Абдуманнон Рауфов, муаррихи тоҷик, ки тайи чанд сол таъриху фарҳанги мазангҳоро таҳқиқ кардаст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ба намояндагони ин қавм тавсия дода буд, ки худро чун “диаспора” сабти ном кунанд ва бо ҳамқавмҳои худ дар дигар кишварҳо робита барқарор намоянд. Аммо маълум нест, ки ин аснод барои сабти ном ба мақомоти вилояти Суғд супурда шудааст ё не.
Ба гуфтаи донишманди тоҷик, айни ҳол дар Тоҷикистон тақрибан ҳазор мазанг ба сар мебаранд. Онҳо асосан дар Исфара,ноҳияи Спитамен, дар шаҳрҳои Панҷакент ва Турсунзода сукунат доранд. Шумораи мазангҳо дар шаҳрҳҳои Самарқанд, Бухоро, Намангон ва Бекободи Узбакистон бештар аст.
“МО МАЗАНГЕМ, НА ЛӮЛӢ!”
Абдуманнон Рауфов, мегӯяд, ки мазангҳо аз мардуми маҳаллӣ бо қавораву пӯст ва тарзи либоспӯшияшон фарқ мекунанд. Шеваи ҳарфзании онҳо дурушт аст, “яъне калимаҳоро назар ба тоҷикҳои маҳаллӣ каме дурушттар талаффуз мекунанд”.
Дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”( Душанбе, 2008), “мазанг” чун “яке аз қабилаҳои лӯлиён, лӯлӣ, ҷугӣ”, “сиёҳҷурда”, “сиёҳпӯст” ва ҳатто “шаттоҳ” шарҳ дода шудааст. Дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон, фақат одамони сиёҳҷурдаро истеҳзоомез “мазанг” хитоб мекунанд.
Аммо ба гуфтаи мусоҳибони мо , мазангҳо худро лӯлӣ намешуморанд. Абдуманнон Рауфов меафзояд, рағбати ӯ ба пажӯҳиши зиндагии мазангҳо замоне пайдо шуд, ки яке аз онҳо дар сӯҳбат бо раҳгузаре гуфт, “ман ҷӯгӣ нестам, ман мазангам”.
Тилав Расулзода хабарнигори тоҷик, ки низ чанд муддат рӯзгори мазангҳоро пажӯҳиш кардааст, мегӯяд, ки “мазангҳо талбандагӣ намекунанд, балки ба ҳунармандӣ ва соҳибкории хурд машғуланд ва шонаву ойинаву маҳсулоти мисӣ мефурӯшанд. Онҳо зиндагии хуб доранд ва фарзандонашон дар мактабҳои маҳаллӣ таҳсил мекунанд.”
Ба гуфтаи Абдуманнон Рауфов, мазангҳо бисёр урфу одат ва маросимҳои қадимаи худро гум кардаанд. “Ман дар чанд сӯри арӯсии онҳо ҳузур доштам ва навор ҳам гирифтам. Онҳо суннимазҳаб ҳастанд ва дар тӯйҳояшон “сипорахонӣ” мекунанд”. "Сипорахонӣ", ба гуфтаи рӯҳониёни тоҷик, тавсифи Паёмбари Ислом аз тариқи назм, ҳамчунин изҳори дарди дил ва алами сипорахон аст.
Зимнан, ба гуфтаи Тилав Расулзода, мазангҳо арӯсро фақат аз қавми худ интихоб мекунанд. Тӯйи арӯсии мазангҳо бо сӯҳбати орому ботамкин шурӯъ мешавад ва аммо бо “пархош” анҷом меёбад – яъне ҳатман чанд нафар ба сари ҳамдигар мушт мекашанд. “Пархош” маъмулан бо сулҳу оштӣ ва бахшиш поён меёбад. Як мазанг, ки дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худро Қодир муаррифӣ кард, гуфт, ки ин ҷангу хархаша ва оштиву бахшиш як бахши тӯй аст ва барои он аст, ки он маърака дар хотирҳо бимонад.
“ДУМТОЗАК” ВА “МУМТОЗАК” - АРАБӢ Ё ФОРСӢ?
