Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯгиёни Тоҷикистон ҳам ба мардикорӣ мераванд...


Рӯзи гусели мардикорон аз деҳаи ҷӯгиён
Рӯзи гусели мардикорон аз деҳаи ҷӯгиён

Дар Рӯзи ҷаҳонии ҷӯгиён нигоҳе афкандем ба вазъи лӯлиёни Тоҷикистон дар як деҳае, ки он ҷо сарҷамъона зиндагӣ мекунанд.

Лӯлӣ ё ҷугиёни имрӯза дар Тоҷикистон дарс мехонанд, сари компютер мешинанд, телефони ҳамроҳ доранд ва аз фанновариҳои нави иттилоотӣ ба гунаи фаровон истифода мекунанд. Кам ё беш бо чорводорӣ ва тиҷорат шуғл меварзанд, дар тӯю сури худ ҳунармандони шинохтаи кишварро даъват ва ҳамроҳашон рақсу бозӣ мекунанд, аммо бо ин ҳама одати қадимии худ -- талбандагиро канор намегузоранд ва онро пешае ҳамчун мероси бобоӣ меноманд.

Яке аз онҳо, Мирзоалӣ Шарбатов, сокини деҳаи Кофирқалъаи ноҳияи Шаҳринав мегӯяд: «Касби талбандагиро мо партофта наметавонем, зеро он аз бобову бобокалонҳомон мерос мондагӣ, бе ин наметавонем."

Сокинони ин деҳа, ки наздик ба 250 нафаранд, асосан як шуғл -- талбандагӣ доранд. Танҳо бархе аз онҳо мактабу донишгоҳ хонда, соҳиби касбҳои дигар аз ҷумла, муаллимӣ ё ронандагӣ мекунанд.

Лулиҳои Тоҷикистон мегӯянд, онҳо аз Ҳинд омада ва дар Осиёи Миёна маскун шудаанд. Аз ин ру баъзан худро тоҷик, узбак ва афғон ном мебаранд. Вале онҳо забони хоси пинҳонии худро доранд, ки дар ҳузури бегонагон бо он забон суҳбат намекунанд.

Бино бар омори расмӣ, дар Тоҷикистон наздики 1500 ҷугӣ ё лулиҳо зиндагӣ доранд ва маҳалли сукунати онҳо манотиқи води Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҳаст. Онҳо бо мардумони дигар издивоҷ карданро намепазиранд ва омехта нашудаву вижагиҳои аҷдодии худро ҳифз мекунанд. Аммо "насими замона" ба онҳо ҳам асар кардааст, ки гуруҳ-гуруҳ барои мардикорӣ ба Русия мераванд.

Ин навори видео дар рӯзе бардошта шуд, ки тасодуфан ду нафар аз деҳаи Кофирқалъа бо мақсади кор дар сохтмон озими Русия буданд ва ними деҳа ба гусели онҳо баромада буд:

Як рӯз аз ҳаёти ҷӯгиён
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00
XS
SM
MD
LG