Ширкати "Фароз", яке аз ниҳодҳои овозадори Тоҷикистон эълон кард, ки ба фаъолияташ хотима мегузорад. Дар номаи он ба Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта мешавад, ки "Фароз" бино бар шикаст хӯрданаш дар рақобатҳои бозори маводи сӯхт барҳам дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки ширкат дар солҳои охир дар чандин ришта, аз маорифу тандурустӣ гирифта, то сохтмону молия, саноати куҳӣ, сайёҳӣ ва ғайра пештоз буда, монеае дар рушди худ надоштааст.
Азамат Қосимов, директори генералии ширкати "Фароз" дар нома ба Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтааст, "бар замми омилҳои зикргардида таназзули иқтисодии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба минтақа боиси аз даст додани самаранокии молиявии фаъолияти Ҷамъият оварда расонид".
Дар ҳоле ки расонаҳои ахбори ом бо такя ба ин нома аз барҳам хӯрдани ширкати "Фароз" хабар медоданд, Исматулло Зиёев муовини раиси ширкат рӯзи 13-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло машғули боз кардани чанд иншооти нав аст ва дар бораи нома ба Кумитаи андоз пас аз як ҳафта, замоне суҳбат хоҳад кард, ки роҷеъ ба он "маълумоти пурра"-ро ба даст орад.
Ширкати "Фароз" ба гуфтаи масъулонаш соли 2008 ташкил шуда, дар оғоз асосан дар бахши воридот ва фурӯши умда ва чаканаи сӯзишворӣ фаъолият мекард. Аммо солҳои охир ширкат фаъолияти худро васеъ карда, дар чандин соҳаи сердаромад, аз ҷумла ҷамъоварии шираи камол, содир кардани шиносномаҳои ронандагиву рақамҳои давлатии мошинҳо, истеҳсоли позаҳр, рушди туризму ҷаҳонгардӣ, сохтмон, соҳибмулкии конҳои фоиданок, бонкдорӣ, хадамоти тиббӣ ва бахшҳои зиёди дигар ҳузури густарда пайдо кард. Хабари барҳам хӯрдани он, ки шоми 12-уми сентябр бори аввал аз тарафи сомонаи "Ахбор" расонаӣ шуд, барои бисёре аз корбарон ва шореҳон ногаҳонӣ буд. Яке аз онҳо, бе зикри ном, ба Радиои Озодӣ гуфт, "хабар шубҳаовар аст, зеро ягон ширкат дар айни авҷи фаъолият ва густариши бемайлони худ, аз шикаст дар бозор хабар намедиҳад. Аммо ҳар ниҳоди тиҷоратӣ ба хориҷ шудан аз бозор ҳақ дорад ва "Фароз" аз ин ҳаққи худ истифода кардааст. Шояд сабабҳои аслии ин тасмим дигар бошанд, вале ҳоло танҳо ҳамин эълони расмиро дар даст дорем, ки бар пояи он чизи зиёд гуфтан ғайриимкон аст," -- гуфт ин коршинос.
Меҳр Собириён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар робита ба хабар гуфт, "фаъолияти ширкат шаффоф набуд ва ба ин хоотир бидуни дидани ҳисоботҳои ширкат наметавон сабабҳои аслии барҳам хӯрдани онро муайян кард".
Дилором Раҳимова, сухангӯи ширкати "Фароз" рӯзи 13-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "заҳмату ободсозиҳои ширкати "Фароз" дар самтҳои мухталифи кишвар ба ҷои миннатдорӣ мавриди танқиду шикоят қарор гирифт. "Фароз" ба ҳар куҷое даст мезад, ободӣ мешуд, пешрафт мешуд. Маҷмаъи "Сафеддара"-ро дидед, ки чӣ хел обод шуд? Вале ин талошҳо нодида гирифта шуд, навистанд, навистанд, навистанд ва роҳбарият тасмим гирифтанд ширкатро барҳам диҳанд".
Ширкати "Фароз" исми моликони воқеии худро боре ҳам нашр накардааст. Вале расонаҳо борҳо гузориш нашр кардаанд, ки он ба яке аз афроди наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфтанд, ширкати "Фароз" мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон буда, як ширкати монополист дар бозори Тоҷикистон аст ва назорати бисёр соҳаҳои сердаромади кишварро дар ихтиёр дорад. Вале дар манбаъҳои бози расмӣ номи ӯ ба ҳайси раҳбари "Фароз" зикр намешавад. Худи ширкат ба ин гузориш вокунише накардааст.
Иля Лозовский, сардабири сомонаи Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) мегӯяд, сабаби барҳам додани ширкатро намедонад, вале тахмин мезанад, ки решаи мушкил ба фошкориҳои як соли ахир марбут аст.
"Эҳтимол пас аз фошкориҳое, ки нишон дод, ин ширкат даромадҳои ҳангуфте дорад ва соҳиби он домоди президент, Шамсулло Соҳибов аст, ширкатҳои хориҷӣ нахостанд бо онҳо ҳамкорӣ кунанд ва ё барои худи онҳо фаъолият кардан дар чунин вазъият ногувор шуд. Мо дар тадқиқоти худ нишон додем, ки ширкат хеле муваффақ аст ва дар ин кор ҳукумат ба он кумак мерасонад",-мегӯяд Иля Лозовский.
Сардабири сомонаи OCCRP афзуд, бовар надорад, ки ширкат комилан аз майдони тиҷорат берун шавад. Ӯ мегӯяд, ин ширкат ҳатман бо номи дигар ба кораш идома хоҳад дод.
Ба гуфтаи Иля Лозовский, "ҳоло агар касе аз "Гугл" номи "Фароз"-ро ҷустуҷӯ кунад, тадқиқотеро меёбад, ки дар он нишон дода мешавад, чӣ гуна ширкат аз муомилоти коррупсионӣ суд бардоштааст".
Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, "онҳо мехоҳанд бизнеси худро пушти ширкате бо номи дигар пинҳон кунанд".
Дилором Раҳимова, сухангӯи ширкати "Фароз" гуфт, бо вуҷуди барҳам хӯрдани "Фароз" ширкатҳои вобаста ва зерсохторҳои он фаъолияти худро мустақилона идома медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар номаи расмии мудири кулли ширкати "Фароз" Азамат Қосимов ба Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта мешавад, "тамоми дороиҳои ширкат ба фурӯш" гузошта мешаванд. Ҳанӯз рушан нест, фурӯши дороиҳои ширкат кай ва дар чӣ шакле баргузор хоҳад шуд.