Абдуманнон Рауфов мегӯяд, ки дар бораи ватани аҷдодии мазангҳо иттилои дақиқ мавҷуд нест – бархе мегӯянд, ки онҳо чун лӯлиҳо аз Ҳиндустон ба Осиёи Марказӣ омадаанд, бар пояи ривоятҳои худашон бошад, аҷдодашон аз Алҷазоир ба ин ҷо ҳиҷрат кардаанд. Аммо, меафзояд донишманди тоҷик, забони гуфтугӯии мазангҳо аз арабӣ дур аст, шояд ба истиснои он ки онҳо ҳам ангурро “анабӣ” мегӯянд. “Ман хаёл мекунам, ки забони мазангҳо – забони эронии қарнҳои миёна аст ва бо барбарҳо шояд қаробати бештар дошта бошанд... Баъзе аз калимаҳои онҳо бо забони тоҷикӣ наздиканд, аммо онҳо ҳоло ё истифода намешаванд ё маънои дигар доранд – бигирем, духтарчаи хурдашонро онҳо “думтозак” ва арӯсро “мумтозак” мегӯянд... Онҳо чойро “мевакӣ” меноманд ва ин далолат ба он мекунад, ки гузаштагони онҳо дар наҳор на чой, балки мева ё нӯшокиҳои мевагие чун ғулунгобро истеъмол мекарданд”, мегӯяд муаррихи тоҷик.
Аслан аз нигоҳи Абдуманнон Рауфов, забони мазангҳо бояд хуб омӯхта шавад, зеро аҷаб нест дар он калимаву вожаҳои қадимаву алҳол фаромӯшшудаи тоҷикӣ боқӣ монда бошанд. Тилав Расулзода ҳам мегӯяд, беҳтар мебуд, агар ҳадди аққал донишҷӯёни бахши филологияи донишгоҳҳо таҷрибаи шевашиносии худро дар маҳаллаҳои зисти мазангҳо мегузарониданд. Ӯ меафзояд, “мазангҳо дар хона бо забони хоси худ сӯҳбат мекунанд, то касе аз бегонагон ба ҳарфҳояшон сарфаҳм наравад”. Ҳарчанд, ба гуфтаи мусоҳибони мо, баъзе калимаву вожаҳояшон бо лӯлиҳо як аст – онҳо низ хонаро чун ҷӯгиҳо “дела” мегӯянд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Абдуманнон Рауфов, баъзе мазангҳо кӯшиш мекунанд, ки худро «тоҷик» ё «узбак» муаррифӣ кунанд. “Боре дар як маърака дар паҳлӯи ду нафаре нишастам, ки худро узбак мегуфтанд. Ҳангоми сӯҳбат бо ишора бо пайкараву қиёфаашон гуфтам, ки гузаштаҳои шумо мазанг будаанд. Авзои онҳо беҷо шуд ва гуфтанд, “илтимос, бародар, байни ҳамин мардум кӣ будани моро нагӯед”...
Абдуманнон Рауфов мегӯяд, ки мазангҳо аз тасмими ӯ барои таҳқиқи таърихи омаданашон ба Тоҷикистон истиқбол карданд, зеро онҳо ҳам манфиатдор буданд, ки худро чун қавми алоҳида ва дур аз лӯлиҳо муаррифӣ кунанд. Аммо баъд аз анҷоми таҳқиқот, онҳо худро аз ширкат дар чопи он дур кашиданд ва, ба иқрори Абдуманнон Рауфов, ӯ ҳам маблағе надорад, ки барои нашри китоб сарф кунад.
ҚАВВОЛ – “СУХАНДОН” Ё РАНГФУРӮШ?
Қавволҳо, дигар аз қавмҳои нодири Тоҷкиистон ҳам, худро ҳоло тоҷик муаррифӣ мекунанд. Ҷумъахон Алимӣ, донишманди тоҷик, ки рӯзгори қавволҳоро пажӯҳиш кардаст, мегӯяд, ин қавми муқими шаҳри Кӯлоб бо мардуми маҳаллӣ омезиш ёфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, қавволҳо дар Кӯлоб аз охирҳои қарни 19 ба сар мебаранд ва кӯчаи онҳоро, бо вуҷуди замони шӯравӣ Якуми Май номгузорӣ шуданаш, мардум то ҳол “гузари қавволҳо” меноманд. “Аслан маънои вожаи “қаввол” “сухандон” ё “гӯянда” аст, онҳоро мардум пештар “лӯлиҳои афғон” ҳам мегуфтанд, зеро бар пояи маъхазҳои таърихӣ ҳудуди чаҳорсад нафари онҳо охирҳои асри 19 аз Афғонистон ба Кӯлоб ҳиҷрат карда буданд. Аз ибтидо онҳо ба рангсозиву рангфурӯшӣ, коркарди пӯст ва ҳунарҳое чун заргариву оҳангарӣ машғул буданд", мегӯяд Ҷумъахон Алимӣ. Солҳои баъд онҳо барои тиҷорат ба Самарқанду Бухоро мерафтанд – аз ин шаҳрҳо ба Афғонистон матоъ мебурданд ва аз он ҷо маводи рангубор меоварданд.
