Бар пояи маълумоти идораи умури дохилаи Суғд, дар нимрӯзи ҷумъаи 17–уми апрел дар маркази шаҳри Исфара афроди мусаллаҳи номаълум майори милиса Боир Юлдошев, корманди бахши зудамали шӯъбаи корҳои дохилии дуюми ноҳияи мазкурро ҳадафи ҳамла қарор дода, аз туфангча ба пешонӣ ва миёни ӯ тир задаанд. Дар ҳоли ҳозир, ин афсари милиса бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара таҳти назорати табибон қарор дорад.
Мақомоти идораи умури дохилаи Суғд дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ки ҷиҳати таҳқиқи ин ҳодиса, муайян ва боздошт кардани афроди ҳамлавар як гурӯҳи вижаи кормандони интизомӣ фаъолият мебарад. Дар бораи шахсияти ҳамлаварон ва фарзияҳои сӯиқасд ба ҷони афсар чизе гуфта намешавад.
Масъулини идораи умури дохилаи шаҳри Исфара дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз натиҷаҳои аввалияи таҳқиқи ин ҳодиса ба далели халал ворид накардан ҷараёни таҳқиқ худдорӣ варзиданд. Ба гуфтаи онҳо, зимни бозбинии ҷои ҳамла як туфангчаи Макаров ва се дона тир дарёфт кардаанд.
Дар моҳҳои август ва сентябри соли 2008 низ дар ноҳияи Исфара се афсари милисаи ин маҳал аз ҷониби афроди мусаллаҳ мавриди ҳамлаҳои мусаллаҳона қарор гирифта, ҷароҳатҳои вазнин бардошта буданд. Мақомоти интизомӣ баъд аз таҳқиқи он ҳодисаҳо расман масъулияти сӯиқасд бар ҷони милисаҳоро бар дӯши гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбакистон дар ин маҳал гузоштанд.