Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон ба тарҳи баҳсбарангез дар бораи либосу идгардак имзо гузошт


Эмомалӣ Раҳмон. Шаҳри Душанбе. Акс аз 11-уми июни 2024
Эмомалӣ Раҳмон. Шаҳри Душанбе. Акс аз 11-уми июни 2024

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 20-уми июн ба тарҳи иловаҳои баҳсбарангез ба қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" имзо гузошт.

Тибқи он, "овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона" ва идгардаки кӯдакон манъ аст.

Аз ин пеш, 19-уми июн, Маҷлиси Миллӣ низ онро пазируфт.

Пештар гурӯҳе аз сокинону рӯҳониён дар дохил ва хориҷ ислоҳҳоро дар мавриди идгардак ва манъи либоси ба истилоҳ "бегона" танқид карда, хоҳони бозбинияш буданд.

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон 8-уми майи имсол аз тарҳи иловаҳо ба қонуни танзими ҷашну маросим пуштибонӣ карданд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, он замон сабаби манъи идгардаки кӯдаконро "тарбияи дуруст ва таъмини амнияти онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон" номида буд.

Пешниҳоди манъи либоси ба истилоҳ “бегона”, ки шарҳи ягона надорад, вале бештар пӯшиши исломиро ҳадаф гирифтааст, пас аз мулоқоти президенти Тоҷикистон бо рӯҳониён ба шакли қонун даромад. Эмомалӣ Раҳмон 9-уми марти имсол гуфта буд, ки "бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад.”

Ин тасмим маҳкумияти Иттиҳоди уламои Ислом ва эълони “ҷиҳод” аз сӯи бархе рӯҳониёнро дар Афғонистон дар пай дошт. Чанде аз чеҳраҳои динӣ, кормандони мақомот, устодони донишгоҳ ва блогерон дар Тоҷикистон ба ин даъватҳо вокуниш карданд.

Қонуни "танзими ҷашну маросим" соли 2007 қабул шуд. Таблиғгарони ҳукумат онро "қонуни миллӣ" меноманд, чун аз назари онҳо дар таҷрибаи ҳуқуқии кишварҳои дигар намуна надорад. Мухолифон танқид мекунанд, ки ҳукумат ба воситаи ин қонун ба зиндагӣ, ҷайб ва аз ному насаб то ба масоҳати дасторхону гӯру чӯби онҳо дахолат кард.

XS
SM
MD
LG