Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба хиёбон рехтани ҳазорон тарафдори доктор Абдуллоҳ


Тазоҳуроти тарафдорони Абдуллоҳ дар Кобул
Тазоҳуроти тарафдорони Абдуллоҳ дар Кобул

Рӯзи 27 июн ҳазорон тан аз тарафдорони доктор Абдуллоҳ дар шаҳри Кобул алайҳи тақаллуби натоиҷи даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон раҳпаймоӣ карданд.

Ҳазорон нафар аз тарафдорони номзад ба президентии Афғонистон Абдуллоҳи Абдуллоҳ рӯзи 27 июн дар шаҳри Корбул бо шиорҳои зидди тақаллуби натиҷаҳои интихобот раҳпаймоии эътирозӣ барпо карданд. Эътирозгарон иддао доранд, ки мақомоти давлатӣ ва масъулони интихобот дар ҷараёни шумориши овозҳои даври дувуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ, ки рӯзи 14 июн дори шуда буд, даст ба тахаллуфи фаровон задаанд.

Даъвоҳо дар бораи тақаллуби натоиҷи даври ниҳоии интихобот ин маъракаи барои Афғонистон хеел муҳимро дучори бунбаст кардааст.

Дар даври дуюми интихобот доктор Абдуллоҳ, вазири собиқи умури хориҷа бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай, вазири собиқи молия вориди рақобат шуда буд. Дар даври якуми интихобот, ки ҳанӯз рӯзи 5 апрел доир шуда буд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ беш аз 45 дарсади ороро ба даст овард ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар ин давр ҳамагӣ 31 дарсад овоз гирифт.

Бар илова қабл аз даври дуюм доктор Абдуллоҳ тавонист аксари номзадҳои нокоми даври якуми интихобот, бо шумули Залмай Расул, вазири собиқи умури хориҷӣ, Абдураб Расули Сайёф, фармондеҳи собиқи муҷоҳидин ва Гулоғо Шерзай, волии собиқи Ҳилманду Қандаҳорро ҳам ба даст биорад ва гуфта мешуд, бо чунин мизони ҳимоят пирӯзии ӯ дар даври дуюм дигар танҳо як проседураи фаннист.

Тазоҳуроти тарафдорони Абдуллоҳ дар Кобул
Тазоҳуроти тарафдорони Абдуллоҳ дар Кобул

Аммо ҷараёни шумориши орои даври якум мунҷар ба як моҷарои пурсарусадо шуд ва ба истеъфои раиси дастгоҳи иҷроияи Кумиссиюни мустақили интихорботи Афғонистон Зиёулҳақ Амархел анҷомид. Оқои Амархел рӯзи 23 июн дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бидуни ҳеҷ фишор аз мақомаш ба хотири манофеи миллӣ истеъфо додааст.

Аммо дар асл ин истеъфо дар пайи нашри як навори садоии 13-дақиқаӣ аз сӯи ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар таърихи 22 июн буд. Дар ин навор ҷараёни гуфтугӯи Зиёулҳаққ Амархел, раиси дастгоҳи иҷроияи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон бо шуморе аз аъзои тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай -- номзади дигари интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, сабт шуда буд.

Бирёлай Арсало, як масъули тими интихоботии доктор Абдуллоҳ зимни нашри ин наворҳо гуфт: "Ба ҳайси як санади аввалия барои шумо СД аз мақомоти Комиссияи мустақили интихоботро нишон медиҳам, ки дар он гуфтугӯи телефонии як мақоми баландпояи Комиссияи мустақили интихобот сабт шудааст. Ин мақом дар мавридҳои мухталиф мақомоти ҳукуматиро сафарбар карда ва ба кормандони худ дастур додааст, то ба нафъи як номзади мушаххас кор кунанд."

Дар бахши дигари ин навори савтӣ, ба як масъули баландпояи комиссия супориш дода мешавад, ки "гӯсфандон"-ро ба кӯҳҳо бурда ва "фарбеҳ" баргардонанд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва ситоди ӯ ба ин бовар ҳастанд, ки манзури ӯ бурдани сандуқҳои холӣ ва пур кардани онҳо ба фоидаи Ашрафғанӣ Аҳмадзай аст.

Дар яке аз ин садоҳои сабтшуда, ки гуфта мешавад, садои Амархел аст, гӯянда ба раиси минтақавии Комиссияи интихоботи вилояти Форёб, ки мегӯяд, кормандони тоҷик дар ниҳодҳои интихоботӣ зиёданд, “машварат” медиҳад, ки ҳамаи кормандонашро барканор карда, ба ҷояшон паштунҳову узбакҳоро бигирад.

Худи Амархел ин наворҳои сохта меномад. Вале доктор Абдуллоҳ баъди истеъфои ӯ гуфт, ҳар кас ки масъули тақаллуби густурда дар интихоботи ин кишвар аст, бояд мавриди пайгарди қонунӣ қарор бигирад.

Интизор меравад, натоиҷи муқаддамотии интихоботи президентии Афғонистон дар аввали моҳи июн ва натоиҷи ниҳоияш 22 июл нашр шавад.

Тарҷумаи ҳоли ду номзад

Доктор Абдуллоҳ
Доктор Абдуллоҳ

Доктор Абдуллоҳ соли 1960 дар дараи Кобул аз падари паштуву модари тоҷик, ки аҳли Панҷшер аст, ба дунё омадааст. Ӯ соли 1984 риштаи тиббии Донишгоҳи Кобулро хатм карда, ибтидо дар як урдугоҳи паноҳандагон дар Пешовар ва аз соли 1986 дар дараи Панҷшер ҳамчун табиби нирӯҳои ҷиҳодии Аҳмадшоҳи Масъуд кор кардааст. Дар солҳои 90 ба яке аз сухангӯёни умдаи ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ табдил ёфт ва мақоми вазири умури хориҷаи Афғонистонро ҳам ба даст гирифт. Дар музокироти Бонн дар ҳукумати якуми Ҳомиди Карзай низ ин мақомро ҳифз кард. Соли 2004 аз мақом рафт ва ба мухолифини Карзай пайваст. Дар интихоботи соли 2009 ӯву Карзай ба даври дувум роҳ ёфтанд, вале доктор Абдуллоҳ қабл аз раъйгирӣ бо изҳори нигаронӣ аз имкони тақаллуби натоиҷи раъйгирӣ номзадиашро пас кашид ва Карзай бидуни интихобот ба давраи дуюми раёсаташ даст ёфт.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай
Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Ашрафғанӣ Аҳмадзай соли 1949 дар вилояти Лугар дар хонаводаи паштуҳо аз қабилаи аҳмадзай ба дунё омада, соли 1973 донишгоҳи амрикоии Бейрут, пойтахти Лубнонро хатм кардааст. Ӯ дар солҳои 80 ва 90 дар донишгоҳҳои Беркли ва Ҷон Ҳопкинси Амрико дарс мегуфт ва дар Бонки ҷюаҳонӣ ба ҳайси мушовир кор мекард. Дар ҳукумати якуми Карзай ба мақоми вазири молия расид, вале дар соли 2006 аз ҳукумат рафт.

XS
SM
MD
LG