Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврасони тоҷик: Майлам ба шаробу ... нос бошад доим


Як пажӯҳиши вазорати маорифу илм ба натиҷае расидааст, ки насли имрӯзи наврасони тоҷик назар ба волидони онҳо бо маю сигор ва ҳамин тавр бо фаҳшо ва алоқаи ҷинсӣ ошноии бештар доштааст.

Шикояти насли калонсол аз насли ҷавон падидаи маъмулӣ шумурда мешавад, вале як таҳқиқот нишон додааст, ки наврасони тоҷик назар ба волидони худ бо маю сигор ва фаҳшо ошноии бештар доштаанд.

Рустам Ҳомидов, як хонандаи синфи 11-ум, мегӯяд, чандин ҳамсабақи ӯ сигор мекашанд ва дар шабнишиниҳо май менӯшанд. Ба гуфтаи вай, ҳамсолони ӯ бо ин тариқ мехоҳанд, бартарии худро нисбати дигарон нишон диҳанд ва ҳатто худи ӯро низ чандин бор водор ба ин корҳо кардаанд.

Рустам мегӯяд: «Ман дар литсейе таҳсил мекунам, ки аксари ҳамсабақонам фарзандони афроди сарватманд ва зиёиёнанд, вале чунин одатҳои бадро доранд. Ҳатто дар миёни онҳо низ барои лидер шудан низоъҳо сар мезанад, аксаран аз алфози қабеҳ истифода мекунанд. Падару модарам барои он ки таъсири ҳамсабақонам ба ман нарасад, имсол маро ба мактаби дигар гузаронданд. Вале фикр намекунам, дар дигар мактабҳо вазъ беҳтар бошад.»

Носу тамокукашӣ дар як хонаводаи дигар бӯҳронеро ба миён овардааст. Ҳамаи кӯшишҳои падару модари Рустам Ҳомидов барои даст кашидани фарзанди 16-солаашон аз сигоркашӣ бенатиҷаанд. Онҳо аз тамоми василаҳо истифода бурданд, вале то кунун дар раҳоии фарзанди худ аз одатҳои бад оҷиз мондаанд.

Обидамоҳ Ҳомидова, модари ин наврас мегӯяд, ҳам зӯриву ҳам зорӣ барои баргардонидани фарзанд аз ин роҳ натиҷа надодааст. Ин модар гуфт, пас аз истифодаи зӯрӣ дар нисбат ба фарзандаш ҳоло ӯ ба пинҳонкорӣ гузаштааст ва ин амалҳои худро дур аз чашми волидайн анҷом медиҳад.

Майхорагӣ, тамокукашӣ ва фаҳш хоси як ё чанд хонаводаи Тоҷикистон нест. Афзоиши ин аъмол миёни наврасони тоҷик ба ҳаде расидааст, ки дар ниҳоят вазорати маорифи Тоҷикистонро водор ба пазируфтани барномаи вижае барои беҳсозии ахлоқи наврасон кардааст.

Барои таҳияи чунин барнома таҳлилгарони Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон се сол пажӯҳиш бурда, роҳкорҳоеро пешниҳод кардаанд.

Иззатулло Давлатшоев, яке аз муаллифони ин пажӯҳиш мегӯяд, онҳо наздики 200 навраси душвортарбия ва оворагарди пойтахтро омӯхта, ҳамчунин бо волидайн ва омӯзгорони онҳо низ сӯҳбатҳо доштаанд. Ба гуфтаи ӯ, агар дар шароити деҳот кӯдакон бармаҳал яъне дар 9 ва 10-солагӣ аз рӯи ҳавою ҳавас ва тақлидкорона ба носкашӣ шурӯъ кунанд, кӯдакони шаҳр аз ин син ҳам пештар аввал сигорҳои нимкашидаро аз замин чида, ба даҳон мегиранд ва дар синни наврасӣ бо истифода аз беназоратии волидайн сигору тамоку мехаранд. Пасон ба майнӯшӣ рағбат пайдо мекунанд, ки чунин ҳавою ҳавасҳо оқибат ба содир кардани дуздиву ҷиноятҳои вазнин боис мешавад.

Изатулло Давлатшоев афзуд, «мо дар тамоми гӯшаву канори Душанбе, аз ҷумла бозору хиёбонҳо саволномаҳои худро тақсим кардем. Дар натиҷа мо тавонистем, сабабҳои падидаҳои номатлуби наврасон аз қабили бадрафторӣ, майнӯшӣ ва моҷароҷӯияшонро муайян созем. Маълум гардид, ки ҳоло робитаи мактаб бо хонаводаҳои хонандагон қариб канда шудааст ва волидайн ҳам дар тарбияи фарзанд чандон масъулиятро эҳсос намекунад. Ҷомеа бошад умуман мавқеи бетарафиро ихтиёр кардаааст.»

