Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хокбозӣ то олами маҷозӣ. Ҳаққи падар барои назорати писар дар Интернет. ВИДЕО


Волидон дар Тоҷикистон ҳақ пайдо карданд, ки кори фарзандони худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери назар дошта бошанд.

Мактаб, кӯча ва интернет

Вақте ба хонаи хобаш медаромадам, планшетро зуд пинҳон мекард. Иқрор намешуд, ки чӣ тамошо мекунад. Дӯстам машварат дод, ки рафта аз ширкати интернетӣ дархост кунам, ки писарам дар интернет чӣ кор мекунад

Писари 16-солаи Муродалӣ Назаров, сокини 48-солаи шаҳри Душанбе, дар ним моҳ 26 навори усули тирпаронӣ аз силоҳи навъи снайперро дар интернет ҷустуҷӯ ва тамошо кардааст. Ин маълумотро падар аз ширкати фароҳамкунандаи интернет дастрас намуд. Бар асоси қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”, ки ним соли пеш бо тағйиру иловаҳои нав дар Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт, волидон ҳақ доранд, аз ширкатҳои мобилӣ дар бораи бо кадом ҳадаф истифода шудани интернет аз ҷониби фарзандонашон маълумот гиранд. Ин маълумот бар асоси қонун бояд бепул ба падару модар пешниҳод шавад.

Назар: Озодиро маҳдуд накунем.
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Муродалӣ Назаров, ки донишгоҳро бо ихтисоси омӯзгори фанни педагогика хатм карда, ҳоло дар як созмони ҷамъиятӣ кор мекунад, аз камтарин нафаронест, ки аз ин қонун истифода намудааст. Ӯ рӯзи 30-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то чанд соли пеш барои тарбияи фарзанд ӯро дар кӯчаву мактаб назорат кардан зарур буд, вале шабакаи интернет ба ин ду изофа шудааст.

“Вақте ба хонаи хобаш медаромадам, планшетро зуд пинҳон мекард. Иқрор намешуд, ки чӣ тамошо мекунад. Дӯстам машварат дод, ки рафта аз ширкати интернетӣ дархост кунам, ки писарам дар интернет чӣ кор мекунад”, - афзуд ӯ.

“Снайпер чӣ тавр мепарронад?”

Посухи хаттии ширкати интернетӣ Муродалӣ Назаровро шадидан нигарон кард, ки писари 16-солааш дар 15 рӯз 26 бор ба саволи худ “Снайпер чӣ тавр мепарронад?” дар интернет ҷавоб ҷустааст. Ӯ мегӯяд, пас аз дастрас кардани ин маълумот писараш иқрор шуд, ки дар дарси тарбияи ҷисмонӣ муаллим дар бораи силоҳҳо сӯҳбат карда, шавқи ӯро дар бораи снайпер бедор кардааст. Ҳарчанд, бархе наворҳо даҳшатнок буданд, аммо Муродалӣ Назаров мегӯяд, фаҳмид, писараш ин наворро бештар аз сари ҳавас ва кунҷкобӣ тамошо кардааст.

Занозаниҳои гурӯҳӣ дар Душанбе ва дигар манотиқро, ки чанд кушта низ бар ҷой гузошт, мақомот ба тамошои наворҳое рабт медиҳанд, ки ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо мекунанд

“Ҳоло мо, падарон, танҳо аз ҳоли писарамон дар мактабу кӯча бохабар мешавем. Интернет дунёи бузург аст ва муҳим аст, бидонем, ки фарзанд он ҷо чӣ кор мекунад. Барои фаҳмидани завқи бача, истеъдоду ҳаваси ӯ бисёр муҳим аст, ки бидонем, ӯ дар интернет чӣ мекобад. Пештар падар аз устоду ҳамсинф ва ҳамсояҳо мепурсид. Ҳоло бояд аз интернет ҳам бипурсем, ки писари мо онро бо кадом ҳадаф истифода мекунад”, - гуфт ӯ.

Ҳарчанд аз мавриди амал қарор гирифтани ин қонун беш аз ним сол гузаштааст, мисли Муродалӣ Назаров падарҳое ҳастанд, ки аллакай аз ин имконият истифода кардаанд.

