Як акси тасодуфан бардоштаи навраси тоҷик дар намоиши ҷаҳонии тасвирҳо, соҳиби ҷоиза гардид. Ин акси парвози кабутаре дар само аст, ки Ҳоҷӣ Ҳоҷиеви 16-сола дар ҳавлии худ ва бо дурбини маъмулияш бардоштааст. Ҳоҷӣ Ҳоҷиев хонандаи синфи 11-ум дар яке аз мактабҳои ноҳияи Рашт аст ва аксбардориро хеле дӯст медорад. Ҳоҷӣ новобаста аз он, ки аз пойтахт дур аст, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буда ва забони англисиро ҳам хуб медонад. Ҳамин донишҳо ва омӯзиши малакаи аксбардорӣ барои ӯ имконияти ширкат дар намоишу озмунҳои ҷаҳониро фароҳам овардааст.
Ӯ дар мавриди намоиши ҷаҳонии аксҳо, зери унвони “Инъикоси мушкилотии ҷомеа” ҳам аз тариқи интернет огаҳ шуд ва дар баробари ҳамсолонаш аз 120 кишвари ҷаҳон бо ин акси худ ширкат кард. Ин намоиши интернетӣ аз сӯи iEARN (Созмони ҳамкории “Омӯзиши байнулмилалӣ ва имкониятҳои интернет) роҳандозӣ шуда буд.
Ҳоҷӣ Ҳоҷиев, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, паёмаш аз ин акс “Сулҳ дар дар Тоҷикистон” аст:
Ҳоҷӣ Ҳоҷиев: “Ин акси гирифтаи ман оддӣ буд. Дар ҳавлии мо дарахти сафеддор зиёд аст ва дар он паррандаҳо бисёр менишинанд. Як рӯз хостам парвози ин кабӯтарҳоро аксбардорӣ кунам. Ҳамин тавр шуд ва ман вақти парвози кабӯтарро аккосӣ кардам. Ман бо ин акс гуфтани будам, ки мардуми мо кабӯтарро дӯст медоранд ва ҳамеша ин паррандаҳо болои бомҳои мо парвоз мекунанд. Ин акс маънии дигар ҳам дорад. Ман бо ин акс ба ҷаҳониён гуфтам, ки сулҳу дустӣ дар фазои Тоҷикистон ҳукмфармост”.
Радиои Озодӣ: Ирсоли ин акс ба намоиши рақамии ҷаҳонӣ пешниҳоди кӣ буд?
Ҳоҷӣ Ҳоҷиев: “Ман дар саҳфаи iEARN дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аъзо ҳастам. Вақте дар интернет дидам, ки (iEARN) Созмони ҳамкории “Омӯзиши байнулмилалӣ ва имкониятҳои интернет" намоиши рақамӣ эълон кардааст, ин аксро равон кардам. Созмондиҳандагони ин намоиши интернетӣ аз миёни аксҳое, ки наврасони 120 кишвари ҷаҳон фиристода буданд, ин акси маро дар ҳаштгонаи беҳтарин ҷой доданд”.
Радиои Озодӣ: Шумо аксбардориро аслан дар куҷо омӯхтед ва зиёд акс мебардоред?
Ҳоҷӣ Ҳоҷиев: Дар ноҳияи Рашт барои наврасону ҷавонон бо дастгирии сафорати Амрико дар Душанбе лоиҳаи “фотожурналист” амалӣ шуд ва ман ҳам давраи кӯтоҳи омӯзиширо дар онҷо гузаштам. Аксҳое, ки ман мебардорам, фарогири мавзӯъҳои мухталифанд. Аммо бештар аз ҳаёти мардум ва табиати Рашт аксбардорӣ мекунам.
Радиои Озодӣ: Барои мо аҷиб буд, ки шумо дар саҳифаи Фейсбуки худ шарҳу назарҳоро бо забони англисӣ менависед. Худомӯзӣ аст ё...?
Ҳоҷӣ Ҳоҷиев: “Дар ноҳияи Рашт гӯшаи фарҳангии Амрико фаъол аст ва барои мо наврасон имкони омӯзиш ва пайдо кардани китобҳои шавқовар бо забони англисиро фароҳам кардааст. Аз сӯи, дигар ман ба омӯзиши ин забон шавқи зиёд дорам. Вақте барои аз худ кардани як ҳунар ё истеъдод талош дошта бошӣ, ҳатман муваффақ мешавӣ.”
Радиои Озодӣ: Донистани забони хориҷӣ барои як наврас то куҷо роҳи муваффақиятҳоро боз мекунад?
Ҳоҷӣ Ҳоҷиев: “Омӯхтани забони хориҷӣ барои наврасон ҷавонону бениҳоят зарур аст. Ҳангоме ки онҳо бо забони хориҷӣ сухан карда метавонанд, аз таъриху фарҳанги дигар миллатҳо ошно мешаванд, ҷаҳонбинии худро васеъ мегардонанд, расму оини худро барои кишварҳои дигар муаррифӣ мекунанд. Ҳангоми сафар ба кишварҳои хориҷӣ ба ягон мушкил рӯ ба рӯ намешаванд. Аз ҳама муҳим, ки барои кору таҳсил дар хориҷ роҳи инсонро мекушояд.”