Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насли пархошгар ва хашин?


Афзоиши ҳамлаҳои мусаллаҳона аз сӯи наврасону ҷавонон ба ҳамтоёни худ дар макотиби баъзе кишварҳои хориҷӣ дар миёни ҷавонони тоҷик вокуниши зиёдеро ба вуҷуд овардааст.

Аксари кулли мусоҳибони мо сар задани чунин ҳодисаҳоро амали ваҳшатангез арзёбӣ мекунанд. Исмат, як ҳамсӯҳбати мо, мегӯяд, шунидани ин гуна хабарҳо ӯро ба даҳшат меорад ва тасаввур намекунад, ки чи тавр як донишомӯзи наврас ё ҷавон ба сӯи ҳамсабақону устодон ва шахсони бегуноҳ тир холӣ мекунад. Аз сӯи дигар, меафзояд Исмат, дастрасии бемамониати ҷавонону наврасон ба аслиҳа дар ин кишварҳо боиси афзоиши мавридҳои ҷиноят бо истифода аз силоҳ мегардад.

Қандил - ҷавони дигар мегӯяд, чунин амалро танҳо нафароне метавонанд анҷом бидиҳанд, ки мушкили равонӣ доранд. Ба андешаи Қандил, дар ҳоле ки ҳамарӯза ҷавонону наврасон тариқи расонаҳо, интернет ва радиову телевизион аксаран хабарҳои манфиро аз ҷумалаи ҷангу таркиш ва таҷовузу куштор қабул мекунанд, ин ҳама ба равони дар ин син ноустувори онҳо таъсир мерасонад ва онҳо аксуламал нишон медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол Эраҷ, мусоҳиби навбатии мо, мегӯяд, доштани ҳисси бадбиниву эҳсоси қасосгирӣ ба якдигар ё баъзан ба атрофиён дар миёни наврасон падидаи тоза нест. Ба андешаи Эраҷ, мавҷудияти зиддият ҳамеша боиси сар задани низоъ дар байни ҳамсабақон мешуд. Дар Тоҷикистон низ чунин ҳодисаҳо зиёд ба чашм мерасад, ки аксаран бо ҷанги тан ба тан ва ё сангзанӣ анҷом мешавад. Эраҷ аз ҷумла меафзояд, тибқи мушоҳидаҳои ӯ, дар Тоҷикистон тӯли чанд соли ахир аксари ҷавонону наврасони тоҷик низ як навъ пархошҷӯй ва хашин тарбият ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол равоншинос Тоҷиниссо Раҳматова мегӯяд, насли ҷавони тоҷик қаҳру газаби худро на ба атрофиён, балки дар нисбати худ равона меcозанд, яъне қасд ба ҷони худ мекунанд. Ин аст, ки дар кишвар теъдоди худкушон дар миёни ҷавонону наврасон ба таври бесобиқа боло меравад. Ба гуфтаи Тоҷиниссо Раҳматова, се омили аслие вуҷуд дорад, ки боиси хашин тарбият ёфтани ҷавонону наврасон аст - омилҳои молӣ, тарбиявӣ, муҳит ва ҳамчунин аз худ қаноатманд набудан. Хонум Тоҷиннисо меафзояд, ҳолатҳои худкушӣ ва ё ҳамлаҳои мусаллаҳонаи насли ҷавон ба ҳамсолону атрофиён бар асари аффект сурат мегирад.

Зимнан равоншинос Маҳмадулло Давлатов мегӯяд, бо назардошти он, ки ҳолати аффект на бештар аз шаш сония давом мекунад, чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ин гуна амалҳо огоҳона анҷом мешаванд. Бо ин ҳама, ба гуфтаи равоншинос, инсон ҳамеша зери таъсири ангезаҳои берунӣ қарор дорад ва ин таъсир дар рафтору гуфтор ва фаъолияти равонии вай нақш мегузорад.
XS
SM
MD
LG