"Агар барои пӯшидани либос ҷарима кунанд, дар кишвар озодӣ намемонад"
Бар асоси қонуни нави танзими ҷашну маросим, ки ахиран ба иҷро даромад, "овардан, фурӯхтан, тарғиб ва пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона" манъ аст. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон "либоси бегона"-ро шарҳ надодаанд, баъд аз баррасии тарҳ дар порлумон тайи амалиёте бештар занони сатру ҳиҷобдор ҳадаф қарор гирифтанд. Қонуни нав бахусус бахши пӯшидани либос баҳсу вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Гуфтугӯ