Дар ин мусобиқа, ки дар маҷмаъаи варзишии «Узбакистон» идома дорад,154 варзишгар (99 марду 55 зан) аз 21 кишвар ширкат доранд. Онҳо дар ҳафт вазн барои ба даст овардани медалҳо ва имтиёзҳо дар рейтинг ё феҳристи ҷаҳонии дзюдо, инчунин, ҷоизапулӣ талош мекунанд. Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомиланд: Табризшо Парпишоев, Саидмухтор Расулов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Фарҳод Раҳимов, Саидҷалол Саидов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+ 100 кг).
Дар рӯзи аввали мусобиқа – 5-уми октябр мардон дар 5 вазн (-60 кг, -66 кг, -73 кг, -81 кг ва -90 кг) рақобат карданд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг нахуст бар рақибаш Айбол Айитбек аз Қазоқистон пирӯз шуд, вале баъдан аз варзишгари Узбакистон Шералӣ Ҷӯраев мағлуб гашт. Сипас ӯ бар Тома Сергий аз Имороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омад. Комроншоҳ барои ҷойи севум Камолиддин Холматови узбакистониро шикаст дод.
Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён, чанд рӯз пеш дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо, яке аз даврҳои Гран-при дар Алмаатои Қазоқистон низ барандаи медали биринҷӣ гардида буд. Вай дар вазни то 90 кг бар рақибонаш аз Қазоқистону Украина пирӯз шуд, вале баъдан аз варзишгари Узбакистон Хуршед Набиев мағлуб гашт. Комроншоҳ барои ҷойи севум як гуштигири русиягиро шикаст дод.
Дар шаҳри Тошканд паҳлавонони дигари тоҷик – Табризшо Парпишоев дар вазни то 73 кг аз Помбо Да Силва (Бразилия) ва Саидмухтор Расулов аз Миралӣ Шарифов (Узбакистон) дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Дар вазни то 81 кг низ гуштигирони тоҷик ноком шуданд. Саидҷалол Саидов дар даври аввал аз Валерий Чиска (Имороти Муттаҳидаи Араб) ва Фарҳод Раҳимов аз Темурхон Тӯраев (Узбакистон) мағлуб гаштанд.
Имрӯз, 6-уми октябр, мардон дар ду вазни боқимонда (-100 кг ва +100 кг) қувваозмоӣ мекунанд. Паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кг дар нахустин қувваозмоияш бо гуштигири Узбакистон Мӯҳриддин Бутаев рақобат хоҳад кард.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти байналмилалии дзюдо - Гран-при дар Тошканд:
Мардон
-60 кг
1. Шарофиддин Лутфуллоев (Узбакистон)
2. Геворг Геворкян (Украина)
3. Херлен Ганболд (Муғулистон)
3. Диего Сантос (Бразилия)
-66 кг
1. Мирзоҳид Фармонов (Узбакистон)
2. Батгерел Баттсетсег (Муғулистон)
3. Леандро Кунҳа (Бразилия)
3. Андраз Ҷереб (Словения)
-73 кг
1. Миралӣ Шарифов (Узбакистон)
2. Помбо Да Силва (Бразилия)
3. Тсаганбаатар Хошбаатар (Муғулистон)
3. Виктор Сквортсов (Иморот)
-81 кг
1. Травис Стевенс (ИМА)
2. Амир Наҷот Қосимӣ (Эрон)
3. Ҳаннес Конрад (Олмон)
3. Яҳё Имомов (Узбакистон)
-90 кг
1. Шералӣ Ҷӯраев (Узбакистон)
2. Эркин Дониёров (Узбакистон)
3. Дилшод Чориев (Узбакистон)
3. Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон)
Бояд тазаккур дод, ки дар ин мусобиқа мунтахаби Узбакистон бо теъдоди аз ҳама бештари гуштигирон – 48 нафар (28 мард ва 20 зан) ширкат дорад. Шумораи гуштигирони Қазоқистон 25 нафар (12 мард ва 13 зан), Бразилия 12 нафар (6 мард ва 6 зан), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 10 нафар (6 мард ва 4 зан), Украина 8 нафар (ҳама мардон), Ҳиндустон 8 нафар (4 мард ва 4 зан), Муғулистон 7 нафар (6 мард ва 1 зан), Тоҷикистон ва Олмон 6-нафарӣ (ҳама мардон), Имороти Муттаҳидаи Араб 5 нафар (ҳама мардон) Исроил 5 нафар (ҳама занон), Эрон 4 нафар (ҳама мардон), Беларус 2 мард, Хорватия 2 зан, Австрия 1 мард ва 1 зан, Белгия 1 зан, Габон 1 мард, Гватемала 1 мард, Ҷопон 1 мард, Русия 1 мард ва Словения 1 мард иштирок мекунанд.
Баъди натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқот миёни мардону занон мунтахаби Узбакистон бо 9 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми аввал мебошад. Бразилия бо 7 медал (3+2+2) дар ҷойи дувум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 3 медал( 1+2+0) дар ҷойи севум қарор доранд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар байни 16 кишваре, ки соҳибони медалҳо гаштаанд, дар ҷойи 13-ум аст.