Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 куштаву 11 ангушти буридаи интихоботи Афғонистон


Номзад Абдуллоҳ баъд аз раъйдиҳӣ
Номзад Абдуллоҳ баъд аз раъйдиҳӣ

Дар ҳоле ки шумориши орои даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон идома дорад, аз Самангон дар бораи кушта шудани 11 нафар дар як ҳамла ба маъмурони интихоботӣ ва аз Ҳирот аз буридани ангуштони 11 интихобкунанда гузориш шудааст.

Кумиссиюни марказии интихоботии Афғонистон шумориши орои даври дувуми интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро идома медиҳад. Вале ҳамзамон аз ин кишвар дар бораи ҳамлаи Толибон ба кормандони интихоботӣ ва раъйдиҳандагон гузоришҳо мерасанд.

Яке аз чунин ҳамлаҳои маргбор дар вилояти Самангон сурат гирифтааст. Шабона вақте, ки раъйдиҳӣ ба поён расидааст ва кормандони кумиссиюни мусстақили интихоботӣ савори микроавтобус як ҷо бо нозирон хона ба хона мерафтанд, баме дар роҳ таркида, 11 нафар қурбони ин ҳодиса шудаанд. 4 кушташуда кормандони расмии Кумиссиюни мустақили интихоботӣ ва 6 нафари дигар нозирони интихоботӣ будаанд. Як кӯдак низ бо онҳо кушта шудааст. Ин ҳодиса дар наздикии Ойбек - маркази вилояти Самангон рух додааст.
11 куштаву 11 ангушти буридаи интихоботи Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
Линки мустақим

Ҳамин тавр, Рафиуллоҳ Бародар - сухангӯи Кумиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, дар вилояти Ҳирот тундравҳои Толибон ангуштони 11 нафарро барои ширкат дар раъйдиҳӣ буридаанд. Дар Афғонистон барои пешгирӣ аз раъйдиҳии дубора ҳангоми раъйдиҳӣ ҳар шахс ангушти худро ба ранг мезанад. Толибон дуруст ҳамон ангуштонеро буридаанд, ки олудаи ранг буд. Рафмуллоҳ чунин мегӯяд: “Ин воқеа баъд аз раъйдиҳӣ сурат гирифтааст. Ин 11 нафар мехостанд дар вулусволии Работи Сангии вилояти Ҳирот ба хонаҳои худ барагарданд. Ангуштоне, ки ба ранги сиёҳ олуда буд қатъ кардаанд. Онҳо ҳеҷ гуноҳе ё тақсире надоштанд.”
Ангуштони ин мӯсафедонро силоҳбадастон ба далели ширкаташон дар интихобот буридаанд
Ангуштони ин мӯсафедонро силоҳбадастон ба далели ширкаташон дар интихобот буридаанд
Нодир Мӯҳсинӣ - сухангӯи Кумиссиюни шикоятҳои интихоботӣ ба радиои Оодӣ гуфт, дар ҳоле, ки аз раъйдиҳӣ даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ як рӯз гузаштааст, онҳо дар бораи нақзи муқаррароти интихоботӣ 275 шикоят ва иттилоъот дарёфт кардаанд ва вуруди шикоятҳо ҳанӯз ҳам идома дорад. Аз он 29 шикоят ба кормандони Кумиссиюнҳои мустақили интихоботӣ тааллуқ дорад, ки муқарраротро риоят накардаанд. Ин шикоятҳо бештар ба ташвиқу тарғиби раъйдиҳандвагон барои додани раъй ба ҷонибдорӣ аз номзади мушаххас иртибот дорад.

Мӯҳсинӣ афзуд: “Дар баъзе маворид аз тарафи баъзе намояндагони номзадҳо пул медоданд, то ба ҷонибдорӣ аз номзади мавриди назарашон раъй диҳанд. Аз сӯи дигар дар баъзе ҷойҳо таҳдидҳо ҳам мушоҳида шудааст, ки ба номзади мушаххас раъй диҳанд. Дар бархе мавориди дигар нируҳои низомӣ ҳам ба прусаи интихобот мудохила кардаанд.”

Оқои Мӯҳсинӣ гуфт, онҳо ба кумиссиюнҳои интихоботии вилоятӣ дастур додаанд, ки дар зарфи 48 соати баъд аз хатми раъйдиҳӣ шикоятҳои дарёфтиро ба Кумиссиюни Марказии шикоёти интихоботӣ ба Кобул фиристанд. Ба гуфтаи ин ниҳоди давлатӣ шикоятҳо дар бораи нақзи муқаррароти интихоботӣ дар даври дуввум нисбат ба даври аввал камтар будааст.

Аз оқои Мӯҳсинӣ пурсидам ба шикоятҳое, ки онҳо дастрас мекунанд, тибқи қонун дар зарфи чанд ба онҳо расидагӣ анҷом мегирад? Вай дар посух гуфт: “Дар муддати 10 рӯз дар кумиссиюнҳои шикоёти интихоботӣ дар вилоятҳо расидагӣ сурат мегирад. Вале агар шикоятҳо баҳсбарангез бошад, онро дар кумиссиюни марказӣ баррасӣ мекунанд. Ин даҳ рӯз муддати ибтидоии расидагӣ ба шикоятҳо ҳаст.”

Ашрафғанӣ Аҳмадзай
Ашрафғанӣ Аҳмадзай
Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон итминон додааст, ки дар натиҷаҳои интихобот тақаллуб роҳ нахоҳад ёфт. Интизор меравад, ки натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи 2 июл ва натиҷаҳои ниҳоӣ 22 июл эълон шавад.

Дар даври дуввуми интихобот Абдуллоҳ Абдуллоҳ - вазири пешини корҳои хориҷа ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай - вазири пешини молияи Афғонистон бо ҳам ба мубориза пардохта буданд. Дар даври аввал доктор Абдуллоҳ 45 дарсад ва Аҳмадзай 31 дарсад овоз гирифта буданд, вале доктор Абдуллоҳ тавонист ҳанӯз қабл аз даври дувум пуштибонии номзадҳои умдаи шикастхӯрда, бо шумули Зулмай Расул, Гулоқо Шерзай ва Сайёфро ба даст биорад.
XS
SM
MD
LG