Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти тарафдорони доктор Абдуллоҳ дар Кобул (2 ВИДЕО)


Ҳазорон нафар аз тарафдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба кӯчаҳои Кобул рехтанд ва аз ӯ хостанд, ҳукумати худро таъсис диҳад. Амрико ҳушдор дод, ки ғасби ғайриқонунии қудрат Афғонистонро аз ҳама гуна ёриҳои байналмилалӣ маҳрум хоҳад кард.

Номзад ба президентии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 8 июл дар ҷамъи тарафдоронаш худро пирӯзи давраи дуюми интихобот эълон кард. Вай гуфт: "бидуни ягон шак, мо барандаи ин даври интихоботем." Ӯ афзуд, "мо натиҷаҳои тақаллубиро нахоҳем пазируфт - на имрӯз, на фардо, на ҳеҷ гоҳ."

Суханони Абдуллоҳ дар ҳоле садо доданд, ки ҳазорон нафар аз тарафдорони ӯ ба хиёбонҳои Кобул рехта, аз Абдуллоҳ талаб карданд, ки ҳамчун барандаи интихобот ҳукуматро ташкил диҳад. Аммо доктор Абдуллоҳ тарафдоронашро ба ваҳдат даъват кард. "Мо ҷанги шаҳрвандӣ намехоҳем. Мо бӯҳрон намехоҳем. Мо субот, ваҳдати миллӣ мехоҳем, на ҷудоӣ."

Ин дар ҳолест, ки вазири корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ ҳушдор додааст, агар кадоме аз номзадҳо бо роҳҳои ғайриқонунӣ ҳукуматро ғасб кунад, Афғонистон аз ҳама гуна ёриҳои байналмилалӣ маҳрум хоҳад гашт.

Абдуллоҳ бо ишора ба сафари Керрӣ ба Кобул, ки ба гуфтаи ӯ, қарор аст, рӯзи ҷумъа сурат бигирад, аз ҷонибдоронаш хост, ки барои таъини мавзеъгириаш чанд рӯз фурсат бидиҳанд. Абдуллоҳ ҳамчунин хабар дод, ки бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва бо Ҷон Керрӣ дар мавриди ҳалли бӯҳрони пасоинтихоботӣ телефонӣ сӯҳбат кардааст. Вай гуфт, дар масъалаи натиҷаҳои интихобот зери фишори касе нахоҳад рафт ва аз раъйи мардум то охир дифоъ хоҳад кард. Доктор Абдуллоҳ ҳукумат, кумиссиюни интихобот ва ситоди рақибаш Ашрафғанӣ Аҳмадзайро "секунҷаи тақаллуб" номид ва гуфт, "дар ҳарду даври интихобот овозҳои тозаро ман бурдаам."

Эълони пирӯзии доктор Абдуллоҳ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00
Линки мустақим

Ин изҳороти Абдуллоҳ ва таҷаммӯъи тарафдоронаш дар Кобул дар ҳолест, ки рӯзи 7 июл кумиссиюни интихоботи Афғонистон бо эълони натоиҷи муқаддамотӣ эълон кард, ки дар даври дуюми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ дар таърихи 14 июн Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо касби тақрибан 56,44 дарсади овозҳо пешсаф аст. Абдуллоҳ, бино ба ин натиҷаҳои эълоншуда, 43,56 дарсад раъй гирифтааст. Ҳатто камтар аз 45 дарсаде ки дар даври аввали интихобот ба даст оварда буд. Аҳмадзай дар даври якум ҳамагӣ 31 фоиз овоз гирифта буд.

Дар ин байн тарафдорони Абдуллоҳ дар чанд ҷои Кобул лавҳаҳои бузургеро бо акси Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури феълии Афғонистон поён кашонданд ва пора карданд ва дар ҷои баъзе аз онҳо акси доктор Абдуллоҳро овехтанд. Натиҷаҳои баҳсбарангези интихобот нигарониҳоеро ба миён овардаанд, ки ҷудоии қавмӣ дар Афғонистон фарохтар хоҳад шуд. Аҳмадзай бештар раъйдиҳандагони паштуро аз ҷануб ва шарқ ҷалб карда, тарафдорони Абдуллоҳ бештар тоҷикони шимол ва марказ ба шумо мераванд, яъне хатти ҷудоие, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 хос буд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ фишор меорад, ки интиқоли қудрат дар Афғонистон дар ростои хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин кишвар дар поёни соли 2014 ба гунаи осоишта ҷараён гирад.

Қарор аст, натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентии Афғонистон на дертар аз рӯзи 22-юми июл эълон шаванд.

