Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон: Дар моварои созишу ҷанг


Таҳлилгарон чанд рӯзи ояндаро барои Афғонистон ва мардуми афғон сарнавиштсоз мехонанд ва сенарияҳои таҳаввулот дар кишварро пешбинӣ мекунанд

Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон (КМИ) эълони натоиҷи ибтидоии интихоботи раёсатҷумҳуриро то рӯзи 7 июл мавқуф гузошт. Қарор аст, ки ин натиҷаҳо баъди дубора баршумурдани баргаҳои раъйдиҳӣ дар 1900 қитъа эълон шаванд. Аббос Навиён, як сухангӯи ситоди интихоботии Ашрафғанӣ Аҳмадзай, дар сӯҳбат бо Франс-Пресс аз таъхир дар эълони натиҷаҳои ибтидоии интихобот изҳори нороҳатӣ кард. Аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ин хабаргузорӣ гуфт, ки бо таъхир дар эълони натоиҷи ибтидоӣ, заминаи "расидагӣ ба тақаллуби густурда" фароҳам хоҳад шуд. Чанд рӯз пеш ситоди ӯ бо пахши наворҳои садоӣ КМИ, аз ҷумла, дабири он Зиёулҳақ Амирхелро дар тақаллуб ба нафъи Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти баландпояи давлатӣ

Зиёулҳақ Амирхел
Зиёулҳақ Амирхел

айбдор кард. Зиёулҳақ Амирхел маҷбур шуд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад ва Афғонистонро тарк кунад.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки дар сурати аз сӯи яке аз номзадҳо пазируфта нашудани натиҷаҳои интихобот Афғонистонро чӣ сарнавиште интизор хоҳад буд? Ҳамзамон онҳо сенарияҳои имконпазири таҳаввулот дар Афғонистонро пешбинӣ мекунанд.

НОМЗАДҲО БА СОЗИШ МЕРАСАНД?

Таҳлилгарон мегӯянд, сенарияи аввал – ҳалли бӯҳрон аз роҳи осоишта аст, ба шарте, ки КМИ ба номзадҳо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай далелҳои мӯътамади ҷудо шудани раъйҳои пок аз нопокро ироа кунад. Аммо таҳлилгарон ба ин бовар надоранд, зеро ҳарду номзад мутмаинанд, ки дар сурати пирӯз эълон шудани рақибаш мақомоти интихоботӣ ба тақаллуб роҳ додаанд.

Сенарияи дуввум – созиш миёни номзадҳост, ки низ боиси рафъи бӯҳрони феълӣ хоҳад шуд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай аз гуфтушунид бо ҳам барои ҳалли мушкил парҳез мекунанд, вале, ба гуфтаи ҳолдонҳо, онҳо пушти парда бо масъулини КМИ, раисиҷумҳур Ҳомид Карзай ва муовинҳои ӯ Юнус Қонунӣ ва Карим Халилӣ мулоқот карданд. Дар бораи комёб шудан ё нашудани ин гуфтушунидҳо иттилое нест, аммо таҳлилгарон мутмаинанд, ки дар вазъи феълӣ созиши номзадҳо барои тақсими қудрат дар Афғонистон - роҳи наҷот аст.

Насрулло Станакзай, устоди сиёсатшиносӣ дар Донишгоҳи Кобул, бо ишора ба намоишҳои эътирозӣ дар Кобул ва афзоиши низоъи байниқавмӣ мегӯяд, ки “ба созиш расидани номзадҳо ғайриимкон ба назар мерасад, аммо созиш аз нуқтаи назари сиёсӣ роҳи дуруст аст, ҳарчанд ғайриқонунӣ низ ҳаст”.

Бар пояи иттилои ғайрирасмӣ, Ашрафғанӣ Аҳмадзай, ки дар даври аввал

Қосимшоҳ Искандаров
Қосимшоҳ Искандаров

назар ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ 13 дар сад раъйҳои камтарро соҳиб шуда буд, дар даври дуввум баранда аст ва ин ба ӯ имкони пешсафӣ дар ҳама гуна музокиротро медиҳад. Таҳлилгарон мегӯянд, дар сурати ҳатто ғайрирасмӣ эътироф кардани бохташ Абдуллоҳ Абдуллоҳ метавонад ба мақоми нахуствазир пешбарӣ шавад ва ҳампаймонҳояш дар кобинаи нав чанд курсии муҳимро ишғол кунанд.

