Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб. 6 зан аз шавҳарони муҳоҷирашон алимент ситониданд


Ҷамолбӣ Зарифова, сокини ноҳияи Мӯъминобод аз ҷумлаи занонест, ки тавонист бо кӯмаки созмонҳои ҷамъятӣ аз шавҳари муҳоҷираш алимент ситонад.
Ҷамолбӣ Зарифова, сокини ноҳияи Мӯъминобод аз ҷумлаи занонест, ки тавонист бо кӯмаки созмонҳои ҷамъятӣ аз шавҳари муҳоҷираш алимент ситонад.

Шаш зани сокини Кӯлоб шавҳарони муҳоҷири худро, ки солҳои тӯлонӣ ҳеҷ иртиботе бо хонаводаҳои худ надоштанд, барои рӯёнидани алимент аз Русия пайдо кардаанд.

Мавриди нодир аст, ки занҳои тоҷик бо талошҳои зиёд ҷои кори шавҳарони худро дар Русия пайдо мекунанд ва ҳақи фарзандони худро аз маоши онҳо тариқи додгоҳ мерӯёнанд. Тибқи қавонини Тоҷикистон, дар сурати ҳузур надоштани падар дар кишвар ва ё дақиқ набудани ҷои кори ӯ, имкони рӯёнидани алимент вуҷуд надорад.

Ҷамолбӣ Зарипова, сокини ноҳияи Мӯъминобод аз ҷумлаи он занҳоест, ки ба гуфтаи худ шавҳараш ӯро бо ду кӯдак талоқ дода ба Русия рафт, вале бе ному нишон шуда, ҳеҷ кӯмаке ба хонавода намекард. Ахиран, Ҷамолбӣ бо кӯмаки созмонҳои ҷамъиятӣ шавҳари худ ва ҷои кори ӯро дар Русия пайдо кард ва ҳоло ҳар моҳ ба ӯ 2 ҳазор рубли русӣ ҳудуди 300 сомонӣ алимент мефиристад. Ин зан мегӯяд, агар кӯмаки созмонҳои ҷамъиятӣ ба ӯ намерасид, ҳеҷ гоҳ шавҳар ва ҷои кори ӯро пайдо карда наметавонист.

«Бовар надоштам, ки ҷои кори ӯро меёбам. Лекин кӯмаку ёрдам карданд ва ӯро ёфтем ва се моҳ шуд, ки алимент медиҳад. Духтари калонам синфи як мехонад ва духтари хурдиам чор сола ҳаст. Духтаронам ҳоло дар хонаи падарам ҳастанд ва худам дар як ошхона пешхизмат кор мекунам.»

Ҷамолбӣ мегӯяд, 8 соли зиндагӣ зери фишори шавҳар қарор дошт ва болои ин боз ӯву фарзандонашро партофта, ба Русия рафт. Ин зан зиндагӣ бидуни кӯмаки мард дар Тоҷикистонро мушкил медонад ва мегӯяд, маҳз ба ҳамин хотир барои дарёфти алимент талош кардааст.

Аммо Раҷабалӣ Қувватов, шавҳари ин зан мегӯяд, ҳамсараш бо ҳар баҳонаи ночиз бо ӯ ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол мекард ва дигар таҳаммули зиндагӣ бо ӯро надошт. Шавҳари ин зан гуфт, дар Тоҷикистон ҷои кор надошт ва наметавонист, талаботҳои беҳаду канори ҳамсари худро қонеъ созад. Ин мард, ки аз Русия тариқи телефон бо мо сӯҳбат мекард, гуфт: «Ҳақоратҳои бемаънӣ мекард ва ҳар куҷое, ки мехост, мерафт. Бо падару модарам созиш намекард. Хонаи иҷора гирифта ба Душанбе рафтем, вале нашуд. Зане, ки шавҳарро гӯш накунад, дигар бо ӯ чӣ хел зиндагӣ мекунӣ? Як рӯз даъвои сахт шуд ва ман оҳиста тарки Тоҷикистон кардам. »

Шумораи занҳое, ки шавҳаронашон онҳоро раҳо карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, зиёд аст. Давоми ду соли ахир беш аз ду сад нафар занони муҳоҷир барои кӯмак ба созмони ҷамъиятии «Шаҳрванд» дар Кӯлоб муроҷиат кардаанд. Лутфулло Расулов, ҳуқуқшиноси ин созмон мегӯяд, барои аввалин бор ба онҳо имкон даст дод, ки 6 тан аз шавҳарони ин занҳои партофташудаи муҳоҷирро пайдо кунанд ва тариқи додгоҳ барои фарзандонашон алимент супоранд.

Ӯ гуфт: «Ин занҳо бо фарзандони худ дар нимароҳи зиндагӣ мондаанд. Ягон кӯмак бархе занҳо аз шавҳаронашон намегиранд. Муҳоҷирон бархе аз сабаби бебарорӣ ва бархеи дигар бинобар оилаи нав барпо кардан ба хонаводаҳои худ кӯмак намерасонанд ва аз хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон фаромӯш мекунанд. Ҳар кӯмаке, ки аз дасти мо меомад, барои онҳо анҷом медодем.»

Баҳси зану шавҳарон гуногун аст. Маъмулан зан бо далел шавҳар ва шавҳар бо далел занро дар бадбахтии худ гунаҳкор медонанд. Дар ин миён танҳо ояндаи фарзандон норӯшан боқӣ мемонад.

Ҷамолбӣ мегӯяд, ҳоло фарзандонаш ба падараш нафрат пайдо кардаанд ва ҳатто намехоҳанд, исми ӯро бишунаванд. Ба гуфтаи ӯ, боре шавҳараш тариқи телефон бо духтаронаш сӯҳбат кард, аммо вақте ӯро ҳақорат карданд, ӯ гириста телефонро хомӯш кард ва дигар ба фарзандон тамос намегирад.

Раҷабалӣ мегӯяд, ҳамсараш кӯдаконашро дар Тоҷикистон тарбияи нодуруст медиҳад ва ба ин хотир ӯро таҳқир мекунанд. Ӯ ояндаи фарзандонашро ба Худо ҳавола кардааст ва мегӯяд, агар бузург шуданд, ҳамчун падар эътирофаш карданд, хуб, вагарна боке нест.

Аз Тоҷикистон ба Русия тибқи иттилои расмӣ беш аз 800 ҳазор нафар ва тибқи иттилои ғайрирасмӣ беш аз як миллион муҳоҷир расмӣ ба сар мебарад. Занҳое, ки шавҳаронашон онҳоро талоқ дода, ғайб мезананд, бинобар пайдо накардани ҷои кори ӯ наметавонанд, ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Бори аввал аст, ки 6 зани маҳаллӣ бо кӯмаки созмонҳои ҷамъиятӣ имкони гирифтани алимент аз шавҳарони дар Русия пинҳон шудаашонро пайдо кардаанд. Ба гуфтаи масъулони созмони «Шаҳрванд», ин нафарон аз 2 то 10 сол ҳамсару фарзандони тоҷики худро суроғ намекардаанд.
XS
SM
MD
LG