Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сатр манъ нест", "ҳаҷ маҳдуд нашудааст". Посухи Тоҷикистон ба танқидҳо


Фаррух Шарифзода, Саидмукаррам Абдуқодирзода ва Абдураҳим Холиқзода
Фаррух Шарифзода, Саидмукаррам Абдуқодирзода ва Абдураҳим Холиқзода

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вокуниши мухолифони ҳукумат, созмонҳо ва рӯҳониёни баъзе аз кишварҳоро ба қонуни нави ҷашну маросим, ки як банди он ба пӯшидани либос марбут аст, “иғвоангез” номид.

Тарҳи нави қонун моҳи июни имсол қабул шуд. Тибқи он, “овардан, фурӯхтан ва пӯшидану таблиғи либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ аст. Агар пештар барои риоя накардани қонуни танзим танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда буд, ҳоло ҷавобгарии ҷиноӣ илова гардидааст ва аз ҷаримаҳои ҳангуфт то се сол зиндонро дар назар дорад.

Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ, рӯзи 13-уми август дар ҳузури дипломатҳои хориҷӣ ва расонаҳои байнулмилалӣ дар Душанбе гуфт, ҳадафи Тоҷикистон аз қабули қонун ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз ифротгароист.

“Бисёр мутаассифем, ки вақтҳои охир аз ҷониби гурӯҳҳои тахрибкору тафриқаангез дар баъзе манотиқи ҷаҳон, ки пешрафту шукуфоии кишвари моро намеписанданд, изҳори ақида ва ҳатто амалкардҳои носолим сурат мегирад,” – шарҳ дод ӯ.

Вай иқдоми Тоҷикистон “созанда” номид, ки ба гуфтааш “аслан барои нигоҳ доштани асолати арзишҳои динӣ равона шудааст. Ин гурӯҳҳо муғризона, беасос ва манфиатҷӯёна шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Гуё дар Тоҷикистон пӯшидани сатр, ҳиҷоб манъ бошад ва анҷоми фароизи ҳаҷ маҳдуд гаштааст. Вобаста ба ин бояд арз намоям, ки ин ҳарфҳо ягон асос надоранд.”

Қаблан баъзе аз рӯҳониёни наздик ба гурӯҳи тундрави “Толибон” дар Афғонистон онро “дастури манъи сатру ҳиҷоб” унвон дода, ба “ҷиҳоди зидди” Тоҷикистон даъват кардаанд.

Иттиҳоди ҷаҳонии уламои Ислом, Шӯрои равобити Амрико ва Ислом (CAIR) ва Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) низ тасмими Тоҷикистонро танқид намуданд.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, рӯзи 13-уми август гуфт, ин на маҳдуд кардани озодиҳои динӣ, балки чораи пешгирӣ аз ифротишавист: “Ҳамаи корпусҳои дипломатӣ хуб медонанд, ки дар кишварҳояшон бо либоси миллӣ меъёрҳои шаръӣ риоя мешавад. Дини мубуини ислом кадом намуде, ранге ё муде муайян накардааст, барои сатри зани мусалмон”.

Видеоро дар инҷо бинед:

ВКХ: "Тоҷикистонро беасос танқид мекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода меъёрҳои қонуни танзим ва масъулият дар тарбияи кӯдакро “ба табиати давлати демкоратӣ мувофиқ донист.

“Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва ҳам қонуни танзими ҷашну маросим пура ба талаботи Конститутсия ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мувофиқат мекунад,” - -афзуд ӯ.

Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, хуб аст, ки Тоҷикистон бо ташкили як нишаст дари муколамаро барои баррсии масъала боз кардааст, аммо барои ҳимоят аз мавқеаш талошҳои кофӣ намекунад. Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ бар ин аст, ки “брифинг кардан осон, лекин муҳимтарин чиз ҳамин, ки чанд сохтор бояд бо ҳам кор кунанд”.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳадафи тарҳи нави қонунҳои масъулият дар тарбияи кӯдак ва танзими ҷашну маросмро ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз ифротгароӣ медонад. Бархе фаъолону шаҳрвандон мегӯянд, ҳадаф бештар пӯшиши исломӣ ё ба истилоҳ “сатру ҳиҷоб” аст ва дахолати давлат дар корҳои шахсии мардум.

Мухолифони ин қонунҳо танқид мекунанд, ки ҳукумат ба воситаи ин қонун ба зиндагӣ, ҷайб ва аз ному насаб то ба масоҳати дасторхону гӯру чӯби мардум дахолат кардааст.

XS
SM
MD
LG