Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуҷуми муттаҳамони узвият дар ҲИУ ба афсарони тоҷик


Шариф Қурбонов
Шариф Қурбонов

Шариф Қурбонов, додситони Суғд, мегӯяд, ҳамла ва куштори афсари тоҷик дар шаҳри Конибодом кори дасти аъзоёни эҳтимолии Ҳаракати исломии Узбакистон аст.

Шариф Қурбонов, додситони вилояти Суғд ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "рӯзи 14 -уми январ ба нозирони роҳ дар шаҳри Конибодом афроде ҳамла овардаанд, ки қаблан бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии Ҳаракати исломии Узбакистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд."

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аллакай шахсияти гумонбарони ҳамла ва куштори пулис дар Конибодом муайян гардида, ҳангоми боздошт, як нафарашон нобуд ва дигарӣ фирор кардааст.Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ва шахсони дар он буда, ки рӯзи 14-уми январ ба афсарони пулис ҳамла овардаанд, муайян гардидаанд ва ҳангоми дастгир намудан як нафарашон нобуд шуда, дигаре фирор кардааст. Ба иттилои манбаъ гумонбарон ҳангоми боздошт ба кормандони милитсия муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд: "Аз ҷои ҳодиса яроқи ошташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт карда шуд. Барои дастгир намудани шахси дигар ва аъзоёни гурӯҳи террористӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд."

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд ба хотири гузаронидани корҳои тафтишотӣ ному насаби афроди мусаллаҳ ошкор карда намешавад.

Дар тавзеҳи ҳодиса навбатдори шӯъбаи умури дохилии шаҳри Конибодом ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, нозирони милиса нисфирӯзии 14 -уми январ як мошини тамғаи "Опел Астра"- ро барои тафтиши аснод нигаҳ доштаанд ва чун ронанда асноди лозимаро надоштааст, хостаанд, бо таҳияи ёддошт дар бораи қонуншиканӣ мошини онҳоро ба майдони ҷаримавӣ бубаранд. Аммо ронандаи мошин ва ҳамроҳаш ба нозирони милиса муқовимати мусаллаҳона нишон дода ва ба сӯи онҳо тир андохтаанд. Як афсари милиса бо номи Сӯҳроб Маҷидов дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст ва дигариро бо захми тир ба бемористон бурдаанд. Ба қавли навбатдори милиса, яке аз нозирон аз сараш ва дуввумӣ аз шонааш тир хӯрдааст.

Дар ҳамин ҳол милисаи маҷруҳ, Акбар Турсунов дар шуъбаи эҳёи бемористони шаҳри Конибодом, ба ҳуш омадааст. Наздиконаш аз қавли табибон вазъи ӯро вазнин, аммо бехатар ба ҳаёт арзёбӣ мекунанд. Яке аз наздикони вай, ки нахост номашро ошкор кунад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Турсунов аз тири силоҳи афроди номаълум аз дасташ маҷруҳ шудааст. Ҳоло кормандони интизомӣ ӯро ҳамчун шоҳиди аслии ҳодиса дар бемористон таҳти ҳимояти худ гирифтаанд ва ба ҷузъ масъулони тафтиши қазия дигар касеро наздаш раҳ намедиҳанд.

Шаҳри Конибодом, воқеъ дар наздикии марз бо Ӯзбакистон ва дар бештар 380 километрии шимоли Душанбе воқеъ шудааст. Муқовимати мусаллаҳона ба нозирони роҳ дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст.
XS
SM
MD
LG