Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умарзода: "Ҳамкорӣ бо "Фароз" бо қарори ҳукумат сурат мегирад"


Мақомоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳамкории ин вазоратхона бо ширкати "Фароз"-ро тасдиқ карданд. Саида Умарзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳамкорӣ бо "Фароз" дар асоси қарори ҳукумат дар доираи ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ба роҳ монда шудааст.

"ҶДММ “Фароз дар таҷдид ва таъмини лабораторияҳои шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти наву зарурӣ ва инчунин иловапулӣ додан ба кормандони озмоишгоҳҳо ҳамкориро идома дода истодааст. Ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои сарфаи маблағҳои давлат истифода мешавад. ",-афзуд Саида Умарзода.

Вай гуфт, ин ҳамкорӣ таҷрибаи маъмул дар ҷаҳон аст ва дар шароите, ки кишвар аз ҳисоби буҷа наметавонад худро идора кунад, чунин ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад. Саида Умарзода гуфт, ширкати "Беҳдоштӣ" ба беш аз 45 ҳазор нафар ройгон хизмат расонида барои беҳтар кардани инфрасохтор кӯмак мекунад".

Саида Умарзода ҳамчунин таъкид кард, ки ширкати "Фароз" бо пешниҳоди иловапулӣ кормандони тибб ба ин соҳа кӯмак мерасонад.

Дар робита ба гарон шудани нархи маъумотномаи тиббӣ дар озмоишгоҳҳои ширкати "Беҳдоштӣ", ки боиси нигаронии мардум шудааст, муовини вазири тандурустӣ, гуфт "арзиши маълумотномаи шакли 0 38 дар марказҳо саломатии шаҳрӣ 31 сомонӣ ва дар озмоишгоҳҳои "Беҳдоштӣ" 57 сомониро ташкил медиҳад. Шумо медонед, ки бештари ин маблағҳо барои харидории реактивҳо ва гузаронидани ин ё он муоина сарф мешавад",-гуфт Саида Умарзода.

Аммо рӯшан шарҳ дода нашуд, ки чаро дар марказҳои давлатӣ нархи ин маълумтнома поинтар аз ширкати "Беҳдоштӣ" муайян шудааст.

Ташхисгоҳҳои тиббии ширкати "Фароз" аз соли хониши 2018 масъулияти додани маълумотномаи тиббиро ба ӯҳда гирифтанд. Арзиши баланди маълумотномаи тиббӣ мояи нигаронии бисёре аз хонаводаҳое гардид, ки фарзандонашон бояд барои таҳсил ба мактаб қабул мешуданд.

Арзиши "маълумотномаи рақами 26" тобистони соли 2018 - 80 сомонӣ ва ё тахминан 10 доллар муқаррар шуд, дар ҳоле ки дар гузашта бар ивази 10 ё 15 сомонӣ дода мешуд.

Дар ширкати "Фароз" қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки нархномаи таъиншуда тасмими ин ширкат нест ва аз ҷониби сохторҳои зидахл таъин шудааст. Дилором Раҳимова, сухангӯи ширкати "Фароз" дар иртибот ба нархи гарони муоинаи тиббӣ дар маркази "Беҳдоштӣ" гуфт, нархномаи онро на ширкати "Фароз", балки вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ таъин кардааст.

Дилором Раҳимова афзуд, "ҳамаи қимати расидҳо (квитансияҳо) барои маълум кардани хун ва дигар навъҳои муоинаҳоро Вазорати тандурустӣ мушаххас кардааст ва ба ширкати "Фароз" ва ё ба худи лабораторияҳо рабт надорад.

Тиҷорати ташхиси вазъи саломати инсон дар Тоҷикистон аз пурдаромадтаринҳост. Қиммати як ташхис дар чунин лабораториҳо аз 40 то ба 600 сомонӣ нарх дорад. Ҳарчанд ширкати "Фароз" дар бозори ташхис танҳо нест ва чандин ширкатҳои дигар ба мисли "Нурафзо", клиникаи Ибни Сино низ вориди бозор ҳастанд. Аммо "Фароз", ки бо беш аз 600 ташхисгоҳ вориди ин бозор шудааст, бахши аъзами онро зери даст дорад.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" соли 2008 таъсис шудааст. Он як ширкати бисёрсоҳавӣ буда, дар бозори фурӯши маводи сӯхт, истеҳсоли шираи камол, содир кардани шиносномаҳои ронандагиву рақамҳои давлатии мошинҳо, истеҳсоли позаҳр, туризму ҷаҳонгардӣ, сохтмон, конҳои фоиданок, хадамоти тиббӣ ва бахшҳои зиёди дигар ҳузури густурда дорад.

XS
SM
MD
LG