Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони милиса ё ..?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як сокини Кӯлоб бо иттиҳоми ҳамла бо корд ва захмӣ кардани корманди милисаи ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шудааст. Наздикони Алиҷони Нуралӣ мегӯянд, дар ин қазия ӯ баръакса ҷабрдида аст.

Падари ҷавоне, ки бо гумони сӯиқасд ба ҷони корманди милиса боздошт шудааст, мегӯяд, ҷабрдида баръакс фарзанди ӯст, ки дар боздошт дар вазъи баде қарор дорад.

Нуралӣ Диловаров, падари Алиҷони Нуралӣ мегӯяд, дар ҳоле фарзанди ӯро бо гумони сӯиқасд ба ҷони корманди милиса боздошт кардаанд, ки далелҳо нишон медиҳанд, баръакс худи ӯ ҳадафи латукӯб қарор гирифтааст. Нуралӣ Диловаров меафзояд, фарзандаш дар деҳаи Қарағочи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ҳамчун ронандаи таксӣ бо даъвати муштарие рафта буд, ғайриқонунӣ аз ҷониби Низомиддин Валиев, ки сокини ин деҳ будааст, лату кӯб мешавад. Ба гуфтаи ӯ, пас аз лату кӯб фарзандаш аз ҷои ҳодиса фирор мекунад, аммо ин корманди милиса пешдастӣ карда, фарзанди ӯро гумонбари ҷиноят мекунад.

Диловаров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ин ҷо кор баръакс аст. Писари ман ҷабрдида аст. Ӯ бояд ҳоло дар беморхона бошад, зеро сахт маъюб шудааст, вале ӯ дар боздоштгоҳи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ қарор дорад. Мувофиқи хулосаи пизишкон, ӯ бояд 21 рӯз табобат бигирад. Ман далелҳои зиёд дорам, ки сад дарсад бегуноҳии фарзандамро исбот мекунад. Бояд фарзандам табобат шавад, на боздошт. Ин корманди милиса мисли фарзанди ман ҷароҳат набардоштааст.»

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ба боздошти Алиҷони Нуралӣ дастур дода, додситонии ноҳия ӯро дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 32 қисми 1 ва 104 қисми 2, банди «Е»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне тайёрӣ ба ҷиноят, сӯисқасди ҷиноят ва қасди куштор бо бераҳмии махсус гумонбар медонад.

Ҳафтае пеш пас аз як занозанӣ дар наздикии деҳаи Қарағочи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ҳоло гуфта мешавад, корманди милисае дар ин моҷаро захм бардоштааст, Алиҷони Нуралӣ, сокини шаҳри Кӯлоб ва ронандаи таксӣ боздошт шуд. Тибқи иттилои расмӣ, ҳафтае пеш ин ҷавон дар наздикии деҳаи Қарағочӣ ноҳияи Ҳамадонӣ шабона бо Низомиддин Валиев, корманди шӯъбаи корҳои дохилӣ баҳс намуда, бо корд қасди куштани ӯро намудааст. Ҳоло ин корманди милиса бо зарбҳои мухталиф дар бадан дар беморхона бистарӣ ҳаст. Аммо дар беморхонаи ноҳияи Ҳамадонӣ гуфтанд, ки ҷароҳати бардоштаи корманди милиса сабук буд ва танҳо хароше аз зарби корд дар дасташ боқӣ монда, бино бар ҷиддӣ набудани зарбҳо ҳоло аз беморхона ҷавоб шудааст. Талошҳои мо барои тамос бо Низомиддин Валиев натиҷа надод.

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯянд, ҳоло тибқи муроҷиати корманди ин шӯъба ҳамчун ҷабрдида Алиҷони Нуралӣ ҳамчун ҷавобгар боздошт шудааст. Як манбаъ бидуни зикри номаш гуфт, Алиҷони Нуралӣ пас аз зиён расонидан ба корманди милиса ба Душанбе фирор карда ва як рӯз баъдаш дастгир шудааст. Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло нишондоди ҳарду тараф мухолифи ҳаманд ва то анҷоми пурраи тафтишот дар ин бора чизи бештаре гуфта намешавад.

Аз сӯи дигар, Сайвалӣ Наврӯзов, вакили дифои ҷавони боздоштшуда мегӯяд, моддае, ки бо он ин ҷавон гумонбар дониста мешавад, ғайримантиқӣ корбаст шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса як тасодуф аст ва куштор ҳам рух надодааст, ки онро тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне куштор, баррасӣ кунанд: «Моддаҳое, ки ӯро гумонбар медонанд, ҳеҷ дахле ба ин ҳодиса надоранд. Мо ҳоло маълум кардем, ки корде, ки гӯё зерҳимояи ман ба он ба милиса ҳамла кардааст, аз худи корманди милиса аст. Талаби мо ҳамин аст, ки моддаҳо иваз карда шаванд ва корманди милисса ҳам ба сифати ҷавобгар ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Бо ӯ дар ин задухӯрд дигарон низ ширкат доштаанд, ки то ҳол барои тафтишот номаълуманд. »

Ҷанги тан ба тан миёни ин корманди милиса ва ронандаи таксӣ дар ҳоле рух додаст, ки ба гуфтаи шоҳидон, гӯё Низомиддин Валиев дар тан либоси мулкӣ аз ронанда ҳуҷҷат пурсида, дар паи баҳс калиди мошини ӯро гирифтааст. Баҳси онҳо ба занозанӣ печида, акнун ин ду нафар ҳамдигарро гунаҳкор медонанд.

XS
SM
MD
LG