Роғиён мардуме ҳастанд, ки дар Тоҷикистон бештар дар чанд деҳаи ноҳияи Шӯрообод зиндагӣ мекунанд ва мо зимни таҳияи барномаи «Як рӯз бо шумо» бо зиндагӣ, фарҳанг ва кори онҳо ошно шудем.
Духтаре, ки анъанаи роғиёнро шикаст
Шарифамоҳ Латипова, роғидухтаре дар 20 соли пеш шояд ягона ҷавондухтаре буд, ки пас аз сад солаҳо анъанаи қадимиро шикаст ва бо ҷавоне аз тоҷикони маҳаллӣ издивоҷ кард. То чанд соли пеш издивоҷи роғиён бо мардуми ғайрироғӣ манъ буд. Роғиён ба хотири аз даст надодани ҳувияти худ талош доштанд, то издивоҷҳоро миёни ҳамтаборони худ ба роҳ монанд ва ба ин васила худро аз нобудшавӣ нигаҳ доранд. Аммо Шарифамоҳ мегӯяд, ӯ ҷавонеро аз мардуми Тагноб дӯст дошт ва бо вуҷуди мухолифати наздиконаш ба васли ӯ расид.
«Мо ҳамдигарро дӯст доштем, дигар мухолифатҳоро ба назар нагирифтем. Ишқ ин анъанаро шикаст ва ҳоло дигар роғиён бо дарвозиҳову тагнобиҳо ва тоҷикони дигар ҷо хешу таборӣ мекунанд. Лекин пештар ин чиз хеле анъанаи сахт буд. Духтарро ба дигарон намедоданд. »
«Нана, парсими, лойстар», вожаҳои нофаҳмо
Аммо пас аз издивоҷ ин оилаи ҷавон дар фаҳмидани ҳамдигар аз лиҳози забони мушкил пайдо карданд. Аруси хонадон баъзан ҳарфҳое ба забон меовард, ки барои шавҳар ва пайвандони ӯ нофаҳмо буд. Нуралӣ Сиддиқов, шавҳари ин зани роғӣ мегӯяд, лаҳҷаи ҳамсараш тафовут дошт.
Ӯ гуфт: «Вақте ба хонаи мо омад, бо лаҳҷаи худ гап мезад. Падарро «да» мегуфт, модарро «нана ё ма». Наварус буд, гуфтем, ки аз берун чизеро биёр гуфт, ки «лойстра». Ҳама ҳайрон шуд. Баъдан фаҳмидем, ки ӯ гуфтан мехоҳад, ки роҳ лой аст. Ё ин ки бачаи гурбаро бағҷик мегуфт. Бори дигар гуфт, ки «дам саргбрина». Маънояш падарам барои саргинбурӣ ба ферма рафтааст. «Парсими саг грфта бдм», яъне қариб, ки саг гирифта буд. Калимаҳои зиёди лаҳҷавӣ истифода мебурд. Ҳоло мо ҳамдигарро мефаҳмем.»
Шоири ошиқе, ки роғиёнро муаррифӣ кард
Ишқ ин анъанаи қадимии роғиёнро шикаст ва маҳз дар 50 соли пеш ишқи як ҷавони роғӣ бо ҷавондухтари роғӣ ин мардумро барои аввалин бор дар тамоми Тоҷикистон муаррифӣ кард. Соли 1964-ум Радио Тоҷикистон, ки он замон ягона василаи хабаррасонӣ ва дилхӯшии мардуми кишвар буд, суруди дилнишинеро бо номи «Гулдухтараки роғӣ» пахш кард, ки садҳо нафарро бо вожаи роғ ошно кард. Ин шеър тариқи фалаки роғӣ сароида шуд ва маҳз пас аз ин ҳам роғиён ва ҳам фалаки роғӣ муаррифӣ шуд. Раҷабалии Роғӣ, ошиқ ва муаллифи ин шеър мегӯяд, донишҷӯ буд ва ба духтари дигари донишҷӯ, ки ҳамтабори худ буд, дилбаст ва дар заминаи ин муҳаббат шеър эъҷод шуд.
«Донишҷӯ будам. Донишҷӯён бо муаллимони худ синфхонаҳоро таъмир мекарданд. Дидам, ки духтари зебое синф таъмир мекунад. Ба ӯ дилбастам ва фаҳмидам, ки ӯ ҳам роғӣ ҳаст. Ин шеър эҷод шуд:
Эй духтари роғӣ гули рӯи ту чароғам,
Ман низ яке булбули шурида зи роғам.
Пас баҳри чӣ бар мо на саломе на ҷавобе,
Чун мегузарӣ дар назарам баҳри ту доғам.»
Модари Зардушт роғӣ буд
Ин ишқи Раҷабалии Роғӣ ба ҷуз ин шеър, ки вожаи роғиро барои аввалин бор дар Тоҷикистон муаррифӣ кард, дигар ҳеҷ ҳосиле надод. Танҳо пас аз ним асри эҷоди ин шеър Холмуҳаммад Сафарзодаи Роғӣ, ба пажӯҳиши таърих, зиндагӣ ва маконҳои зисти роғиён шурӯъ кард. Ин пажӯҳишгари тоҷик пас аз даҳ соли таҳқиқ ба хулосае расидааст, ки роғиён, ягона қавми қадимии ориёӣ ҳастанд, ки то имрӯз ҳайсияти нажодии худро ҳифз кардаанд.