Дар ин назархоҳӣ 61,7 дарсади наврасон гуфтаанд, бинобар беназоратӣ даст ба майнӯшиву тамокукашӣ мезананд ва 30 дарсад сабабашро дар бекорӣ ва ё мушкилоти зиндагӣ дидаанд. Танҳо беш аз 8 дарсад чунин амалро ба тақлидкорӣ рабт додаанд. Ҳамзамон 75 дарсади онҳо иброз доштаанд, ки дар мавриди зиёни май ва тамоку аз китобҳо ва матбуот хондаанд ва 25 фоиз аз муаллимон ва калонсолон шунидаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз миёни волидайни пурсидашуда 14,2 дарсад ҷавоб додаанд, ки аз май ва тамоку истифода мекардаанд ва 3,6 дарсад иқрор шудаанд, ки аз истифодаи ин мавод аз ҷониби фарзандонашон хабар доранд. 78,6 дарсад гуфтаанд дар сурати огоҳ шудан фарзандашонро насиҳат мекунанд, аммо 21,4 фоиз дар чунин ҳолат ба кӯдакони худ ҷазои сахт медиҳанд. Вале наздики 5 дарсади волидайн бепарвоӣ зоҳир намуда, андеша доранд, ки «насиҳат беҳуда аст ва зарарашро худашон мекашанд”.

Обидамоҳ Ҳомидова, модари Рустам мегӯяд, «дар хонаводаи мо касе тамокукашу сигоркаш нест,намедона аз куҷо ба ин одат кардааст. Борҳо дар бораи зарари ин мавод ба ӯ фаҳмондем чандин мисолҳо овардем ва ҳатто гуфтем, ки агар тарки ин одат кунад беҳтарин шароитро барояш муҳаё мекунем, аммо гапамон ҳеҷ таъсир намекунад. Метарсем, ки ба корҳои бадтар даст назанад.»

Абдураҳмон Мирзоев, падари 4 фарзанд,мегӯяд ба фарқ аз замони Шӯравӣ наврасону ҷавонон имрӯз дастрасии бештар ба маълумот доранд ва бояд зуд ба камол расанд, аммо ҳолати баръакс дида мешавад. Ин мусоҳиби мо вазъи умумии ҷомеаро омили таъсир ба ахлоқи ҷавонон меномад. Ба ақидаи ӯ, пахши наворҳои шаҳватбарангез дар шабкаҳои телевизион зиёд шудааст ва дар Интернет низ дашному дағалгуфторӣ ба меъёр табдил ёфтааст: «Ҷавонони имрӯз бо интернет сару кор доранд, дастарасияшон ба шабакаҳои ҷаҳонии телевизон номаҳдуд аст. Баъзан дар телефонҳои дастияшон наворҳоеро мебинед, ки ҳуш аз саратон мепарад. Ҳамаи ин рафторои наврасонро тағйир медиҳад. Ҳар қадар падару модар сахтгиру масъулиятшинос набошад, ҷомеа таъсири худро мерасонад. Ман фикр мекунам, имрӯз ҷомеаи мо бемор ва ниёз ба табобат дорад.»

Аз сӯи дигар, ба андешаи Абдураҳмон Мирзоев, мушкили иқтисодии хонаводаҳо низ дар бештари маворид боиси он мешавад, ки волидайн фурсате бароия тарбияи фарзандон пайдо намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Намоз Бобоев, раҳбари мактаби махсуси кӯдакони душвортарбия дар шаҳри Душанбе мегӯяд, тибқи мушоҳидаҳои ӯ ҳатто аз хонаводаҳои доро ва босавод низ фарзандонашон каҷрафтор мешаванд ва ба ин муассиса меафтанд: ”Масалан як наврасро ба мактаби мо оварданд, вай гуфт, ки онҳо як гурӯҳи 12-нафарӣ ҳастанд, ки ба шабгардиву дуздӣ машғуланд, ки ин воқеан даҳшат аст. Мо бояд барномаҳои тарбиявиро дар асоси менталитети худамон таҳия кунем, зеро имрӯз ҳар китобҳое, ки истифода мебарем, аз педагогҳои рус ва кишварҳои дигари хориҷист.»

Дар ҳоле ки дар дар тарбияи наврасон мактаб оила, оила мактаб ва ҳарду тараф ҷомеаро гунаҳкор медонанд, мизони ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Тибқи иттиллои расмӣ дар 5 соли ахир ҷинояткории наврасон 33 дарсад бештар шуда,онҳо ҳатто дар ҷиноятҳои вазнин ба мисли куштор, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин авбошиву дуздӣ, даст доранд.

Таҳлилгарони Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бар инанд, ки маҳдуд будани доираи муошират, камбуди меҳру навозиш, самимияту эҳтироми калонсолон метавонад наврасонро ба яъс ва каҷроҳа барад. Атрофиён ба наврас аҳмият намедиҳанд,хоҳишу дархостҳояшонро ба инобат намегиранд, қонеъ гардондани майлу рағбатро дар онҳо манъ мекунанд.

Дар натиҷа кӯдак худро шахси нодаркор, танҳо, беаҳмият ҳис намуда, мехоҳад диққати атрофиёнро бо амалҳои ношоиста худ ҷалб намояд ва мавҷудияти худро чун «шахсият» намоиш диҳад.

XS
SM
MD
LG