Аммо ба дунболи эълони натиҷаҳои пешакии даври дуюми интихобот, тарафдорони Аҳмадзай алакай шоми 7 июл барои таҷлили пирӯзӣ ба хиёбонҳои Кобул рехтанд.

Таҷлили тарафдорони Аҳмадзай аз пешсафии ӯ дар даври дуюми интихобот
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00

Ситоди Абдуллоҳ: "Эълони натиҷаи интихобот кудато алайҳи раъйи мардум аст"

Пас аз нашри натиҷаҳои даври дувуми интихоботи Афғонистон, ки дар он Ашрафғанӣ Аҳмадзай пешсаф эълон шуд, ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ онро кудато алайҳи мардум номид.

Муҷибурраҳмон Раҳимӣ, сухангӯи ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба хабарнигорон гуфтааст, "мо ҳеҷ натоиҷи эъломшудаи имрӯз (7 июл) ро намепазирем ва онро кудато алайҳи мардум медонем."

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи душанбе тайи як нишасти хабарӣ натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури он кишварро эълон кард, ки бар пояи он Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо 56, 44 пешсаф мебошад. Рақиби ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ 43,56 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Аҳмадюсуф Нуристонӣ, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дар ин нишасти мизони мушорикати мардум дар даври дувуми интихоботро 8 миллиону 109 ҳазору 403 нафар эълон кард. Дар ҳоле, ки дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон доктор Абдуллоҳ бо 13 дарсад аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай пешдастӣ дошт, ҳоло бар пояи натиҷаҳои эълонкардаи Комиссияи мустақили Афғонистон, доктор Абдуллоҳ аз рақибаш 12 дарсад орои камтар ба даст овардааст.

ВОКУНИШИ АТОМУҲАММАДИ НУР, УСТОНДОРИ ПУРҚУДРАТИ БАЛХ

Дар ҳоле, ки худи доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва дигар шахсиятҳои аршади ситоди Абдуллоҳ то кунун ба эълони натиҷаҳои интихобот вокуниш накардаанд, Атомуҳаммади Нур, волии пурқудрати Балх ва аз раҳбарони Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз он намояндагӣ мекунад, ҳамагӣ чанд лаҳза пас аз эълони натоиҷ, вокуниш нишон дод.

Аттомуҳаммад Нур бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Муҳаммад Муҳаққиқ
Аттомуҳаммад Нур бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Муҳаммад Муҳаққиқ

Дар паёми Атомуҳаммади Нур аз ҷумла омадааст, ки "Ҳамон тавре ки борҳо кӯшидем, то Комиссиюни интихобот ба хостҳои барҳақи мо посух диҳад ва орои сафеду сиёҳро аз ҳам ҷудо ва натоиҷи ҳақиқии орои мардумро эълон кунад, аммо дидем, ки чунин накарданд ва бархилофи хости миллионҳо шаҳрванди ин кишвар, иқдом ба эъломи натоиҷи пур аз тақаллуб намуданд. Дар ҳоле ки натоиҷи эълоншуда ва ҳар гуна иқдомоти комиссиюни интихобот дар адами ҳузури нозирини тими Ислоҳот ва ҳамгароӣ, фоқиди эътибор ва арзиши қонунӣ аст, бовармандии мо нисбат ба комиссиюн ва истиқлолияти он низ комилан аз байн рафта аст."

Оқои Нур аз ҳамаи ҳаводорон ва тарафдорони тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ хостааст, ки бо тамоми имконот ва тавоноӣ, омодаи ҳаракати густурдаи маданӣ ва гузинаҳои дигар ба манзури посдорӣ аз орои худ бошанд.

ВОКУНИШИ АМРИКО

Амрико низ натоиҷи эъломшудаи аввалияи интихоботро қобили тағйир медонад. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, "мо натоиҷи аввалияро дидем ва мутаваҷҷеҳ шудем, ки ин арқом арқоми ниҳоӣ ва аслӣ нест ва наметавонад натоиҷи ниҳоиро нишон диҳад." Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, иддаоҳои ҷиддӣ дар мавриди тақаллуб матраҳ шуда ва ҳанӯз таҳқиқоти дурусте дар бораи онҳо нашудааст."

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико низ шахсан ба рухдодҳои соатҳои гузаштаи Афғонистон вокуниш нишон додааст. Оқои Керрӣ гуфтааст, ҳар гуна талош барои дар даст гирифтани қудрат аз роҳҳои ғайриқонунӣ, боиси қатъи кӯмакҳои иқтисодӣ, амнияти Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ ба Афғонистон хоҳад шуд.

