Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишони дувуми биринҷии паҳлавонони тоҷик дар Гран-Прии Тошканд


Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (акс аз бойгонӣ)
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (акс аз бойгонӣ)

Дар рӯзи ниҳоии ин сабқати дзю-до дар пойтахти Узбакистон бахт ба рӯи боз як паҳлавони тоҷик - Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - хандид.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо, яке аз даврҳои Гран-при дар Тошканд ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар рӯзи дувуми мусобиқот дар Тошканд - 6-уми октябр мардон дар ду вазни боқимонда (-100 кг ва +100 кг) қувваозмоӣ карданд. Паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кг дар нахустин қувваозмоияш бар гуштигири Узбакистон Мӯҳриддин Бутаев ғолиб омад. Вале дар даври дувум аз Давид Моура (Бразилия) мағлуб шуд. Баъдан Муҳаммадмурод бар намояндаи Украина Станислав Бондаренко пирӯз гашт. Паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум бар рақибаш Свен Ҳейнле аз Олмон дастболо шуд ва бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир - Табризшо Парпишоев, Саидмухтор Расулов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Фарҳод Раҳимов, Саидҷалол Саидов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+ 100 кг) шомил буданд.

Комроншоҳи Устопириён (акс аз бойгонӣ)
Комроншоҳи Устопириён (акс аз бойгонӣ)
Дар рӯзи аввали мусобиқот – 5-уми октябр мардон дар 5 вазн (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг ва -90 кг) рақобат карданд. Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг нахуст бар рақибаш Айбол Айитбек аз Қазоқистон пирӯз шуд, вале баъдан аз варзишгари Узбакистон Шералӣ Ҷӯраев мағлуб гашт. Сипас ӯ бар Тома Сергий аз Имороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омад. Комроншоҳ барои ҷойи севум Камолиддин Холматови узбакистониро шикаст дод.

Дарвоқеъ, Комроншоҳи Устопириён, чанд рӯз пеш дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо, яке аз даврҳои Гран-при дар Алмаатои Қазоқистон низ барандаи медали биринҷӣ гардида буд.

Вале дар пойтахти Узбакистон дар вазни то 73 кг паҳлавонони тоҷик – Табризшо Парпишоев аз Помбо Да Силва (Бразилия) ва Саидмухтор Расулов аз Миралӣ Шарифов (Узбакистон) дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.
Гуштигирони тоҷик дар вазни то 81 кг низ ноком шуданд. Саидҷалол Саидов дар даври аввал аз Валерий Чиска (Имороти Муттаҳидаи Араб) ва Фарҳод Раҳимов аз Темурхон Тӯраев (Узбакистон) мағлуб гаштанд.

Дар ин мусобиқа, ки дар маҷмаъаи варзишии «Узбакистон» баргузор шуд,154 варзишгар (99 марду 55 зан) аз 21 кишвар ширкат доштанд. Онҳо дар ҳафт вазн барои ба даст овардани медалҳо ва имтиёзҳо дар рейтинг ё феҳристи ҷаҳонии дзюдо, инчунин, ҷоизапулӣ талош карданд. Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти байналмилалии дзюдо - Гран-при дар Тошканд:

Мардон

-60 кг
1. Шарофиддин Лутфуллоев (Узбакистон)
2. Геворг Геворкян (Украина)
3. Херлен Ганболд (Муғулистон)
3. Диего Сантос (Бразилия)

-66 кг
1. Мирзоҳид Фармонов (Узбакистон)
2. Батгерел Баттсетсег (Муғулистон)
3. Леандро Кунҳа (Бразилия)
3. Андраз Ҷереб (Словения)

-73 кг
1. Миралӣ Шарифов (Узбакистон)
2. Помбо Да Силва (Бразилия)
3. Тсаганбаатар Хошбаатар (Муғулистон)
3. Виктор Сквортсов (Иморот)

-81 кг
1. Травис Стевенс (ИМА)
2. Амир Наҷот Қосимӣ (Эрон)
3. Ҳаннес Конрад (Олмон)
3. Яҳё Имомов (Узбакистон)

-90 кг
1. Шералӣ Ҷӯраев (Узбакистон)
2. Эркин Дониёров (Узбакистон)
3. Дилшод Чориев (Узбакистон)
3. Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон)

-100 кг
1. Соиб Қурбонов (Узбакистон)
2. Рамзиддин Саидов (Узбакистон)
3. Карл-Ричард Фрей (Олмон)
3. Дмитро Лучин (Украина)

+100 кг
1. Андре Брейтбарт (Олмон)
2. Болтабой Болтаев (Узбакистон)
3. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (Тоҷикистон)
3. Давид Моура (Бразилия)

Бояд тазаккур дод, ки дар ин мусобиқот мунтахаби Узбакистон бо теъдоди аз ҳама бештари гуштигирон – 48 нафар (28 мард ва 20 зан) ширкат дошт. Шумораи гуштигирони Қазоқистон 25 нафар (12 мард ва 13 зан), Бразилия 12 нафар (6 мард ва 6 зан), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 10 нафар (6 мард ва 4 зан), Украина 8 нафар (ҳама мардон), Ҳиндустон 8 нафар (4 мард ва 4 зан), Муғулистон 7 нафар (6 мард ва 1 зан), Тоҷикистон ва Олмон 6-нафарӣ (ҳама мардон), Имороти Муттаҳидаи Араб 5 нафар (ҳама мардон), Исроил 5 нафар (ҳама занон), Эрон 4 нафар (ҳама мардон) буд. Аз Беларус 2 мард, Хорватия 2 зан, Австрия 1 мард ва 1 зан, Белгия 1 зан, Габон 1 мард, Гватемала 1 мард, Ҷопон 1 мард, Русия 1 мард ва Словения 1 мард иштирок карданд.

Баъди ҷамъбасти мусобиқот миёни мардону занон мунтахаби Узбакистон бо касби 13 медал (5 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) ғолиб шуд. Бразилия бо касби 8 медал (3+2+3) дар ҷойи дувум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 4 медал( 1+3+0) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар байни 16 кишваре, ки соҳибони медалҳо шуданд, ҷойи 13-умро азони худ кард.
XS
SM
MD
LG