“Ҳангоми пешниҳоди маълумот бояд эҳтиёт кард”

Ғафур Иркаев
Ғафур Иркаев

Ғафур Иркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин як зарра кори ширкатро барои ҷустуҷӯ мушкил мекунад, вале иҷрои талаботи қонун амри ногузир аст. Аммо Иркаев гуфт, ҳоло шумори волидайне, ки дар бораи фарзандонашон маълумот талаб мекунанд, хеле кам аст ва тақрибан ба ҳар ширкате дар ин бора ду ё се муроҷиат расидааст.

“Чунин имконият ҳаст, ки операторон дар доираи қонун маълум мекунанд ва ба падарон ин маълумотро мерасонанд. Ин вақт мехоҳад, аммо коре ҳаст, ки бар асоси қонун онро мешавад анҷом дод. Дар ҳама ҳолат, ҳама муштарӣ, агар Ай-Пӣ адресро пешниҳод кунад, мумкин аст, дидан, ки ӯ ба кадом шабака ворид шудааст ва чиро тамошо кардааст”, - шарҳ дод ӯ.

Иркаев мегӯяд, қонун тоза мавриди амал қарор гирифтааст ва сокинон ҳанӯз дуруст сарфаҳм намераванд: “Ин бисёр як кори нозуку ҳассос аст, ки ҳангоми пешниҳоди маълумот бояд эҳтиёт кунем. Бояд мушаххас шавад, ки воқеан, ин Ай-Пӣ адреси ҳамон наврас ҳаст, ё не.”

Холиқназар Ҷумъаев
Холиқназар Ҷумъаев

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Бабилон”, рӯзи 30-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло муроҷиат дар ин маврид бисёр кам аст. Ӯ гуфт, ширкати онҳо ба ноболиғон дар асоси аризаи падару модар симкорт барои истифодаи интернет медиҳад. “Шиносномаи падару модар ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худи ноболиғ пеш аз додани симкорт гирифта мешавад. Худи ноболиғ ҳуқуқи харидан надорад. Ба номи худаш танҳо волидайн мегиранд. Ба ин тариқ, падару модар масъули симкорт мешаванд ва озодона метавонанд, маълумот пурсанд. То 18-сола симкорт фурӯхта намешавад”, - гуфт Ҷумъаев.

Фарзанд дар олами маҷозӣ чӣ мекунад?

Тағйири қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”, ки ба падарон иҷоза медиҳад, корбарии фарзандон дар интернетро назорат кунанд, дар ҳоле қабул шуд, ки даҳҳо ҷиноят бо иштироки ноболиғон рух дод ва мақомот онро таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ унвон карданд. Мақомот мегӯянд, давоми се соли ахир беш 20 наврас дар пайи тамошои наворҳои тундгароёна ба гурӯҳҳои ифротӣ дар Тоҷикистон ва дар хориҷи он пайвастанд.

Занозаниҳои гурӯҳӣ дар Душанбе ва дигар манотиқро, ки чанд кушта низ бар ҷой гузошт, мақомот ба тамошои наворҳое рабт медиҳанд, ки ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо мекунанд ва хусусияти зургӯёна доранд. Ду соли пеш низ дар пайи як баҳс, ки дар “Одноклассники” оғоз шуд, ҷавонон дар хиёбон занозанӣ карданд ва як нафар кушта шуд.

Бахтовар Сафаров
Бахтовар Сафаров

Бахтовар Сафаров, вакили порлумони Тоҷикистон, рӯзи 30-юми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз қабули қонун “Дар бораи масъулияти падару модар” зарурат пеш омад, ки қонунан ба волидон назорати фарзандон дар шабакаи интернет дода шавад, ки ҳоло ба ҷузъе аз кору зиндагӣ табдил ёфтааст. Ӯ гуфт, ба хотири тарбияи дурусти фарзанд ва ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо барои волидайн имконияти хуб медиҳад.

Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион корбари интернет сабт шудааст, ки бештари онҳо ҷавонон ҳастанд. Онҳо асосан интернети телефонҳои мобил истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG