Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми август ба чанде аз вазирон, намояндагони илму фарҳанг, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигарон ҷоизаҳои баланди давлатӣ супурд.
Дафтари матбуоти президент хабар дод, ки маросими супурдани ҷоиза ба истиқболи ҷашни истиқлол баргузор шуд. Дар миёни ҷоизадорони имсола шаш нафар, аз ҷумла соҳибкор ва домоди президент Шамсулло Соҳибов бо ордени “Шараф” (дараҷаи II) қадрдонӣ шуданд. Акси Шамсулло Соҳибов ҳангоми гирифтани ҷоиза рӯзи 29-уми август дар сомонаи президенти Тоҷикистон ва саҳифаҳои расмии он дар "Фликр" ва "Фейсбук" нашр шуд, аммо пас аз чанд лаҳза бардошта шуд.
Шамсулло Соҳибов муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст.
Дар феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқии Кумитаи андози Тоҷикистон номи ӯ ба ҳайси муассиси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" сабт шудааст.
Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфтанд, ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон буда, як ширкати монополист дар бозори Тоҷикистон аст ва назорати бисёр соҳаҳои сердаромади кишвар, аз ҷумла фурӯши сӯзишворӣ ва ҷамъоварии шираи камолро дар ихтиёр дорад.
Дар иттилоияи расмии дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ки аз шумора ва анвои ҷоизаҳо гузоиш додааст, шарҳи корнома ва хидматҳои барандаҳои ин ҷоизаҳо оварда намешавад. Аз рӯи аксҳои нашршуда дида мешавад, ки дар миёни мақомоти барандаи ҷоизаҳо мақомот ва кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ зиёданд.
Аз ҷумла, имрӯз раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири адлия Рустами Шоҳмурод, вазири маориф Нуриддин Саид, вазири рушди иқтисод Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе Шариф Назарзода, Ҳотам Маҷидзода, сардори раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва дигарон бо ҷоизаҳои баланди давлатӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар зимн, моҳи августи соли 2015 президенти Тоҷикистон ба духтараш Озода Раҳмон, ки он замон муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ буд, низ ордени “Шараф” (дараҷаи як) тақдим кардааст. Ҳоло Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст.