Додситонии низомии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати беш аз даҳ низомии собиқ аз сохторҳои вазоратҳои дифоъ ва умури дохилаи Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода пайвастаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Як манбаъ дар додситонии низомии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, бархе аз ин афрод “барои хабар надодан аз ҷиноят” ва бархе дигар ҳамчун “шарики Абдуҳалим Назарзода ва иштирок дар ҳамлаҳои мусаллаҳонаи субҳи 4-уми сентябр дар Ваҳдат ва Душанбе” гумонбар дониста мешаванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ихтиёри тафтишот далелҳое барои айб эълон кардан нисбати ин афрод мавҷуд аст. Ба гуфтаи ин масъул, ки нахост номаш ошкор шавад, эҳтимолан дар ҷараёни тафтишот ҳолатҳои нави ширкати ин нафарон дар ҷиноят собит шавад.
Қаблан вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Мустафо Назаров, подполковник ва Насим Юсупов, майори Вазорати мудофеаи Тоҷикистон барои “огоҳ накардани мақомот аз ҷиноят” хабар дода буд. Ин нафарон дар як гузориши телевизиони давлатӣ ҳам иқрор карданд, ки аз қабл огоҳӣ доштанд, ки ҷинояте бояд содир шавад, вале “аз гумроҳӣ ба мақомот хабар надоданд”. Мақомоти интизомии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзодаро дар таъсиси “гурӯҳи ҷиноятпешаи террористӣ” айбдор медоданд. Дар ҳодисаҳои рӯзи 4 сентябр дар шаҳри Ваҳдат ва Душанбе ҳамла болои шӯъбаи умури дохила ва ҳам посгоҳи милиса сурат гирифт, ки дар натиҷа, 9 ходими ҳифзи ҳуқуқ кушта шуд.
Дар ин 10 рӯзи шурӯи амалиёти зидди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири дифоъ, ба иттилои расмӣ, 100 тарафдори генерали фирорӣ боздошт ва ҳадди аққал 20 нафари онҳо кушта шудаанд. Мақомоти вазорати умури дохилаи мегӯянд, ки Назарзода бо тарафдоронаш дар кӯҳҳои дараи Ромит панаҳ бурдааст. Ҳанӯз амалиёти таъқиби онҳо идома дорад ва мақомот ҳамарӯза дар бораи боздошт ё кушта шудани шуморе аз тарафдорони ӯ хабар медиҳанд. Аз ҷумла, вазорати умури дохила аз саҳми сокинони маҳаллӣ дар ошкор ва боздошт кардани гумонбарони узвият дар гурӯҳи Назарзода изҳори сипос карда, дар як гузорише ҳафтаи гузашта хабар дод, ки 18 тарафдори генерал бо кӯмаки мардум дастгир шуданд.
Дар ҳоле, ки мақомот мегӯянд, ҳадафи Назарзода “бесубот кардани вазъи амниятиву сиёсии кишвар аст”, ҳанӯз маълум нест, ки дар асл ҳадафу сабабҳои ин ҳодисаҳо чист. Алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода ва полковник Ҷунайдуллоҳ Умаров аз рӯи моддаҳои 305 - “хиёнат ба ватан”, 307 (2) - “ташкили иттиҳоди экстремистӣ”, 309 -“тахрибкорӣ” ва 179 - “терроризм”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Мақомот ҳамчунин ӯро дар касбу азхудкунии объектҳои зиёди тиҷоратӣ айбдор мекунанд.