Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бачаҳои муҳоҷирон сози аввал дар Маскав хоҳанд шуд


Ин хонаводаи муҳоҷирон дар канори Маскав зиндагӣ мекунад
Ин хонаводаи муҳоҷирон дар канори Маскав зиндагӣ мекунад

Аз фарзандони муҳоҷирони кунунӣ ғолибан насле бармехезад, ки аз созҳои аввал дар ҷомеаи Маскав хоҳад шуд.

Чунин аст як хулосаи асосии маркази таҳқиқотии “Среда” аз пурсиши назари 400 муҳоҷир дар навбатҳои Хадамоти муҳоҷирати Русия дар тобистони имсол. Раҳбари ин барнома Алина Багрина мегӯяд, муҳоҷирон дар Маскав ҳанӯз худро чандон озоду бароҳате ҳис намекунанд, ки, барои мисол, ҳамтоёни онҳо дар Лондон. Вале ба бовари ӯ, фарзандони ин мардум, ки дар як шароити пур аз маҳрумият ба воя мерасанд, бо азми худ ба пешрафту кордонӣ ва обутобу таҷрибае, ки дар тӯли “набардашон барои бақо” ҳосил мекунанд, ҷойгоҳи баландтареро соҳиб хоҳанд шуд.

Роман Лункин, масъули тарҳи “Харитаи динҳову миллатҳо” дар маркази “Среда” ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин тамоюл ва тағйири батадриҷи ҷойгоҳ ва мақоми муҳоҷирон дар ҷомеаи Русия як раванди табиист. Ба ақидаи ӯ, ҷомеаи кунунии Русия, аз ҷумла Маскав, дигар мулзам аст, ин таҳаввулро бипазирад ва дидгоҳи бегонабадбинии ҳанӯз роиҷро ба ҳусни таҳаммули бештар нисбат ба мардуми омад иваз кунад.

Роман Лункин афзуд, ҳадафи онҳо аз ин назархоҳӣ сохтани як тасвир, ё портрети демографиву иҷтимоии муҳоҷири миёна дар Маскав буд, ки оё дар ғурбат дар чӣ шароитеву бо чӣ ҷаҳонбиниву чӣ эҳсосе ба сар мебарад? Фикраш дар бораи ҷониби мизбон, яъне сокинони бумии Маскав чист? Ва оё фикри омӯхтани забони русиву гирифтани шаҳрвандӣ, яъне фикри ба истилоҳ “об шудан”, ё адаптатсися дар ҷомиаи Русияро дар сар мепарварад?

Ӯ афзуд, як натиҷаи асосии ба дастомада аз ин таҳқиқот ин аст, ки ба сурати умум “одамони хуб ба Маскав меоянд, нафароне ки омода ба иҷрои ҳар коранд, ба наздикони худ кумак мерасонанд ва эътиқоди мазҳабии ин тоифа ва ҳам эҳтироми онҳо ба арзишҳои суннатиашон чунон қавист, ки онҳоро аксаран аз рафтан ба "роҳҳои бад" нигоҳ медорад.

Маркази пажуҳишии "Среда"-и Русия дар миёни муҳоҷирон назарпурсӣ гузаронда, мушаххас кардааст, ки 54 дарсади муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд, санади иқомат дар ин кишварро ба даст оранд. Ин афрод гуфтаанд, зиндагӣ дар Русияро афзал мешуморанд ва барои зиндагии доимӣ омодаанд.

Шумораи чунин афрод дар миёни муҳоҷирони қирғиз дар Русия 42 фоиз ва узбакҳо 29 дарсад будааст. Пажуҳишгарон мегӯянд, барои чунин натиҷагирӣ наздики 400 муҳоҷирро мавриди пурсиш қарор доданд, ки бештар аз 90 фоизашон мардҳо буда, аз 18 то 34 сол доштанд.

Аз ин теъдод 38 дарсад шаҳрвандони Узбакистон, 24 дарсад сокинони Тоҷикистон ва 23 дарсад қирғизҳо будаанд. Ба қавли пажуҳишгарон, аз чор се ҳиссаи муҳоҷирон дар Русия оилаашонро дар ватан гузошта ва пули ёфтаашонро ба онҳо мефиристанд.

Дар мавриди ҳаҷми маош ҳамагӣ 7 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки беш аз 30 ҳазор рубли русӣ мегиранд. Аксарияти муҳоҷирон дар як моҳ ҳудуди 15-20 ҳазор рубли русӣ бадаст меовардаанд, ки бештар аз ду ҳазор сомонист.

Муҳоҷирати корӣ сарчашмаи аслии даромади аксар хонаводаҳо дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар соли гузашта муҳоҷирони тоҷик ҳудуди чаҳор миллиард доллар ба кишвар пул фиристодаанд. Бино бар иттилои расмӣ дар ҳашт моҳи гузаштаи соли ҷорӣ аз кишвар 637 ҳазор нафар ба муҳоҷират рафтаанд, ки 77 ҳазору 147 нафарашонро занон ташкил доданд.

Тайи ин муддат ба Ватан ҳамагӣ 336 ҳазор муҳоҷир баргаштаанд, ки наздики 50 ҳазораш занон мебошанд. Созмонҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ҳудуди ду миллион сокини Тоҷикистон барои дарёфти рисқу рӯзӣ ба муҳоҷирати корӣ дар Русия рӯ овардаанд.
XS
SM
MD
LG