Ҳасан Нарзуллоев иддао дорад, ки ҳангоми раёсати ӯ "соҳибкоре бо номи Мухтор Юнусов бо истифода аз номи ширкати "Фароз" ба осоишгоҳ ба кор даромад ва садҳо ҳазор сомониро аз они худ намуд". Вай гуфт, бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор, мақомот ҳанӯз нисбат ба Юнусов чора надидаанд.
Дар ширкати "Фароз" гуфтанд, бо номи Мухтор Юнусов ҳамкор ё коргар надоранд ва масъалаи истифода аз номи ширкатро ҷиддӣ таҳқиқ мекунанд.
Раиси пешини "Ҳавотоғ" аз он нигарон аст, ки барои рафтори Мухтор Юнусов ва ҳамроҳаш Бозор Ҳоҷиев рӯзе ӯро ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид. Ба гуфтаи ӯ, гап дар бораи аз они худкунии тақрибан 500 ҳазор сомонӣ фоидаи осоишгоҳ меравад.
Нарзуллоев охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, соли 2016 баъд аз чанд моҳе, ки ба вазифаи раиси “Ҳавотоғ” таъйин гардид, Мухтор Юнусов ба наздаш омада, гуфтааст, "намояндаи “Фароз” ҳастам ва мо осоишгоҳро гирифтаем. Ин ҷоро ҳамроҳ бо Шумо обод мекунем”.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, бо шунидани номи “Фароз” хушҳол шудааст, ки бо сарпарастии ин ширкат осоишгоҳро обод мекунанд. "Воқеан, бовар кардам, ки “Фароз” “Ҳавотоғ”-ро гирифтааст ва ин ҷо вазъияти корҳо беҳтар мешавад. Он замон Мухтор Юнусов гуфта буд, ки ман ҳамчун мудир ва онҳо ба ҳайси сарпараст якҷо кор мекунем. Ӯро бо фармони худ ҷонишин таъйин намудам, лекин баъди 10-15 рӯзи фаъолият худро раис эълон намуд ва ба тамоми корҳои осоишгоҳ дахолат мекард. Қисми ками даромадҳо сабт мешуду бас. Бозор Ҳоҷиев, хазинадори осоишгоҳ ва аз ҳамроҳони Мухтор Юнусов ба ман дар бораи даромаду хароҷот маълумоти дуруст намедод", -- нақл кард ӯ.
Ҳасан Нарзуллоев мегӯяд, ду моҳ пеш ӯро ба нафақа фиристоданд, вале талошҳояшро барои ба ҷавобгарӣ кашидани Мухтор Юнусов ва Бозор Ҳоҷиев идома хоҳад дод. Ӯ мегӯяд, то ҳанӯз барояш маълум нест, ки чӣ гуна афроде аз номи ширкати маъруф истифода бурда, садҳо ҳазор сомониро гирифтаанд.
Дилором Раҳимова, сухангӯи ширкати "Фароз", рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, бо номи Мухтор Юнусов ҳамкор надоранд ва иддао дар мавриди истифода аз номи ширкатро ба таври ҷиддӣ баррасӣ мекунанд. "Ҳатман мебинем, то куҷо ҳақиқат дорад, ки он кас аз номи ширкат баромад кардааст", -- гуфт ӯ.
Ҳасан Нарзуллоев, раиси пешини “Ҳавотоғ” дар ҳоле Мухтор Юнусов ва Бозор Ҳоҷиевро барои тасарруфи садҳо ҳазор сомонӣ муттаҳам мекунад, ки ин ду сокини Истаравшан рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтаҳои Нарзуллоевро нисбат туҳмат арзёбӣ намуданд. Мухтор Юнусов гуфт, дар Истаравшан раиси корхонаи “Дӯстӣ” буда, ин корхона ба хидматрасониҳои бахши нақлиётӣ машғул аст ва дар ҳеҷ ҷо аз номи “Фароз” баромад накардааст. Вай афзуд, “ман як соҳибкор ҳастам, худи Нарзуллоев хоҳиш карда буд, ки осоишгоҳро обод кунем. Маро даъват карда, ба ҳайси ҷонишин таъйин намуд ва ҳамагӣ се моҳ ҳамроҳаш кор кардам. Аз пули худ осоишгоҳро обод кардам. Баъди якдигарнофаҳмӣ дигар дар он ҷо кор накардам. Масъалаи тасарруфи маблағҳо низ дурӯғ аст”.
Бозор Ҳоҷиев гуфт, муносибати Ҳасан Нарзуллоев ба ӯ ҳамчун хазинадори “Ҳавотоғ” хуб набуд, бино бар ин баъди беш аз як соли кор ӯро аз вазифааш озод намудааст: “Ӯ нафақахӯр шуд. Раиси нав омад ва ман боз дар вазифаи пешинаам ҳастам. Гапҳояш дар бораи тасарруфи маблағҳои фоида аз осоишгоҳ асос надорад. Ба мақомот ҳам шикоят бурда буд, беасос баромад”.
Як манбаъ дар Оҷонси мубориза бо фасоди вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, соли 2018 дар натиҷаи шикояти Ҳасан Нарзуллоев, нисбат ба Мухтор Юнусов ва Бозор Ҳоҷиев бар асоси моддаи 245, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ (аз они худкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ боз гардида буд. “Лекин ҳоло намедонам ин парванда дар чӣ сатҳ аст, қатъ шудааст ё муваққатан боздошта шудааст ё тафтишот идома дорад", -- гуфт ӯ.
Дар Оҷонсӣ аз тафсилоти бештари парванда худдорӣ намуданд. Аммо худи Мухтор Юнусов ва Бозор Ҳоҷиев гуфтанд, баъд аз он ки шикояти Нарзуллоев нисбат ба онҳо асоси худро наёфт, мақомот парвандаро қатъ намудааст. Вале, ба гуфтаи тарафи дигар боз ҳам номи "Фароз" кор дода, Юнусов ва Ҳоҷиевро аз ҷавобгарӣ раҳонидааст. Ширкат ин иттиҳомро рад мекунад.
Дар гузашта чанд мавриди сӯистифода аз номи афроди баландпоя ва хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ошкор шудааст. Бархе аз ин афрод боздошту зиндонӣ шудаанд ва баъзеи дигар огоҳӣ гирифтаанд.
Ширкати "Фароз" аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки тиҷораташ чандин соҳаро дар бар мегирад. Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфта буданд, ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон буда, як ширкати монополист аст. Дар манбаъҳои бози расмӣ номи ӯ ба ҳайси раҳбари “Фароз” зикр намешавад. Худи ширкат он замон ба ин гузориш ҳеч вокуниш накарда буд.
Осоишгоҳи давлатии "Ҳавотоғ" дар шаҳри Истаравшан дорои обҳои шифобахш буда, дар он бемориҳои асаб, пӯст ва зоб табобат карда мешаванд. Ин осоишгоҳ ҳудудан 25 километр дур аз маркази шаҳр ҷойгир аст.