Абдураҳим Қаҳҳоров – сардори ин ниҳод гуфт, ҳамлаварон ҳамон афроде мебошанд, ки чун аъзои ҲИУ дар таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд: «Дар вақти тафтишот аз рӯи суратҳояшон онҳоро милисаҳо ва чанд шоҳиди дигари ҳодиса шинохтанд . Инҳо истиқоматкунандагони ноҳияи Исфара мебошанд, ки бо айби фаъолият дар ҲИУ дар солҳои 2004 – 2006 нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда,то кунун таҳти пайгард қарор доштанд. Вале онҳо то имрӯз дастгир нашудаанд.»
Генерал – лейтенант Қаҳҳоров афзуд, ҳар сеи афсари милиса ҳам замони тафтиши афрод мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ба назари вай, ин ҳолат эҳтимоли ҳамлаи мусаллаҳона ба ҳадафи куштори аз қабл тарҳрезишуда кормандони интизомиро аз байн мебарад: «Чунки агар онҳо бо мақсади куштор ба милисаҳо ҳамла мекарданд, имкон доштанд ба мақсади худ ноил шаванд. Вале онҳо, ба назари ман, барои ҷони худро халос кардан ба милисаҳо тир зада, аз ҷои ҳодиса фирор карданд.»
Ҳамлаҳо ба афсарони милиса дар рӯзи 28 – уми август дар деҳаи Чоркӯҳ аз ҷониби як гурӯҳи сенафарӣ ва дар деҳаи Навгилем дар рӯзи 5 – уми сентябр аз сӯи як сокини ин маҳал сурат гирифта, се афсари милисаро захмӣ бар ҷой гузошта буд. Масъулини идораи умури дохила гумонбарони ҳамлаи аввалро ҳанӯз ошкор накардаанд, вале дар мавриди дуюм, ба гуфтаи онҳо, афсари милиса – Азизхӯҷа Тошхӯҷаевро сокини деҳаи Н. – З. Т. бо тири туфангча аз пой афкандааст. Идораи умури дохила мегӯяд, ин фард аз соли 2006 таҳти пайгард қарор гирифтааст.
Зимнан, дар солҳои 2006 – 2007, ба думболи ҳамлаҳои мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара дар моҳҳои январ ва майи соли 2006 алайҳи 50 сокини Суғд, асосан аз ноҳияи Исфара аз ҷониби додситонии вилоятӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, то кунун 26 нафар аз ин афрод бо ҳукми додгоҳ ба мӯҳлатҳои аз 5 то 29 сол ба зиндон фиристода шудаанд. Вале ҳудуди бисту панҷ тани онҳо боздошт нашуда, таҳти пайгард қарор доранд.