Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, ҳамин хел ҳизб аст... намедонам." Дар анҷумани ҲДТ чӣ гузашт?


Ҳизби демократ номзадҳояшро муайян кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки аз соли 1990 борҳо ба ҷиноҳҳо тақсим шудааст, номзадии панҷ намояндаашро ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод кард. Интихобот дар моҳи марти 2025 баргузор хоҳад шуд. Созмону кишварҳои ғарбӣ то ин дам ягон интихоботро дар Тоҷикистон озод надонистаанд.

Шаҳбози Аброр, Фатҳуддин Солеҳов, Зӯҳро Мирзоева, Абдуҷаббор Юлдошев ва Илёсиддин Саидҷаъфаров рӯзи 20-уми декабр номзади Ҳизби демократ ба интихобот пешбарӣ шуданд. Шаҳбози Аброр раиси ҳизб аст, дигарон намояндаи ҲДТ дар Душанбе, Суғд ва Рашт.

Анҷумани 19-уми Ҳизби демократи Тоҷикистон бе баҳсу пурсишу посух гузашт. Вакилон аз ҳамаи пешниҳодҳо бо як овоз ҷонибдорӣ карданд. Чанде аз ҷавонон, донишҷӯёни донишгоҳҳо низ ҳамчун вакил ҳузур доштанд. Бархе ба суолҳои одитарин дар бораи ҳизб посух дода натавонистанд.

Абдураҳмон Додхудоев, донишҷӯйи Коллеҷи рассомӣ ва вакили анҷумани ҲДТ, аз ҷумлаи онҳоест, ки мегӯяд, як моҳ пеш узви ҳизб шудааст. Дар посух ба ин пурсиш, ки ҳадаф аз ширкат дар ин анҷуман чист, ҷавоб дод, ки “намедонам”.

“Дар коллеҷ ба мо гуфтанд, ки ҳамин хел ҳизб ҳаст, мехоҳед узви он бошед, мо ҳам узви ҳамин ҳизб шудем”, -- афзуд ӯ. Ба ин пурсиш, ки раиси Ҳизби демократ кист, ҷавоб дод, ки “намедонам”. Вай ҳамчунин намедонистааст, ки ҳаққи узвият дар ҲДТ чанд сомонист.

Дар анҷумани Ҳизби демократ гуфта шуд, ки рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкили интихоботи шаффофу демократӣ, таъмини мустақилии додгоҳҳо, мубориза бо фасод ва рушди иқтисод аз ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб мебошад.

Фатҳуддин Солеҳов, раиси созмони ҲДТ дар Душанбе, баъд аз поёни нишаст дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “умедворем номзадҳо дар раванди интихобот аз худ фаъолияти босамар нишон медиҳанд".

ҲДТ дар порлумони Тоҷикистон соҳиби як курсӣ буд. Он ҳам Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини ҳизб, ки дар доираи парвандаи "талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" аз ваколаташ маҳрум ва дастгир шуд. Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини ӯ, ҳам дар боздошт аст. Намояндагони Ҳизби демократ дар бораи ин ду нафар ба пурсиши хабарнигорон посух надоданд.

Дар аввали моҳи майи 2024 гурӯҳе, ки худро узви Ҳизби демократ медонистанд, дар ҷаласае раҳбари он Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор ва ба ҷояш рӯзноманигор Шаҳбози Аброрро раҳбар интихоб карданд.

Маҳмадсиддиқи Саид, узви собиқадори ҲДТ, аз раёсати нави ҳизб хост дар ҷомеа фаъол бошанд: “Аз раиси ҳозираи ҳизб, раёсат хоҳиш мекунам, ки барои демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон сахт кӯшиш кунанд. Бояд мо демократияе бисозем, ки Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ яке аз давлатҳои намунавӣ бошад.”

Дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ сабт шудааст, ки бештарашон ҷонибдори ҳукумат гуфта мешаванд. Намояндагони баъзе аз ин ҳизбҳо худро "оппозитсияи созанда" медонанд, аммо намояндагони мухолифон аксари онҳоро "ҳизбҳои кисагӣ" номбар мекунанд.

Рӯзи 2-юми марти соли 2025 Дар Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон баргузор хоҳад шуд. Ҳарчанд Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон ва кишварҳое ба мисли Чину Русия маъракаҳои гузаштаро шаффоф арзёбӣ кардаанд, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳеч яке аз интихоботҳоро шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ надонистааст.

XS
SM
MD
LG