Қарор аст ҳафтаи оянда дар шаҳри Маскав бо ширкати раҳбарони ҷамъиятҳои муҳоҷирони кории кишварҳои мухталиф, аз ҷумла ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик ҳамоише баргузор ва дар он мавзӯи “Ришвахорӣ дар сохторҳои Хадамоти Федеролии Муҳоҷират”-и Русия баррасӣ шавад.
Дар Русия мавзӯи ришвахорӣ дар сохторҳои муҳоҷират дар миёни муҳоҷирони кории хориҷӣ ба мавзӯи доғи кору зиндагии онҳо табдил ёфтааст. Чунин ба назар мерасад, ки худи муҳоҷирони корӣ ба ин мушкили иҷтимоӣ тан додаанд, зеро қодир нестанд бар зидди ришвахории ин сохторҳо мубориза кунанд.
Ба ин далел акнун яке аз марказҳои таҳқиқотии Русия дар “Мактаби олии иқтисодӣ” мехоҳад ин мушкилро бо кӯмаки созмонҳои иҷтимоӣ ба баррасӣ бигирад ва пешниҳодҳои худро ба Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия бидиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар давоми ду соли охир ин хадамот патенти корӣ ва ҳар гуна имтиҳону молиётро бар дӯши муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ бор кард, ки аксари коршиносон дар давраи бӯҳрони молии Русия онро василаи пур кардани будҷаи Русия арзёбӣ карданд ва дар ин муддат миллионҳо доллар аз киссаи муҳоҷирон ба будҷаи Русия рехт.
Чун дар ин бора Русия қонунҳои марбутаро ба тасвиб расондааст, касе ба он эрод намегирад, балки эрод ба ин аст, ки дар зимн сохторҳои Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия аксар вақт бар иловаи патенту пардохтҳои дигари расмӣ бидуни ришва ба гуфтаи маъруфи мардумӣ “кори муҳоҷирро буд намекунанд”.
Чунин раванд шояд марказҳои иҷтимоиро низ ба ташвиш овардааст ва акнун мехоҳанд ин масъаларо ошкоро ба баррасӣ бикашанд ва аз роҳҳои “дипломатияи мардумӣ” ин нигарониро ба гӯши мақомоти муҳоҷирати Русия бирасонанд.
Дар мусоҳибае аз Муҳаммад Амин Маджумдер-раҳбари Федератсияи Муҳоҷирони Русия пурсидам, чӣ омил сабаб шуд, ки маҳофили иҷтимоии Русия саранҷом ин масъаларо ба баррасӣ мегузоранд?
Маджумдер: Он чӣ ба ришвахорӣ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия дахл дорад, бояд бигӯем, ки дар ин бора борҳо худи раҳбарони баландпояи Русия низ ишораҳо кардаанд ва ин масъала барои касе пинҳон ё махфӣ нест. Ин масъала ба таври ошкоро дар миёни мардуми Русия баррасӣ мешавад. Вале масъалаи муҳим ин аст, ки чунин падида то чанд вақти дигар давом хоҳад кард, зеро аз он ҷомеаи Русия ва муҳоҷирон зарар мебинанд ва ба эътибори худи давлат низ зарба мезанад. Ин чорабиние, ки ба нақша гирифта шудааст, барои ҳали ҳамин масъала ва танзими он пешбинӣ мешавад. Мехоҳанд дар ин ҳамоиш роҳҳои муттамадини ҳали онро пайдо кунанд.
Суол: Чун ин масъала ба хадамоти муҳоҷират ва ҳукумати Русия иртибот дорад, оё онҳо низ дар ин ҳамоиш ширкат хоҳанд кард?
Маджумдер: Маъмулан дар чунин ҳамоишҳо намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ ширкат меварзанд. Барои мо маълум нест, ки аз Хадамоти Федеролии Муҳоҷират киҳо меоянд. Вале дар ҳамоишҳое, ки аз хадамоти муҳоҷират интиқод мекунанд, онҳо саъй мекунанд, ки худро дар канор нигоҳ доранд. Раҳбарони ҷамъиятҳои муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ дар он ширкат ва дар бораи намунаҳои ин мушкил дар ҷамъиятҳои худ сӯҳбат мекунанд. Онҳо шояд барои ислоҳи чунин вазъ пешниҳодҳои худро низ дошта бошанд.
Суол: Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар матбуот хабарҳое ба нашр мерасад, ки гӯё Хадамоти Федеролии Муҳоҷират дар Русия барҳам мехӯрад. Чун кори шумо бо ин хадамот тамосҳо доред, ба шумо дар ин бора маълумоте расидааст?
Маджумдер: Ин як ниҳоди муҳим барои танзими сиёсатҳои муҳоҷиратии Русия мебошад. Масъалаи барҳам хӯрдани Хадамот баррасӣ нашудааст, балки масъалаи ба вазорат табдил додани он ба миён ниҳода шудааст. Шояд онро ба вазорати муҳоҷират табдил диҳанд ва ба он салоҳиятҳои бештар диҳанд. Ҳоло фақат баррасиҳо давом дорад ва ҳукумат тасмиме нагирифтааст. Хадамот ҳар вақт наметавонад бо ҳукумат тамоси мустақим дошта бошад. Агар ба вазорат табдил шавад, дар он сурат вазорат дар пешбурди сиёсатҳои муҳоҷиратии Русия салоҳиятҳои нав ва бештар пайдо мекунад. Бо назардошти равандҳои муҳоҷират дар ҷаҳон, ба вижа дар Аврупо Русия низ барномаҳои муҳоҷиратии худро ба ин равандҳо мутобиқ мекунад.