Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар ноҳияи Навкат сабаби марги 8 кас шудааст


Навкат, 29-уми июни 2024
Навкат, 29-уми июни 2024

Бар асари омадани сел дар ноҳияи Навкати Қирғизистон ҳашт кас ҷон бохтааст.

Шаш нафари онҳо аз 8 то 19-сола ҳастанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯзи 29-уми июн хабар дод, ки ду нафари онҳо шаҳрвандии ин кишварро доранд.

Сел дар ноҳияи Навкати Қирғизистон рӯзи 28-уми июн омад.

Дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа вазъи фавқулода эълом шуда, беш аз 1300 нафарро ба ҷойи амн кӯчондаанд.

XS
SM
MD
LG