Қосимшоҳ Искандаров, пажуҳишгари масоили Афғонистон, ҳам мутмаин сохтани номзадҳо барои ризоят оиди таъсиси ҳукумати эътилофӣ ё ҳукумати муваққат бо раҳбарии шахси дигарро роҳи асосии бурунрафт аз бӯҳрон дар Афғонистон мехонад.

Ӯ меафзояд, "нокомии интихобот зарбаи ҷиддие барои мардуми афғон хоҳад шуд, ки ба интихобот бовар кард ва бо баҳои ҷони худ дар он ширкат дошт. Нокомии интихобот афғонҳоро маъюсу ноумед мекунад ва аз ин баъд ба интихоботи демократӣ дар кишварашон бовар нахоҳанд кард".

ҶАНГ ВА ТАҚСИМИ АФҒОНИСТОН НОГУЗИР АСТ?

Бӯҳрони интихоботӣ дар Афғонистон боиси бурӯзи низоъҳои қавмӣ ва нигарониҳо аз имкони бозгашти кишвар ба хушунати байниқавмии солҳои 90-уми қарни гузашта шуд. Абдуллоҳ Абдуллоҳи ниматоҷик ва нимапаштун аз пуштибонии густурдаи тоҷикони муқими шимоли кишвар бархурдор аст. Ҷонибдорони рақиби ӯ Ашрафғанӣ Аҳмадзай паштунҳои муқими ҷануб ва шарқи Афғонистонанд. Бо ишора ба ин нукта Раҳматуллоҳи Абдуллоҳ, муовини раиси Маркази низоъшиносии

Раҳматулло Абдуллоев
Раҳматулло Абдуллоев

Тоҷикистон мегӯяд, ки агар яке аз номзадҳо натиҷаҳои интихоботро напазирад, шояд Афғонистон дубора ба ҷабҳаҳои Шимолу Ҷануб тақсим шавад, ки ҷанги тулонии қавмиро ба думбол хоҳад дошт.

Аҳмад Саидӣ, сиёсатшиноси муқими Кобул, бар ин аст, ки дар ҳоли дар бораи тақсими қудрат ба созиш нарасидани номзадҳо Афғонистон шояд чанд қисмат шавад, зеро “имкон дорад, ки вилоятҳои шимолӣ истиқлоли худ аз ҳукумати марказиро эълон кунанд”. Ӯ меафзояд, ки сарони бархе вилоятҳо аллакай аз ин нияти худ амрикоиҳоро огаҳ кардаанд.

Аммо Зубайр Шафиқӣ, таҳлилгари сиёсии муқими Кобул ба сар задани ҷанги қавмӣ дар Афғонистон шубҳа мекунад ва мегӯяд, ки “миллат хостори ин нест, хаста шудааст аз ҷангҳо, ҷанг болояшон таҳмил мешавад, аммо миллат мо намехоҳад, ки ба хотири Ашрафғанӣ ё Абдуллоҳ ба ҷанг равад”.

Аз нигоҳи Раҳматуллоҳи Абдуллоҳ, “ҳарду номзад - Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Рашидғанӣ Аҳмадзай манфиатдор нестанд, ки дар Афғонистон дубора ҷанги байниқавмӣ сар занад, зеро он метавонад якпорчагии кишварро зери хатар гузорад”.

КАРЗАЙ ДАР МАҚОМАШ ХОҲАД МОНД?

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари сиёсии тоҷик мегӯяд, ки сенарияи дигар ҳам мавҷуд аст – таъхир дар интиқоли осоиштаи қудрат дар Афғонистон, яъне, Ҳомид Карзай натиҷаҳои интихоботро лағв мекунад ва бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз ҷангу хунрезиҳои нав барои чанд муддати дигар дар садри кишвар боқӣ мемонад.

