Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷират. Раванде, ки коми хонаводаҳоро талх кардааст


Бо он ки пули муҳоҷирон барои дар як ҳолати нисбатан мӯътадил нигоҳ доштани вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон хидмат мекунад, ҳамзамон ин муҳоҷирати густарда ба зиндагии наздикон таъсири манфӣ низ мерасонад.

Хонаводаҳои муҳоҷирон пас аз сафари саробони оилаҳо ба муҳоҷират тамоми ғурбатро бо ҳама маҳрумиятҳову мушкилиҳояш таҳаммул мекунанд. Занони ҷавони онҳо дар зодгоҳ ба ҷои шавҳарон бори рӯзгорро бо ҳама сангиниҳояш бар дӯш мегиранд. Аммо дар баъзе маворид муҳоҷир ба ватан барнамегардад ва арӯси ҷавону ва падару модари пири худро рӯ ба раҳми худо мегузорад.

Тибқи иттиллои расмии мақомоти Тоҷикистон, дар соли 2013 беш аз 6000 хонаводаҳои тоҷик баъди ду-се моҳи зиндагӣ аз ҳам пошидаанд. Гуфта мешавад, ки муҳоҷирати корӣ низ ба афзудани шумораи талоқҳо бетаъсир намондааст.

Бо вуҷуди ҳушдори рӯҳониён, бархе аз муҳоҷирон боз ҳам ҳамсарҳои худро аз тариқи СМС талоқ доданд ва фарзандони худро бепадар гузоштанд. Бо афзоиши муҳоҷирати корӣ ба Русия, шумори афроди беномунишоншуда ҳам афзоиш меёбад. Дар ҳоли ҳозир беш аз 1000 шаҳрванди тоҷик дар рӯйхати афроди ломакон ворид шудаанд.

Рӯзгори аксари хонаводаҳои тоҷик асосан аз пули муҳоҷирони корӣ аст, ки теъдоди онҳо танҳо дар Русия беш аз миллион гуфта мешавад. Муҳоҷирони корӣ дар сол беш аз 3 миллиард долларо ба Тоҷикистон ворид мекунанд.

Се нафар аз наздикони муҳоҷирони кории тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз рӯзгори худ қисса карданд ва онҳо гуфтанд, муҳоҷирати густурда шаҳди зиндагии онҳоро талх кардааст.

Зиндагии наздикони муҳоҷирон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:42 0:00
XS
SM
MD
LG