Ӯ гуфт: «Модари Зардушт, нафаре, ки бобҳое аз китоби «Авесто»-ро навиштааст, аз Роғи Афғонистон буд. Ба сарчашмаҳои авестоӣ такя кунем, роғиён ҳанӯз дар асарҳои 6-7 дар сарзамини Роғ зиндагӣ мекарданд. Дар «Авесто» модар нана зикр шудааст, ки то ҳанӯз роғиён модарро нана мегӯянд. Ақидае ҳаст, ки роғиён мегӯянд, ки аз Даҳбеди Самарқанд омадаанд. Гӯё дар замони Темуриён ба Даҳбед ҳуҷум мекунанд ва мардуми Даҳбед гурехта ба минтақаҳои Зарафшону Кӯлобу Роғи Афғонистон ҳиҷрат мекунанд. Аммо таҳқиқи илмии собит кард, ки роғиён аз Даҳбед наомадаанд, балки ин сарзамин худ кӯҳанбунёд аст ва қабл аз ҳуҷум ба Даҳбед маъхазҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки роғиён ин ҷо зиндагӣ мекарданд.»
Ба гуфтаи ин пажӯҳишгари тоҷик, вожаи роғ, форси қадим буда, ба маънии «мардумони кӯҳистонии боғдор» омадааст. Холмуҳаммад Сафарзодаи Роғӣ мегӯяд, мардуми роғӣ аз Роғи Афғонистон бинобар зулми ҳокимони паштутабор дар охирҳои асрҳои 17 ба Шӯроободи Тоҷикистон омадаанд. Дар водиҳо онҳоро қабоили кӯчманчӣ фишор меоваранд ва онҳо дар мавзеи сардтарин, ки дигар он ҷо касе зиндагӣ намекард, муқимӣ мешаванд. Ҳоло ҳам дар деҳоте, ки роғиён дар Шӯрообод зиндагӣ мекунанд, зимистон шаш моҳ давом мекунад ва сардии ҳаво дар зимистон то 20 дараҷа мерасад.
Ёри Роғӣ, сокини дигари маҳаллаи Роғиёни Шӯрообод мегӯяд, то зулми ҳокимони паштутабори Афғонистон ба мардуми роғӣ дар фолклори ин мардум ба таври шеър ҳифз шудааст. Ин порчае аз шоири номаълум аст, ки ба гуфтаи Валии Роғӣ аҳволи асри 17-и мардуми роғро тасвир мекунад.
«Амалдорони золимро ба мулки Роғ сар доданд,
Гирифтан зулм пеша, тамоми халқ дар доданд,
Гирифта нотавононро тавоноро гузар доданд,
Агар ҳарфе байён созам сарам бар дор мегарад.
Абдураҳмон Муродмадов, сокини маҳаллаи Роғиёни Шӯрообод мегӯяд, то солҳои 1930 роғиёни Тоҷикистон ва роғиёни Афғонистон бо ҳам иртибот доштанд, аммо чун марзҳоро Шӯравӣ мустаҳкам кард, дигар ин робита қатъ шуд.
«Он вақт Роғи Афғонистону Тоҷикистони ҳозира ба Бухорои Шарқӣ итоат мекарданд ва онҳо як мардум буданд. Бузургсолони мо нақл мекарданд, ки моро барои обод кардани сарзамини Терай муҳоҷир кардаанд. Дар ҳамин ҷо омаданд ва боқӣ монданд. Ҳоло ба боғдориву зироаткорӣ машғулем.»
Сарояндаи фалак роғиён буданд
Насриддин Суфиев, марди дигари роғӣ мегӯяд, ҳоло роғие нест, ки боғ ва асп надошта бошанд.
«Мо роғиён аз ҳамон пеш хонаҳое месохтем, ки аз хонаҳои дигар мардум фарқ дорад. Хонаҳои роғиён агар нек назар кунӣ ҳамеша сеошёна буд. Дар зери хонаҳо подвал доранд ва дар болои хона ҳам тавре болопӯш кардаанд, ки имкони зистан мумкин аст. Бештар роғиён ба асп шавқ доранд ва бузкаширо нағз мебинанд.»
Аммо миёни ин мардум фалак мақоми хос дорад. Холмуҳаммад Сафарзодаи Роғӣ мегӯяд, аввалин сарояндаи фалак роғиён буданд ва то ҳол фалаки роғӣ миёни мардум бо ҳамин ном маъруф аст.
Дар ноҳияи Шӯрообод наздики даҳ ҳазор аз мардумони роғӣ зиндагӣ мекунанд ва инчунин қисмате аз ин мардум дар ноҳияи Мастчоҳ, Рӯдакӣ, Варзоб ва Ванҷ зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистону Афғонистон ба гуфтаи пажӯҳишгарон шумораи роғиён, ки бо чеҳра ва лаҳҷаи хоси худ тафовут доранд, наздики 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.