Вазорати тандурустии Русия тарҳи тағйирот ба қонун дар бораи тартиби вуруду хуруҷ ба ин кишварро пешниҳод кардааст. Бар асоси ин тарҳи пешниҳодӣ, ки рӯзи 15 март дар сомонаи вазорати тандурустии Русия нашр шудааст, шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ танҳо дар сурати доштани полис (суғурта)-и тиббӣ метавонанд аз марзи Русия убур кунанд.
Вазорати тандурустӣ пешниҳод кардааст, ки мӯҳлати ҳадди ақали суғуртаи тиббии хоҳишмандони сафар ба Русия на камтар аз 90 рӯз ва лимити суғурта на камтар аз 2 миллион рубл, муодили тақрибан 30 000 доллар бошад. Талаби дигар ин аст, ки матни суғурта бояд ҳатман ба забони русӣ бошад.
Ба ҳисоби мақомоти Русия, дарёфти чунин суғуртаи ҳатмӣ барои ҳар хоҳишманди сафар ба Русия дастикам 10 000 рубл, ё ҳудуди 145 доллар бо қурби имрӯзаро ташкил хоҳад дод. Яъне дар сол харҷи ҳар муҳоҷири корӣ дар Русия аз ҳисоби суғуртаи тиббии ҳатмӣ боз ба тақрибан 600 доллари дигар хоҳад афзуд.
Ин маҳдудияти нав дар роҳи сафар ба Русия ба сайёҳон зиёд таъсир надорад, чунки ширкатҳои сайёҳӣ харҷи суғуртаи муштариёнашро низ ба нархи роҳхати сафар шомил мекунанд. Бовар меравад, ки аз ин пешниҳод бештар аз ҳама муҳоҷирони корӣ зарар мебинанд.
Бино ба ҳисоби ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – то 1 март дар ин кишвар 9,9 миллион шаҳрванди хориҷӣ кору зиндагӣ мекард. Аз ин шумор 2,5 миллионаш атбои Украина, 2 миллиону 90 ҳазор аз Узбакистон ва 862 ҳазораш аз Тоҷикистон будаанд.
Дар сурати пазируфта шудани пешниҳоди вазорати тандурустии Русия, ин зери 10 миллион муҳоҷири хориҷӣ маҷбур мешаванд бар иловаи патент ва ДМС (добровольня медицинская страховка) – суғуртаи арзонтарини тиббӣ – ва дигар ҳазинаҳои будубошашон дар ин кишвар боз 600 доллар аз даромади худро сарфи суғуртаи тиббӣ кунанд. Он ҳам дар ҳоле ки сатҳи даромади муҳоҷирон ба далели бӯҳрони иқтисодии Русия ва уфти қурби рубл дар муқобили доллар дар ин авохир аз 2 то 3 маротиба коҳиш ёфтааст.
Анора Бишеева, ҳуқуқшиноси маркази “Муҳоҷират ва қонун”, яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар шаҳри Маскав рӯзи 16 март дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи пешниҳодии вазорати тандурустии Русия суолҳои зиёдеро халқ мекунад: “Пеш аз ҳама, суол ин ин аст, ки хоҳишмандони сафар ба Русия ин суғуртаи тиббиро бояд аз куҷо бигиранд? Агар аз ширкатҳои суғурта дар кишварҳои худ, пас бояд вазоратҳои тандурустии ҳар кадоми ин кишварҳо бо Русия созишномаи ҳамкорӣ дошта бошанд, ки заминаи қонунии истифодаи суғуртаи он кишварҳо дар Русияро фароҳам биорад. Ҳоло шумо бо суғуртаи тиббии Тоҷикистон ё Узбакистон ба кумаки бепули тиббӣ дар Русия умед баста наметавонед.”
Як шарти дарёфти патент барои муҳоҷирон ҳоло ҳам доштани суғуртаи тиббист. Аксари ин мардум суғуртаи арзонтарин бо номи ДМС-ро интихоб мекунанд, ки ҳудуди 2500 рубл нарх дорад ва танҳо расондани кумаки тиббии оҷил дар сурати таҳдид ба ҳаёти ӯро замонат медиҳад. Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, ба онҳо шикоятҳои зиёде мерасад, ки ин мардумро бо ДМС дар бемористонҳо қабул намекунанд ва дар бархе мавридҳо ҳатто хадамоти “Ёрии таъҷилӣ”, вақте ба онҳо бо лаҳни шикастаи хоси зодагони Осиёи Марказӣ ё Қафқоз барои ёрии тиббӣ муроҷиат мекунанд, дархосташонро намепазирад.
Мақомоти вазорати тандурустии Русия дар шарҳи пешниҳоди худ мегӯянд, ки полиси тиббии ҳатмӣ бо хадамоти тиббӣ фаро гирифтани миллионҳо шаҳрванди хориҷиро замонат медиҳад. Мақомоти Маскав қаблан гуфта буданд, ки танҳо шаҳрдории пойтахти Русия ҳар сол барои табобати муҳоҷироне, ки суғурта надоранд, то 2,5 миллиард рубл сарф мекунад.
Аммо ҳомиёни ҳуқуқ ба паҳлуи иқтисодии пешниҳод таъкид мекунанд ва бар инанд, ки вазорати тандурустӣ ва ширкатҳои суғурта зоҳиран мехоҳанд аз ҳисоби муҳоҷирон камбуди маблағгузориашро, ки дар ин даврони мушкилоти молии Русия маҳсустар шудааст, пур кунанд. Бино ба ҳисобҳо, дар сурати пазируфта шудани пешниҳоди вазорат, солона аз ҳисоби бимаи ҳатмии 10 миллион муҳоҷир ба хазинаи ширкатҳои суғурта тақрибан 6 миллиард доллар маблағи изофӣ хоҳад рехт.