис бурда, баъдан ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Ӯ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Истанбул гуфт, “ба дӯстам чизе нагуфтанд. Вале дар Идораи пулис гуфтанд, мақомоти Туркия хабар ёфтаанд, ки гурӯҳе дар ин кишвар террор карданианд. Барои ҳамин, одамоне, ки каме шубҳаоваранд, ба ватанашон бозпас гардонида мешаванд”, - гуфт ӯ.
"Ҳеҷ кас намехоҳад ба хонааш як каси бадро роҳ диҳад"
Туркия яке аз нуқтаи муҳими транзити байналмилалӣ ва як кишвари бози тиҷоративу тафреҳӣ ба ҳисоб мерафт. Вале баъди чанд ҳодисаи террористӣ ва кудатои нокоми ҳукуматии соли 2016 тадбирҳои амниятӣ дар ин кишвар дар ду соли охир хеле шадид шуд.
Рӯзона садҳо ҳазор мусофир аз фурудгоҳҳои байналмилалии ин кишвар истифода карда ба саросари ҷаҳон парвоз мекунанд. Туркия барои кишварҳои зиёд, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низоми бидуни раводид ҷорӣ кардааст, вале дар сурати бо нияти кор ба ин кишвар омадани хориҷиҳо, аз ҷумла тоҷикистониҳо, онҳо бояд соҳиби раводид ва иҷозати кор дар ин кишвар шаванд.
Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди тафтишу санҷишҳои махсуси мусофирон ва бозпас фиристодани баъзеи онҳо дар фурудгоҳҳои Туркияро тасдиқ мекунанд. Як мақоми ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ин қазияҳо огоҳ аст, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, дар Туркия ҳоло вазъи фавқулода амал мекунад ва мақомоти ин кишвар ҳар шаҳрвандеро, ки нисбаташ машкук мешаванд, талош мекунанд ба ҳудуди Туркия роҳ надиҳанд.
Вақте шаҳрвандони мо мераванд, дар кисаашон 100-200 доллар доранд. Аз ӯ мепурсанд, ки барои чанд муддат ба Туркия омадааст? Вай мегӯяд: як моҳ. Аз рӯи муқаррароти Туркия, барои ҳар рӯзи будубош дар ин кишвар як нафар набояд камтар аз 50 доллар маблағ дошта бошад.
Ӯ гуфт, ташхиси мӯшикофона ба он хотир сурат мегирад, ки баъд аз пушти сар кардани ҳадди ақал ду ҳодисаи террористӣ дар як соли охир Туркия мехоҳад дар пазироии хориҷиҳо аз эҳтиёт кор бигирад.
"Шаҳрвандони мо дар кисаашон 100-200 доллар доранд"
Ин мақомдори тоҷик гуфт, аз санҷишҳои масъулини фурудгоҳҳо набояд ранҷид ва ё рамузи дигар гирифт. “Ҳеҷ кас намехоҳад ба хонааш як каси бадро роҳ диҳад”, - гуфт ӯ. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, санҷиши мусофирон дар фурудгоҳҳо аз саволҳое ба мисли “ҳадафи сафар”, “мӯҳлати будубош дар Туркия” шурӯъ мешавад. Вай гуфт, категорияи аслии мусофирони тоҷик ба Туркияро соҳибкорону тоҷирон ташкил медиҳанд ва онҳо маъмулан барои харидани мол ба ин кишвар меоянд. Агар масъули хадамоти марзбонӣ дар ҳадафҳои ин шахс шубҳа кард, ба худ ҳақ медиҳад, ин кишварро ба Туркия роҳ надиҳад.
Ӯ гуфт, “масалан, вақте шаҳрвандони мо мераванд, дар кисаашон 100-200 доллар доранд. Аз ӯ мепурсанд, ки барои чанд муддат ба Туркия омадааст? Вай мегӯяд: як моҳ. Аз рӯи муқаррароти Туркия, барои ҳар рӯзи будубош дар ин кишвар як нафар набояд камтар аз 50 доллар маблағ дошта бошад. Аз ин рӯ, вақте ҷои кораш дақиқ нест ва дар ҷайбаш пул надорад, ба ӯ машкук мешаванд”.
Ин мақомодори тоҷик гуфт, дақиқ намедонад, чанд нафар бо чунин далел ихроҷ шудааст, вале дар шабу рӯзи Иди Қурбон дар ҳар парвоз ду-се нафар аз фурудгоҳи Туркия ба Тоҷикистон бозпас гардонда шудаанд.
Туркия баъди кӯшиши табаддулот
Бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ, ҳоло дар Туркия аз 2 то 5 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ба сар мебаранд. Онҳо аксаран нафароне ҳастанд, ки аз Русия ихроҷ шудаанд ва барои худ дар Туркия кор пайдо кардаанд. Ин нафарон дар сохтмон, марказҳои тиҷоратӣ ваё ба ҳайси раҳбаладу ёвари фурӯшандаҳо кор мекунанд.
Туркия дар ин охирҳо зиёд мегӯяд, ба ҳайси як давлати муборизи зидди терроризм худ қурбонии амалҳои террористӣ шудааст. Моҳи июни соли 2016 дар фурудгоҳи Отатурки Истанбул амали террористӣ рух дод, ки дар пайи он беш аз 36 нафар кушта ва 147 нафар захмӣ шуда шуд. Расонаҳои Туркия рӯзҳои аввали ҳодиса навиштанд, ки дар ин кор шаҳрвандони Тоҷикистон низ даст доранд, вале баъдан ин хабар расман тасдиқ нашуд. Моҳи январи имсол дар як клуби шабонаи хориҷиҳо дар Истанбул таркиши мудҳише рух дод. Дар ин ҳодиса беш аз 30 нафар кушта ва 60 нафар захмӣ шуданд.
Аз сӯи дигар, Туркия давоми чаҳор-панҷ соли охир ба як нуқтаи муҳими убуру мурури ҷангиёни ДИИШ ба қаламрави Сурия табдил шуд ва ба қавли мақомоти тоҷик, дар 90 дар сади ҳолатҳо, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон маҳз тавассути Туркия ба Сурия бо ҳадафи ҷанг зери парчами сиёҳ гузаштаанд. Ахиран низ мақомоти тоҷик рӯйхати беш аз 2 ҳазор нафари шубҳанокро ба мақомоти Тукрия дода буданд, ки эҳтимол меравад, узви гурӯҳҳои тундрав ҳастанд.