Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: "Натоиҷи шумориши ороро намепазирем"


Даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон бо изҳороти нави яке аз номзадҳо, вориди марҳила ҳассосе шудааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, натиҷаи шумориши орои ниҳоиро намепазирад, зеро ба гуфтаи вай, ба шикоятҳои ӯ дар бораи тақаллуб ва таваққуфи шумориши оро таваҷҷуҳе нашудааст.

Яке аз талабҳои тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ ин барканории раиси дастгоҳи иҷроия Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон Зиёулҳаққ Амрихел буд, ки рӯзи интихобот аз сӯи пулиси Кобул бо ду мошини борбар варақаҳои раъдиҳӣ боздошт шуда буд. Оқои Абдуллоҳ ва тими ӯ ба ин назаранд, ки ин масъули Комиссияи мустақили интихобот мехост ин авроқро ба минтақаи Сурубӣ дар атрофи Кобул интиқол бидиҳад ва ба нафъи рақиби номзади тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ тақаллуб намояд. Иддаое, ки Комиссияи мустақили интихобот ва худи Зиёулҳаққ Амрихел онро радд намудаанд.

Ҳамчунин Комиссияи мустақили интихобот то кунун ба пурсиши тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди мизони ширкати мардум дар интихобот посух надодааст. Ҳамагӣ чанд лаҳза пас аз анҷоми замони интихобот, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон Аҳмад Юсуф Нуристон дар як нишасти хабарӣ ҳозир шуд ва мизони ширкати мардум дар интихоботро беш аз 7 миллион нафар эълон кард. Аммо тими доктор Абдуллоҳ ин оморро зери шубҳа бурд, ки чигуна раиси Комиссияи мустақили интихобот бидуни ҷамъоварии раъйҳо аз манотиқи гуногуни кишвар чунин пешдоварӣ кардааст. Тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ ба ин назар аст, ки мизони мушорикати мардум ба маротиб камтар аз даври аввал будааст.

Доктор Абдуллоҳ рӯзи панҷанбе ҳамчунин хостори назорати кормандони СММ ба шумориши оро шуда буд. Оқои Абдуллоҳ гуфт, ки комиссияҳои интихоботӣ ва фаъолияти онҳо назди тими ӯ машруият надорад: "Вақте дар набудани нозирони мо онҳо ба идомаи шумориши оро пардохтанд, ин корашон мавриди қабули мо набуд ва нест. Мавқифи мо ин аст, ки аз ин ба баъд, ҳар навъ иҷрооти комиссияҳои интихобот барои мо ва мардуми Афғонистон ғайри қонунӣ хонда мешавад ва натоиҷи ин иҷроот ҳар чизе, ки бошад, мавриди қабули мо нахоҳад буд."

Аммо Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дар вокуниш эълом кард, ки шумориши оро бо назорати байналмилалӣ идома дорад ва ин комиссия барои номзади хосе кор намекунад. Комиссия мустақили интихобот гуфтааст, ки ба шумориши оро идома медиҳад ва қарор аст натиҷаҳои ибтидоиро ба зудӣ эълом кунад.

Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳукумати Афғонистон аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури хостаанд, то бигузоранд комиссияҳои интихобот корашонро пеш баранд. Қарор аст натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Ағонистон то чанд рӯзи дигар эълон шавад.

Даври аввали интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 5 апрели соли равон доир шуд ва аз миёни ҳашт номзад доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ 45 дарсад ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳудуди 31 дарсади орои мардумро ба даст оварданд. Даври дувуми интихобот рӯзи 14 июн баргузор шуд ва қарор аст то ду ҳафтаи баъд аз интихобот, натиҷаҳои ниҳоӣ эълон шаванд.
XS
SM
MD
LG