Ҷонибек Асрориён, фарҳангшиноси тоҷик мегӯяд, ки қавволҳо як замон зиндагии хоса доштанд ва солҳои шӯравӣ ба тиҷорати рангу сақичу шонаву дигар тавлидот машғул буданд. “Ман то ҳол дар ёд дорам, ки онҳо кӯча ба кӯча мегаштанд ва рангу сақичу ойина ва дигар майда чуйдаҳоро мефурӯхтанд”.
Ба гуфтаи Ҷумъахон Алимӣ, “дар гузари қавволҳо теппаи Хоҷаи Валӣ вуҷуд дошт, ки онро ба номи як лӯлӣ ва зимнан, замоне тухтабойи (мансаб - идора) Кӯлоб, гузоштаанд. Ривоят мекунанд, ки Хоҷаи Валӣ аз зери теппаи гузари қавволҳо симу зари зиёд ёфта сарватманд шуда буд. Қабл аз инқилоби болшевикӣ дар гузари қавволҳо ду масҷид – Масҷиди қавволҳо ва Масҷиди Хоҷаи Валӣ ҳам вуҷуд дошт”.
Мусоҳиби мо мегӯянд, ки қавволҳо кайҳо бо мардуми маҳаллӣ омезиш ёфтаанд ва аз анъанаи қадимаи интихоби арӯсу домод аз миёни ҳамқавмони худ даст бардоштаанд. Теъдоди қавволҳо низ маълум нест - бархе аз онҳо солҳои ахир ба шаҳрҳои Душанбеву Қӯрғонтеппа кӯчидаанд, аммо, ба гуфтаи Ҷумъахон Алимӣ, “қавволҳои муқими Кӯлобро ҳоло ҳам дар бозорҳо шаҳр метавон вохӯрд, ки чун пештара ба рангфурӯшӣ машғуланд, ҳарчанд бо гузашти замон тиҷораташон ҳам тағйир ёфтааст”.
Абдуманнон Рауфов мегӯяд, ки дар Тоҷикистон дигар қавмҳои нодир ҳам зиндагӣ мекунанд. “Фақат дар Исфара солҳои пеш мардуми 27 қавму миллат мезист, баъзе онҳо, аз ҷумла, юнониҳо то ҳол дар муқими Исфараанд ва бо ватани аҷдодияшон робита доранд. Қавмҳои чистонӣ, парёҳо ва ҳатто қавми Маҳмуд Паҳлавони Пӯстиндӯз, ки асосан туркманзабонанд, низ дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва аммо таърихи онҳо ҳанӯз таҳқиқ нашудааст. Ӯ меафзояд, “боре дар маъракае ман ин шеъро қироат кардам
Шоҳӣ талабӣ, бирав, гадои ҳама бош,
Бегона зи хеш, ошнои ҳама бош,
Хоҳӣ, ки туро тоҷ бар сар биниҳанд,
Дасти ҳама гиру хоки пойи ҳама бош!
Яке аз меҳмонҳо гуфт, ки "ин мисраъҳо дар сари қабри Маҳмуд Паҳлавони Пӯстиндӯз катиба шудааст ва мо аз ҳамон қавм ҳастем”.
Донишманди тоҷик меафзояд, ки мутаассифона, имкони пажӯҳиши ин қавмро пайдо накардааст ва аммо аз ҳамон сӯҳбатҳо пай бурд, ки дар забонашон вожаҳои форсии қадим кам нестанд.
Ҷонибеки Асрориён ҳам мегӯяд, дар бораи ҳама қавмҳои нодири Тоҷикистон бояд таҳқиқоти алоҳида анҷом шавад, зеро омезиши онҳо бо мардуми бумӣ идома дорад ва аҷаб нест, ки баъд аз чанд сол ҳам забон ва ҳама урфу одату маросимҳои онҳо пурра аз байн равад...