Бархе аз афғонҳо раисиҷумҳури феълиро дар бӯҳрони феълӣ масъул мехонанд ва мутмаинанд, ки беназмиро маҳз ӯ ба хотири дар қудрат боқӣ мондан тарҳрезӣ кардааст. Ба навиштаи сомонаи “Афганистан.ру”, чанде

пеш хабарнигори афғон Фаҳими Даштӣ дар мулоқот бо Ҳомид Карзай рӯирост ба ӯ гуфт, ки дар зеҳни мардум ду тасвир дорад. “Бар пояи яке аз онҳо, шумо бозигари сиёсии дурандеш, бохирад ва ҳиллагре ҳастед, ки ҳар касро фиреб медиҳед. Дар майнаи шумо нақшае ҳаст, ки аз рӯ он кор мекунед ва дар ҳоле, ки мегӯед, аз ягон тараф (дар интихобот) пуштибонӣ намекунад, худ тараф ҳастед ва шумо ҳама корро ба хотири расидан ба ҳадафатон анҷом медиҳед ва дар ин маврид бароятон ягон фишори дохиливу беруна муҳим нест”. Фаҳими Даштӣ афзудааст, “тасвири дуввум дар зеҳни мардум чунин аст, ки шумо сиёстмадори масъулед ва мехоҳед кишварро аз бӯҳрон берун бикашед. Аммо теъдоди одамоне, ки ба ин бовар доранд, чандон зиёд нест”.

Зимнан, садои онҳое, ки ба раисиҷумҳур бовар надоранд, аз хонаводаи худи ӯ ҳам боло мешавад. Ба навиштаи “Афганистан.ру”, Маҳмуд Карзай ахиран бародарашро дар он айбдор кард, ки мехоҳад ду рақибро бо ҳам “сар ба сар” бизанад ва баъд аз бӯҳрон идораи кишварро ба даст бигирад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки бар пояи Қонуни асосии Афғонистон мандати Карзай моҳи май поён ёфт, аммо ӯ метавонад раҳбари муваққат боқӣ монад. Аз нигоҳи Аҳмад Саидӣ, “ин сенарияро раисиҷумҳур Карзай сохтааст, зеро ба нафъи раисиҷумҳур аст, ки ҳукумати баъд аз ӯ ба қудрат омада – заъиф, нотавон, бадном ва олудаи тақаллуб бошад”. Дар сурати таъсиси ин гуна ҳукумат, мутмаин аст таҳлилгар, баъд аз панҷ сол ӯ метавонад ба осонӣ дубора ба курсии раёсатҷумҳурӣ нишинад.

Аммо, ба гуфтаи Зубайр Шафиқӣ, интиқоли осоиштаи қудрат дар Афғонистон ба манфиати Карзай аст, зеро ӯ мехоҳад дар зеҳни мардум чун раҳбаре боқӣ монад, ки ба хотири таъмини демократия дар кишвар барои тамдиди мӯҳлати раёсаташ талош накардааст.

Дар ҳамин ҳол, Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, ИМА ва Ғарб барои ба якборагӣ аз байн рафтани дастовардҳои беш аз як даҳсолаи ахир дар Афғонистон алоқаманд нестанд. Онҳо бурӯзи низоъи нав, ба вижа, низоъи қавмӣ дар Афғонистонро ҳам намехоҳанд, шояд ба ин хотир, меафзояд таҳлилгар, “ба раванди интихобот мудохила накарданд ва пайваста аз эҳтиёт кор мегирифтанд, то онҳоро дар пуштибонӣ аз ин ё он қавм айбдор накунанд”. Аммо, аз нигоҳи мусоҳиби мо, маҳз ҳамин эҳтиёткорӣ ва худро канор кашиданашон боиси амиқрафти бӯҳрон шуд. Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, “Амрико ва Ғарб ба хотири ҷилавгирӣ аз бештар бӯҳронӣ шудани авзоъ дар Афғонистон бояд эътилофе аз ин ду номзад эҷод кунанд ва онҳоро барои ташкили як давлати ҷойгузин ба ҷойи раёсати ҷумҳурӣ мӯътақоид созанд”.

XS
SM
MD
LG