Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумисюни озодиҳои динии Амрико хостори таҳримҳои зидди Тоҷикистон шуд


Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. 31-уми майи 2024
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. 31-уми майи 2024

Як Кумисюни муътабари амрикоӣ манъи идгардаки кӯдакон ва либосҳои ба истилоҳ "бегона"-ро дар Тоҷикистон сахт танқид кард.

Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) рӯзи 26-уми июн аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида хост, барои пешгирӣ аз ҳарчи бештар поймол шудани озодиҳои динӣ ба зидди мақомоти Тоҷикистон чора андешад.

Эрик Уэланд, муовини мудири USCIRF, дар баёнияе рӯзи чоршанбе гуфт, Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз соли 2016 Тоҷикистонро дар қатори "кишварҳои мавриди нигаронии хос" ҷой додааст, вале Душанбе ба ин нигоҳ накарда дар ҷустуҷӯйи роҳҳои нави маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабист.

Эрик Уэланд
Эрик Уэланд

Вай афзуд, "кишвари мавриди хос номидан ва чунин беобрӯйӣ кофӣ нест. Ин кор танҳо дар сурате таъсир хоҳад дошт, ки бо чораҳое ба монанди таҳримҳои ҳадафмандон (мақсаднок) ё пайомадҳои дигар ҳамроҳ бошад."

Кумисюни озодиҳои динии Амрико дар моҳи май низ хоҳони таҳримҳои ҳадафмандона ба зидди баъзе идора ва мансабдорони Тоҷикистон шуда буд. Он афроде, ки дар поймол кардани озодии динии сокинон нақш доранд.

Матни нави қонуни танзим дар Тоҷикистон, ки маҳдудиятҳои бештарро дар назар дорад, рӯзи 20-уми июн аз тарафи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо ва сипас дар матбуоти давлатӣ нашр шуду ба иҷро даромад.

Тибқи он акнун "овардан, фурӯхтан, тарғиб ва пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона" манъ аст. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ "либоси бегона"-ро шарҳ надодаанд, баъд аз баррасии тарҳ дар порлумон тайи амалиёте бештар занони сатру ҳиҷобдор ҳадаф қарор гирифтанд.

USCIRF, Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ, ҳам рӯзи 26-уми июн навишт, ки "мақомот дар Тоҷикистон занонро маҷбур мекунанд, то рӯймоли худро ба тарзи “тоҷикӣ” банданд."

Сюзи Гелман
Сюзи Гелман

Сюзи Гелман, комиссари USCIRF, мегӯяд, "мо аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мехоҳем, ки ба шарти ислоҳи қонуни танзим, қонуни дин (соли 2009) ва қонунҳои дигар... ба Тоҷикистон ёриҳои амниятӣ расонад."

Ба иттилои USCIRF, Амрико дар соли 2023 ба воситаи барномаҳои гуногун ба Тоҷикистон зиёда аз 60 миллион доллар ҷудо кардааст.

Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF), ки нуҳ узвашро президенти Иёлоти Муттаҳида ё сарони аҳзоби Конгресс таъйин мекунанд, вазъи диндоронро дар гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, арзёбӣ мекунад. Кумисюн мустақим ба раиси ҷумҳур, вазири умури хориҷӣ ва Конгресси Амрико тавсияҳо медиҳад ва натиҷаи онҳоро пайгирӣ менамояд.

Баъзе аз нигарониву тавсияҳои созмон чанд сол пайиҳам садо медиҳанд, аммо ба назар мерасад татбиқ намешаванд ё иҷрояшон ба таъхир уфтодааст. Худи гузоришгарон дар моҳи май гуфта буданд, ки Иёлоти Муттаҳида барои "ҳалли душвориҳое ба мисли терроризм ва қочоқи маводи мухаддир дар минтақа" ҳамкориро бо ҳукумати Тоҷикистон идома медиҳад. Маълум нест, ин дафъа пешниҳодашон пазируфта хоҳад шуд ё не.

XS
SM
MD
LG