Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 10 то 15 рӯз. Ҳабси эътирозгарони назди дафтари "Фароз"


Додгоҳи ноҳияи Сино як гурӯҳ аз сокинонеро, ки дар назди ширкати “Фароз” гирдиҳамоӣ карда буданд, аз 10 то 15 рӯз ба ҳабс маҳкум кардааст. Додгоҳи Душанбе аз ин ҳукм пуштибонӣ намуд, вале наздикони маҳкумшудаҳо гуфтанд, ки бо он розӣ нестанд.

Ҳукми шаш нафар аз эътирозгарон дар назди бинои ширкати “Фароз” шаби 29-уми апрел содир шудааст. Тибқи ҳукми додгоҳ, яке аз эътирозгарон Алихон Боронов 15 рӯз ва панҷ нафар аз ҳамроҳонаш ба 10-рӯзии ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд.

"Барои итоат накардан ба милиса"

Боронов ва панҷ нафари дигарро бар асоси моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ айбдор кардаанд. Ин модда “итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия” аст ва аз 275 сомонӣ ҷарима то 15 рӯз ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад.

Бинои Додгоҳи шаҳри Душанбе
Бинои Додгоҳи шаҳри Душанбе

Додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Юсуфзода низ 7 май ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин афрод барои итоат накардан ба амри милиса ҷазо гирифтанд”. Ба гуфтаи додрас, “мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро барои муайян кардани шахсият даъват мекунанд. Вале Алихон Боронов ва дигарон ба хоҳиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат намекунанд.”

Наздикон норозианд

Наздикони яке аз дастгиршудаҳо бо шарти фош нашудани номаш гуфт, аз ҳукм розӣ нестанд, вале барои шикоят ба зинаҳои болоии додгоҳ ба онҳо ҳамагӣ як рӯз фурсат додаанд. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, қонун барои шикоят бурдан то даҳ рӯз фурсат додааст.

“Дар Додгоҳи Душанбе гуфтанд, ки муҳлати баррасии парванда гузаштааст ва барои ҳамин қарорро бекор накарданд. Гуноҳи инҳо итоат накардан ба амри корманди милиса будааст, ҳол онки онҳо дар баёноташон гуфтаанд, муовини вазир ва сардори РКД-и Душанбе омад ва бо онҳо ҳамсуҳбат шуда буд”, -- гуфт мусоҳиби мо.

Ин сокини пойтахт, ки бо далели бадтар нашудани вазъашон намехоҳад, номаш бурда шавад, гуфт, ҳашт рӯз мешавад, ки аз аҳволи наздиконашон хабар надорад ва дар боздоштгоҳ хӯроки бурдаашонро қабул мекунанду бас.

Рӯзи 29 апрел чӣ гузашт?

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ баъзе аз таҷаммуъгарон дар ноҳияи Турсунзода низ дастгир шудаанд ва дар боздоштгоҳ ҳастанд. Аммо нисбат ба онҳо чӣ ҳукме содир шудааст, барои мо маълум нест.

Даҳҳо нафар аз коргарони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки бар асоси қарордод ба ширкати маъруфи "Фароз" шираи камол мефурӯхтаанд, рӯзи 29-уми апрел дар назди идораи марказии ин ширкат дар Душанбе ҷамъ омада, хостори бознигарии қарордодҳояшон шуданд.

Яке аз ин коргарон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ширкати "Фароз" хостааст, ки ҳар килои шираи камолро ё бо қимати 10-долларӣ ба онҳо бифурӯшанд ва ё ширкат бо кормандон аз Афғонистон қарордод мебандад, ки омодаанд, шираро ҷамъ оварда бо қимати поинтаре ба онҳо бидиҳанд.

Ӯ гуфт, ки баъзе аз онҳое, ки омадаанд, дар ноҳияи Ҳисор хоҷагии кишоварзӣ доранд ва ба ҳар корманд сари ҳар шираи камол 200 сомонӣ мепардохтанд. Ҳоло ба қавли ӯ, "Фароз" мехоҳад, ҳар кило шираи камолро, ки қаблан 70 то 80 доллар буд, 10 долларӣ бихарад.

"Фароз", шираи камол ва...

Масъулони ширкати "Фароз" мегӯянд, онҳо мехоҳанд коргарон дар хоҷагиҳои кишоварзӣ бар асоси шартнома кор кунанд, чун ширкат барои ҳар кило шираи камол пул намедиҳад.

Ширкати “Фароз” аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки тиҷораташ чандин соҳаро дар бар мегирад. Ширкат тиҷораташро дар арсаи тиб аз ҷамъоварии шираи камол оғоз кард.

Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфтанд, ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон буда, як ширкати монополист дар бозори Тоҷикистон аст.

Дар манбаъҳои бози расмӣ номи ӯ ба ҳайси раҳбари “Фароз” зикр намешавад. Худи ширкат он замон ба ин гузориш ҳеч вокуниш накарда буд.

XS
SM
MD
LG