Файзигул Назарова, духтари 28-солаи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофеа, ки ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад, пас аз чанд рӯзи боздошт раҳо шудааст. Як нафари наздик ба хонадони Назарзода, ки нахост номаш оварда шавад, гуфт, мақомот аз Файзигул дар бораи нақшаҳои падараш ва пинҳонгоҳи эҳтимолии ӯ пурсон шудаанд. Ин манбаъ гуфт, ки "Файзигул дар озодист, аммо ҳолати рӯҳиаш чандон хуб нест, аз ин рӯ наметавонад, бо касе сӯҳбат кунад”. Ин пайванди Назарзода ҳамчунин гуфт, ки Абдураҳмон, шавҳари Файзигул Назарова ҳанӯз ҳам дар боздошт қарор дорад. Духтари Абдуҳалим Назарзода соҳиби чаҳор кӯдаки хурдсол аст.
Ин хонум гуфт, аз замони фирори ногаҳонии Абдуҳалим Назарзода то ба имрӯз на худи ӯ ва на наздиконаш, ки эҳтимолан бо ӯ ҳастанд, бо хонавода дар тамос нашудаанд. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки домоди Абдуҳалим Назарзода ва чанд домоди бародаронаш низ аз манзилҳои зисташон боздошт шудаанд. Ӯ гуфт, Назарзода 7 бародар ва ду хоҳар дорад. Ҳоло бародаронаш бо номи Абдукарим, Абдураҳим, Мирзоҳаёт ва Ҷамол боздошт шудаанд, аммо ду бародари дигараш бо номи Низом ва Салим эҳтимолан ҳамроҳи худи ӯ ҳастанд. Як бародари дигараш бо номи Ғолиб дар Русия ба сар мебарад.
Ҳамсӯҳбати мо баръакси гузоришҳои расмӣ танҳо ду ҳамсар доштани Назарзодаро тасдиқ кард ва айни замон гуфт, ки генерал бо ҳамсари дуввумаш солҳои зиёд зиндагии муштарак надошт. Писараш Иброҳим аз ҳамсари дуюмаш донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда ҳоло дар боздошт қарор дорад. Ду писари дигараш аз ҳамсари аввалааш бо номи Бахтиёр ва Муҳаммад аз субҳи чоруми сентябр ба ин сӯ нопадид ҳастанд ва тахмин меравад, ки онҳо бо падари худ фирор кардааст. Ӯ гуфт, то замони боздошташон аксари наздикони Назарзода аз чизе хабар надоштанд: “Мо аз чизе хабар надоштем ва то ҳол боварамон намеояд, ки Ҳоҷӣ чунин кор карда бошад. Бародараш Мирзоҳаёт ҳамон субҳ, вақте вазъиятро фаҳмид, худаш назди милисаҳо рафту гуфт, ки агар гуноҳашро ёбанд, ба он ҷавоб мегӯяд. Ҳоло мо аз онҳо ҳеҷ хабаре надорем ва намедонем кӣ дар куҷо ҳастанд”, - гуфт хеши Назарзода, ки танҳо ба шарту ном набурдан аз ӯ бо мо сӯҳбат кард.
Ӯ гуфт, ки ҳоло ҳамарӯза хонаҳояшон ҷустуҷӯ мешавад ва тақрибан ҷое намондааст, ки кормандони мақомоти интизомӣ ҷустуҷӯ накарда бошанд. "Ҳоло тамоми хешовандон ва манзилҳои онҳо зери назорати шадид қарор доранд. Падари Абдуҳалим Назарзода чанд соли пеш даргузашта буд, вале модари 78-солааш ҳоло пас аз ин ҳодиса бемори бистарӣ шудааст", - гуфт ин манбаъ дар охир.