Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз худиҳо ё муҳоҷирон - аҳолии Русия аз кадом ҳисоб зиёд мешавад?


Мақомоти рус мегӯянд, ки 90 дарсади афзоиши аҳолии Русия дар соли 2015-ро муҳоҷирони хориҷӣ ташкил додаанд, ки дар он саҳми муҳоҷирони кории тоҷик низ ҳаст.

Бино ба маълумоте, ки Хадамоти федеролии омори давлатии Русия ё "Росстат" чоп кардааст, дар соли 2015 аҳолии Русия 239 400 нафар зиёд шудааст ва аз онҳо 212 909 нафар муҳоҷироне мебошанд, ки шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Танҳо 24 500 нафар кӯдакони навзод ҳастанд, ки дар ин сол ба дунё омадаанд, дар ҳоле ки як соли пеш ин рақам ба 37 ҳазор кӯдак мерасид.

Боз ҳам касе гуфта наметавонад, ки ин кӯдакон дар кадом оилаҳо ба дунё омадаанд, дар оилаҳои аҳолии таҳҷоӣ ва ё кӯдакони навзоди муҳоҷирони хориҷӣ, ки шаҳрвандии Русияро доранд. Вале ин нукта рӯшан аст, ки дар Русия дар соли 2015 нисбат ба як соли пеш 8300 кӯдак камтар ба дунё омадааст.

Коҳиши афзоиши аҳолӣ ба коҳиши муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия низ иртибот мегирад. Дар соли 2015 вуруди муҳоҷирон ба Русия коҳиш ёфтааст ва бино ба гузориши "Росстат" ё Хадамоти федеролии омори давлатии Русия, “мигрантооборот” ё вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон 47,8 дарсад кам шудааст, ки он аз ҳар кишвари дигар бештар мебошад. Дар мақоми дуввум бо 42,6 дарсад Узбакистон қарор дорад.

Коршиносон мегӯянд, аксари муҳоҷирон ба сабаби поин рафтани арзиши рубли русӣ дар баробари доллар Русияро тарк кардаанд. Аз кишварҳои дигари Шӯравии пешин низ вуруди муҳоҷирон ба Русия коҳиш ёфтааст. Чунин омил ҳатто боиси коҳиши афзоиши аҳолӣ дар Русия дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 шудааст.

Кӯдакони рус. Акс аз бойгонӣ.
Кӯдакони рус. Акс аз бойгонӣ.

Татяна Акопова, ҷомеашиноси рус дар Маскав бо назардошти гузориши “Росстат” мегӯяд, ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки на танҳо вуруди муҳоҷирон дар соли 2015 ба Русия камтар шудааст, балки муҳоҷироне ҳам, ки дар Русия кору зиндагӣ мекарданд, ба ватани худ баргаштаанд. Татяна Акопова бӯҳрони иқтисодиро сабаби поин рафтани афзоиши аҳолӣ дар Русия медонад.

Ба гуфтаи Татяна Акопова, “дар қадами аввал вуруди муҳоҷирон ба Русия камтар шуд. Гузашта аз ин муҳоҷироне, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ кор мекарданд, ба сабаби ташдид ёфтани қонунҳом муҳоҷират ва бӯҳрони иқтисодӣ Русияро тарк карданд. Таваллуди кӯдакон ҳам нисбат ба соли 2014 камтар шудааст. Ҳамаи ин ба мизони афзоиши аҳолӣ таъсири манфӣ расондааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандони Шӯравӣ ба Русия ҳанӯз ҳам идома дорад”.

ИМТИЁЗ БА МОДАРОНИ СЕРФАРЗАНД

Тибқи барномаҳои таъмини афзоиши аҳолӣ, Русия барои хонаводаҳое, ки дорои се фарзанд мебошанд, замин ҷудо мекунад, то онҳо барои худ хона созанд. Дар чунин ҳолат, агар ин нуқта дар назар гирифта шавад, ки мардуми Осиёи Миёна ба таври суннатӣ хонаводаҳои серфарзанд мебошанд, ин тавр нахоҳад шуд, ки муҳоҷирони дорои шаҳрвавндии Русия аз ин кишварҳо бештар соҳиби имтиёз шаванд?

Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Абдулло Давлатов, таҳлилгари умури муҳоҷират бовар надорад, ки Русия аз ҳисоби аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳолиашро афзоиш диҳад ва онҳо дар ин кишвар тадриҷан бо гузашти вақт бартарӣ пайдо кунанд. Вай мегӯяд, Русия барои ин кор барномаҳои ҳисобшуда дорад: “Русия ҳеҷ вақт намехоҳад, ки аз ҳисоби тоҷику узбак ё қирғиз аҳолиаш зиёд бошад. Барои ҳамин давлат ҳамаи чораҳоро дида буд, ки аз мардуми таҳҷоии худаш аҳолиро зиёд кунад. Вале сабаби кам шудани зоиш, мушкилоти иқтисодӣ мебошад”.

Бо вуҷуди ин, оқои Давлатов мегӯяд, аз Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандӣ бештар ҷавононе талош мекунанд, ки дар Русия таҳсил кардаанд. Ниҳодҳои зидахли Русия низ худашон коршиносони варзидаро аз Тоҷикистон ё кишварҳои дигар ба кор даъват мекунанд. Соҳибкороне ҳам ҳастанд, ки як миқдор маблағ дар бонкҳои Русия мегузоранд ва бидуни навбат соҳиби шаҳрвандӣ мешавад. Чунин кор дар кишварҳои дигари ҷаҳон ҳам вуҷуд дорад. Ин бад-он маъност, ки маблағҳои чунин соҳибкорон барои сармоягузорӣ дар иқтисоди Русия истифода хоҳад шуд.

РУСҲО ҲАМ МУҲОҶИРАТ МЕКУНАНД

Хусрав Аюбов, коршиноси тоҷики умури муҳоҷират дар Маскав хуруҷи худи шаҳрвандони Русия ба кишварҳоли дигарро омили дигари коҳиши афзоиши аҳолӣ медонад: “Ҳар сол аз 200 то 220 ҳазор нафар худи русҳо низ аз Русия баромада ба кишварҳои аврупоӣ ва ба Амрико барои зиндагии доимӣ мераванд. Имсол каме бештар аст ва шумораашон ба бештар аз 230 ҳазор мерасад. Ин нишонаи он аст, ки худи русҳо низ ояндаи зиндагии хуби худро дар Русия тасаввур карда наметавонанд. Онҳо низ маҷбур мешаванд, ки муҳоҷир шаванд”.

Хусрав Аюбов мегӯяд, ҳар сол Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳади нисоб ё квота муайян мекард, то онҳо соҳиби шаҳрвандӣ шаванд. Вале ба ҷуз аз квота ононе низ ҳастанд, ки ҳуҷҷати ҳақи зисти муваққатӣ ё “разрешиние на временное проживание” мегиранд. Изофа бар ин, гурӯҳи дигар санади иҷозаи зист ё “Вид на житеьство” дарёфт мекунанд. Дар маҷмӯъ шумораи чунин одамон дар як сол фақат аз Тоҷикистон ба бештар аз 11 ҳазор нафар мерасад, ки бо гузашти марҳилаҳои зарурӣ, ҳатман шаҳрванди Русия мешаванд. Тибқи маълумоти ахир, ҳоло дар Русия бештар аз 740 ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ ин нуқтаро низ истисно намедонанд, ки баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайдо кардани кори доимӣ ва дарёфти шаҳрвандӣ бо шаҳрвандони Русия оила барпо мекунанд, гарчӣ дар Тоҷикистон низ оила доранд. Ҳатто никоҳҳои дурӯғин дар миёни тоҷикон зиёд аст ва онҳо дар ин кор баъд аз Украинаву Узбакистон дар мақоми севвум қарор доранд.

XS
SM
MD
LG