Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Аҳолӣ 18 шарики "Ҳоҷӣ Ҳалим"-ро боздошт карданд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки то ба ҳол 18 нафар аз аъзои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода аз ҷониби мардум боздошт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз оғози амалиёти нерӯҳои интизомӣ алайҳи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим", 18 нафар аз аъзои ин гурӯҳ аз сӯи мардум боздошт шуда ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар супурда шуданд. Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат бо дастгирии сокинон 7 нафар аз аъзоёни ин гурӯҳ ихтиёран худро ба мақомот супурдаанд.

Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз оғози амалиёти нерӯҳои ҳукумати алайҳи ин гурӯҳ, бо кӯмаки мардум 134 яроқу аслиҳа ва лавозимоти гуногуни ҷангӣ ин гурӯҳ дарёфт ва мусодира карда шудааст. ​Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон гуфтааст, афроде, ки дар боздошти афроди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода бо мақомот ҳамкорӣ менамоянд, қадрдонӣ карда мешаванд.

Ба таъкиди вазорат, афроде, ки барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳ ёрӣ мерасонанд менамоянд ё яроқу аслиҳаи онҳоро дарёфт намуда хабар медиҳанд ё оварда ихтиёран месупоранд, тибқи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод буда, мукофотонида мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки то ба ҳол мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ҳудуди 100 нафар аз аъзои гурӯҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва кушта шудани беш аз 20 нафари шарикаш иттилоъ додаанд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ ҳамакнун дар дараи Ромит, дар 50-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон идома дорад.

Субҳи 4 сентябр, ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, гурӯҳи мусаллаҳе ба Шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии вазорати дифоъ дар шаҳри Душанбе ҳамла карда, 9 ходими милисаро ба қатл расонд. Баъди ин, афроди силоҳбадаст ба самти дараи Ромит фирор карданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин ҳамлаҳо генерал, муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзодаро муттаҳам карданд, ки, ба гуфтаи онҳо, ҳамлаҳои террористӣ анҷом додааст. Худи ҳамон рӯз бо як амри ҳукумати Тоҷикистон, Назарзода аз вазифаи муовини вазир барканор шуд ва ҳоло амалиёти ҷустуҷӯи ӯ идома дорад. Мақомот мегӯянд, Назарзода ва тарафдоронаш дар кӯҳҳои дараи Ромит панаҳ бурдаанд. Аз худи генерали фирорӣ то ҳоло ҳеҷ хабаре нест.

XS
SM
MD
LG