Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши вазир аз кормандони ҳифзи қонун дар амалиёти зидди гурӯҳи Назарзода


Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Дар суханронии худ ба ифтихори рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, вазири корҳои дохилии кишвар аз ҳамлаҳои Абдуҳалим Назарзода ҳам ёдовар шуд.

Дар суханронии худ ба ифтихори рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, вазири корҳои дохилии кишвар аз ҳамлаҳои Абдуҳалим Назарзода (Назаров) ҳам ёдовар шуд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар суханронии худ ба ифтихори 24-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон аз амалкарди генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода чун “хиёнат ба давлату миллат” ёдовар шуд. Матни суханронии вазир дар сайти ВКД Тоҷикистон нашр шудааст.

Дар изҳороти худ Раҳимзода гуфт, ҳуҷуми мусаллаҳонаи гурӯҳи ҷинояткори Абдуҳалим Назаров, ки дар натиҷаи он чанд корманди милиса ҳалок гардиданд, “хиёнат ба давлату миллат, мардуми тараққихоҳи кишвар ва ватани ободу зебо мебошад”. Вазир, ки дар баробари кормандони вазорати умури дохила – яке аз ниҳодҳои калидии масъули амалиёти ҷустуҷӯи генерали фирорӣ, собиқ вазири дифои Тоҷикистон сӯҳбат мекард, вокуниши сареъ ва касбии зердастонашро дар ин ҳодисаҳо ситоиш кард.

Дар маросими идона ба бархе кормандони милиса ҷоизаҳо супурда шуд
Дар маросими идона ба бархе кормандони милиса ҷоизаҳо супурда шуд

Вай гуфт, “ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона кормандони милитсия ин ҳолати ногаҳониро зуд дарк намуда, сари вақт чораҳои зарурӣ андешиданд. Аз ҷумла, прапоршики милитсия Маҳмадов Фозилҷон аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, ҳангоми муқовимати мусаллаҳона се нафарро безарар гардонид, ки ин корнамоии ӯ боиси ақибнишинӣ ва фирор кардани душманони миллат гардид”.

Вазири умури дохила масъулияти ин ҳамлаҳои охирро ба душманони дохилӣ вогузор кардааст, ки, ба гуфтаи ӯ, бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд суботу оромӣ ва пешрафти кишварро халалдор созанд.

Шоми 10 сентябр сомонаи ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки бар тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзҳои 9-10-уми сентябри соли 2015 дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 4 узви гурӯҳи Назарзода кушта шуда, 17 узв дастгир шудааст. Аз ин шумор се нафарашон ихтиёран худро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Инчунин аз нафарони дар боло зикргардида, 8 адад автомати«АКМ», 1 адад пулемёт ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Амалиёти сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат бо ҳадафи боздошти аъзои гурӯҳи террористии Абдуҳалим Назарзода идома дорад.

То кунун мақомоти Тоҷикистон асосан бо пахши гузориш ва хабарҳо аз ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳи силоҳбадастон хабарҳо иктифо мекарданд. Эмомалӣ Раҳмон ду рӯз баъди ҳамлаҳо зимни боздидаш аз шаҳраки Ваҳдат ҳамлаҳои мусаллаҳонаи чоруми сентябр болои ШКД-и маҳаллӣ ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар пойтахтро "кори дасти шахсони нопоку ҷиноятпеша" номид ва гуфт, "қатъиян таъкид месозам, ки шахсони гунаҳкор ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯянд." Ба қавли ӯ, ҳамлаварон қасд доштаанд, ки зиндагии орому осудаи сокинонро халалдор созанд. Президент ваъда дод, ки ин амалиёт дар чанд рӯзи наздик ба анҷом мерасад.

Субҳи 4 сентябр, ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, гурӯҳи мусаллаҳе ба Шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар шаҳри Душанбе ҳамла карда, 9 ходими милисаро ба қатл расонд. Баъди ин, афроди силоҳбадаст ба самти дараи Ромит фирор карданд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин ҳамлаҳо генерал, муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзодаро муттаҳам карданд, ки, ба гуфтаи онҳо, ҳамлаҳои террористӣ анҷом додааст. Худи ҳамон рӯз бо як амри ҳукумати Тоҷикистон, Назарзода аз вазифаи муовини вазир барканор шуд ва ҳоло амалиёти ҷустуҷӯи ӯ идома дорад. Мақомот мегӯянд, Назарзода ва тарафдоронаш дар кӯҳҳои дараи Ромит панаҳ бурдаанд. Аз худи генерали фирорӣ то ҳоло ҳеҷ хабаре нест.

XS
SM
MD
LG