Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФМС барҳам хӯрд. Муҳоҷиронро чӣ интизор аст?


Пас аз дувоздаҳ соли фаъолияташ Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ФМС) ба ҳайси як ниҳоди мустақил барҳам хӯрд ва ба ҳайати Вазорати корҳои дохилии он кишвар шомил гардид.

Баъд аз 12 соли фаъолияташ Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ФМС) рӯзи панҷуми апрел барҳам хӯрд ва аз як ниҳоди мустақил ба ниҳоди зертобеи Вазорати корҳои дохилии он кишвар табдил ёфт. Номи ин хадамот тайи ду соли охир ва махсусан баъд аз ҷорӣ кардани патент, имтиҳони забону таърих ва ташхиси тиббии муҳоҷирон вирди забонҳо шуда, касе аз он бо дилгармӣ ёд намеовард.

Берун рафтани муҳоҷирон аз марзи Русия ва бозгашти дубора барои сабтиноми расмӣ яке аз дигар аз ихтироҳои ин ниҳод буд, ки фақат сабаби саргардонии муҳоҷирон мешуд ва онҳо барои як мӯҳр дар давоми як соат гӯё Русияро "тарк мекарданд ва боз дубора ба Русия баргашта меомаданд". Гузашта аз ин, Хадамоти федеролии муҳоҷират масъулиятҳои ҷиддитаре, аз қабили додани шаҳрвандии Русия ба хориҷиён ва ё бекор кардани шаҳрвандӣ, додани раводиди даромад ба Русия ва баромад аз Русия, ихроҷи муҳоҷирони хориҷӣ ва манъи вуруди онҳоро ҳам бар ӯҳда дошт.

Акнун, ки ин ниҳод ба Вазорати корҳои дохилӣ мепайвандад, чӣ тағйиротро дар бахши муҳоҷират метавон интизор шуд? Дар гуфтугӯе аз Абдулло Давлатов, таҳлилгари умури муҳоҷират дар Маскав, нахуст аз ӯ пурсидем, чӣ зарурате пеш омадааст, то ҳукумати Русия даст ба тағйироти сохторӣ занад ва Хадамоти федеролии муҳоҷиратро барҳам диҳад?

Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Абдулло Давлатов: "Таҳримҳо ва бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ба ҷое расидааст, ки дар ҳамаи сохторҳо барои кам кардани харҷи буҷа баъзе тасмимҳоро пешгӯӣ мекунанд. Дар зимн, ихтисори коргарон ва ихтисори баъзе сохторҳо дар назар дошта шудааст. Ба фикри ман, сабабаш ҳамин аст. Сабаби дигар дар худи Хадамоти федеролии муҳоҷират нуҳуфтааст, ки яке аз фасодзадатарин сохторҳои ҳукуматӣ дониста мешуд ва онро ҳама медонистанд ва ҳатто дар сатҳи болоӣ низ дар ин бора мегуфтанд. Ман ҳамин ду омилро сабаби барҳам додани ФМС медонам."

Озодӣ: Чунин тағйироти сохторӣ ба нафъи муҳоҷирони кории хориҷӣ, аз ҷумла ба нафъи муҳоҷирони кории тоҷик аст ва ё фикр мекунед мушкилиҳои тоза пеш меорад?

Абдулло Давлатов: "Гумон намекунам, ки чунин дигаргунии сохторӣ ба куллӣ вазъи муҳоҷирони кориро тағйир бидиҳад. Ин бозиҳои сохтории худи ҳукумати Русия аст, ки сабабашро гуфтам. Барои ҳамин, таъсири манфӣ ё мусбати назаррас намерасонад. Вақтҳои охир мебинем, ки ба баҳонаи ҷустуҷӯи ифротиён ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ фишорҳо зиёд мешаванд. Ба ҳар роҳе талош мекунанд, ки саффи муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия камтар шавад, барои он ки ҳоло ҷойҳои корӣ нест. Дар минтақаҳои Русия мардум аз кори корхонаву ширкатҳо ихтисор мешаванд. Фаъолияти тиҷоративу соҳибкорӣ кам мешавад. Бо назардошти ин мушкилиҳои дохилии худ, Русия мехоҳад саффи муҳоҷирони хориҷиро камтар кунад."

Озодӣ: Бархе аз таҳлилгарони рус мегӯянд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия зиёд шудаанд, аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик. Фикр намекунед, ки баъд аз ин тағйироти сохторӣ сахтгириҳое ҷорӣ шавад ва ба ҷустуҷӯи муҳоҷирони кории ғайриқонунӣ пардозанд ва онҳоро аз Русия берун кунанд?

Абдулло Давлатов: "То ду соли пеш шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ зиёд буд. Баъд аз ҷорӣ кардани патент теъдоди чунин муҳоҷирон хеле кам шудааст. Ҷойҳои корӣ нест. Музди кор хеле ночиз шудааст. Боз ҳам мегӯям, ки сабаб ҳамон таҳримҳои зидди Русия ва бӯҳрони иқтисодии ин кишвар аст. Барои ҳамин, муҳоҷирони кории хориҷиро кам ва ҷойҳои кориро барои шаҳрвандони Русия озод мекунанд."

Маркази Сахарово дар Маскав
Маркази Сахарово дар Маскав

Озодӣ: Фикр мекунед, акнун бо додани хадамоти муҳоҷират ба вазорати корҳои дохилӣ фасод ё ришваситонӣ аз муҳоҷирон кам мешавад?

Абдулло Давлатов: "Агар Вазорати корҳои дохилӣ, ки нисбат ба Хадамоти муҳоҷират камтар фасодзада буд, фасодзадаҳоро ихтисор ва аз рӯи қонун кор кунад, шояд вазъ беҳтар шавад. Бояд аз 36 ҳазор нафар 11 ҳазор корманди Хадамоти федеролии муҳоҷират ихтисор шаванд. Аммо боздошту ихроҷи муҳоҷирон кам намешавад, барои он ки сабабҳо дигар аст."

Озодӣ: Тартиби гирифтани патент ва гирифтани шартномаи корӣ аз корхонаву ширкатҳо ихтирои Хадамоти муҳоҷират аст. Оё гирифтани патенту шартнома тибқи қонунҳои як-ду соли пеш ҳамин тавр боқӣ мемонад?

Абдулло Давлатов: "Шояд дар ин замина баъзе тағйирот пеш ояд, барои он ки Хадамоти муҳоҷират як ниҳоди тақрибан қудратӣ буд, вале ба як сохтори тиҷоратӣ табдил ёфта буд. Дар наздикии Маскав як маркази фурӯши патент боз карданд, бо номи Маркази муҳоҷирони Сахарово ва он як маркази тиҷоратӣ аст. Бисёриҳо, ҳатто таҳлилгарони худи Русия дар ҷаласаҳо мегуфтанд, ки чӣ тавр як сохтори қудратӣ дар назди худ сохтори дигари тиҷоратӣ боз кардааст ва ҳамаи корҳоро тавассути ин маркази тиҷоратӣ анҷом медиҳад. Инро қонуншиканӣ медонистанд. Яъне, қонуншиканӣ аз худи боло сар мезад. Шояд ин корҳоро акнун вазорати корҳои дохила дар назар бигирад. Мушкилиҳо ҳам зиёд мешавад. Ман гумон мекунам, ки шояд баъзе самтҳои кориро аз вазорати корҳои дохила бигиранду ба сохторҳои дигар диҳанд. Масалан, тақсими квотаҳои корӣ, назорат дар марз ва мисли инҳо. Шояд баъзе тағйироти дигар низ дар пеш ҳаст."

XS
SM
MD
LG