ДАЪВАТ БА ХЕШТАНДОРӢ

Номзадҳо барои шикоят аз натиҷаҳои эълоншуда 48 соат фурсат доранд. Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Афғонистон бояд то 22 июл эълон шавад.

Аҳмадюсуф Нуристонӣ, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон.
Аҳмадюсуф Нуристонӣ, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон.

Кумиссиюни интихобот аз ҳарду номзад хост, ки "хештандорӣ" нишон диҳанд. Аммо дар вокуниш ба эълони натоиҷи эълоншуда, сухангӯи тими "Ислоҳот ва ҳамгироӣ"-и марбут ба доктор Абдуллоҳ гуфт, ки онҳо аз қабл эълон намуда буданд ва ҳоло ҳам эълон мекунанд, ки натиҷаҳои эълоншударо қабул надоранд. Муҷибураҳмон Раҳимӣ, сухангӯи доктор Абдуллоҳ гуфт, ба зудӣ дар ин маврид мавқифи тими онҳо эълон хоҳад шуд.

СОЗИШ ДАР МАВРИДИ ОВОЗҲОИ МАШКУК

Қаблан гузориш шуда буд, ки тимҳои интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай рӯзи душанбе дар мавриди бозшумории ҳазорҳо маҳали раъйдиҳӣ созиш карданд. Тибқи охирин хабарҳо, ситодҳои интихоботии номзадҳои даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар мавриди бозшумории орои ҳафт ҳазор маҳали раъйдиҳӣ ба созиш расидаанд. Ин созиш миёни тимҳои интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай пас аз соатҳо музокироту гуфтугӯ ба даст омадааст. Тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ аз ин қабл хостори бозшумории орои 11 ҳазор маҳали раъйдиҳӣ шуда буд.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай
Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Қабл аз эълони натиҷаҳо намояндагони ҳарду номзад ба музокирот нишаста буданд ва созиш бар сари бозшумории ҳафт ҳазор маҳали раъдиҳӣ, натиҷаи ин гуфтугӯҳо мебошад. Намояндагони ҳарду номзад ба президентии Афғонистон қабл аз эълони натиҷаҳои даври дуюми интихобот ба музокирот шурӯъ карда буданд. Натиҷаҳои ин раъйгирӣ, ки 14 июн доир шуда буд, бояд имрӯз эълон шаванд.

Аз ин пеш хабаргузории Reuters аз қавли сухангӯёни номзадҳо Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай навишта буд, ки намояндагони онҳо роҳҳои фурӯ нишондани танишҳои бархоста бар сари шумориши овозҳоро баҳс мекунанд. Ҳарду номзад якдигарро ба дасткории натиҷаҳои интихобот айбдор мекунанд. Абдуллоҳ шумориши овозҳоро ғайриодилона хонда, ба тафтиши ин раванд ва ҷудо кардани орои "пок" аз орои "нопок" даъват кардааст. Вале Ашрафғанӣ Аҳмадзай, ки ситоша мегӯяд, ки ӯ аз рақибаш 1 миллион раъйи бештар гирифтааст, мегӯяд, эълони натиҷаҳои интихоботро набояд ба таъхир гузоранд. Сенатори амрикоӣ Карл Левин ки дар Кобул қарор дорад, рӯзи 6 июл ба хабарнигорон гуфт, бояд ба дунболи эълони натиҷаҳои муқаддамоти тафтиши овозҳои машкук сурат бигирад.

Дар даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки 14 июн доир шуд, ду номзад - Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай - рақобат карданд. Дар даври аввали Абдуллоҳ 45 дарсад ва Аҳмадзай 31 дарсад орои интихобкунандагонро ба даст оварда буданд.

Бар илова доктор Абдуллоҳ тавонист пеш аз даври дувум пуштибонии чанд номзади умдаи нокомшуда дар даври аввал, бо шумули вазири собиқи умури хориҷа Залмай Расул, фармондеҳи собиқи ҷиҳодӣ Абдураб Расули Сайёф ва Гулоқо Шерзайро ба даст биорад. Бо чунин ҳимоят интизор мерафт, ки даври дувуми интихобот танҳо як проседураи фанние барои таъйиди пирӯзии Абдуллоҳ хоҳад шуд. Вале ҳафтае пеш тими ӯ як силсила наворҳои садоиро нашр кард, ки дар онҳо, тавре бовар меравад, раҳбарони аршади кумиссиюни интихобот мақомоти маҳаллиро зоҳиран ба тақаллуби раъйҳо дастур медиҳанд. Нашри ин наворҳо эътирози тими Абдуллоҳ ва чандин раҳпаймоии эътирозии тарафдорони ӯро ба дунбол дошт.

XS
SM
MD
LG